Санаи 19 – уми апрели соли ҷорӣ дар толори намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши асарҳои эҷодии омӯзгор Бойматова Муноҷот Азамҷоновна ва донишҷӯйи курси 4 – уми ихтисоси наққошӣ – Муҳаммадҷони Ҳикматзода зери унвони «ПАЙВАНДИ МЕРОСӢ » бахшида ба 10 – солагии таъсисёбии Донишкада баргузор гардид.
Дар намоиши мазкур муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Ҳамидова Наргис Абдуқусовна ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.