28.07.2020. Дар асоси нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар толори намоишию фарҳангии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020, соати 09:00 нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар рафти он намоянда аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаҳои “Баҳори аҷам”, “Ҷумҳурият”, “АМИТ Ховар”, “Омӯзгор”, шабакаҳои ТВ “Душанбе”, “Синамо”, “Ҷаҳоннамо” иштирок доштанд. Дар нишасти мазкур ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода баромад намуда, дар фарҷом ба саволҳои намояндагони ВАО ҷавобҳои мусбӣ ва қаноатбахшкунанда посух гардониданд.