Имрӯз, 7 феврали соли 2020 тибқи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҷамъбасти соли 2019 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он намояндаи радио, телевизион ва маҷалаю рӯзномаҳои ҷумҳурӣ ширкат доштанд.

Ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ, дотсент — Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, дар бораи фаъолияти донишкада дар давоми сол ҳисоботӣ маълумот ва инчунин ба пурсишҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб доданд.