06.05.2019. Дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон марҳилаи ҷамъбастии фестивал – озмуни фарҳангии донишҷӯён “Истеъдод” миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе баргузор гардида буд. Дар озмуни зикршуда Нарзуллоева Нилуфар донишҷӯйи соли дуюми ихтисоси дизайни дохили бино, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иштирок намуда дар иҷрои рақс сазовори ҷойи намоён гардид, ки бо туҳфаи хотиравӣ ва сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.