Санъати тасвирӣ назмест,ки онро мебинанд

 ва назм тасвирест, ки онро мешунаванд.

Леонардо да Винчи

Яке аз самтњои рушдёфтаи санъати тасвирии тоҷикон аз даврони бостон санъати ороишӣ-амалӣ маҳсуб меёфт. Композитсияҳои мунаққаши равшану хос, гулдӯзиҳо, кандакории нозуку нафис ва наққошии рӯи чӯб, сикказании моҳиронаи рӯйи оҳан, ҷавоҳирот ва кулолгарии махсус барои наслҳои оянда шаклҳои аҷиби зиёд, рангҳои мафтункунанда ва қиссаву ривоёти рангинро нисбат ба ҳаёти халқ, таърих ва фарҳанги он мерос гузоштаанд.

Солҳои 20-30-юми асри ХХ дар робита бо таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон масъалаи ташкил додани фарҳанги нав ва зарурати тарбияи мутахассисони соҳаи мазкур ба миён омад. Маҳз дар ҳамин давра санъати тасвирии муосири тоҷик эҳё гашта, жанрҳои нави он зинданигорӣ, қаламнигорӣ, ҳайкалтарошӣ, санъати ороишию амалӣ ташаккул ёфтаанд.

Дар оғози асри ХХI рассомон Ф. Хоҷаев, А Отахонов, Г. Ҷӯраев, А. Миршакаров, М. Бекназаров, Б. Одиназода, К. Наҷмиддинов, М. Холов, Ф. Некматзода, Н. Эшонова, М. Мирмуҳаммадов, И. Мамадҷонов, Д. Мехтоҷов, Р. Рақибов, Э. Олимов, Р. Рӯзибоев, З. Давлатшоева, Б. Ғаниев, Н. Ҳомидова, У. Мардихудоева, Б. Забиров ва дигарон бо шаклу услуби хоси тасвир ба мавзӯъҳои гуногуни санъати мардумӣ рӯ оварданд.

Яке аз чунин рассомони шинохта ва сермаҳсули тоҷик Муриват Бекназаров мебошад, ки дар жанрҳои рангнигорӣ ва қаламкорӣ эҷод менамояд. Асари ӯ “Гаҳвора” (с.1998) шакли дохилии хонаи тоҷикро ба љилва меоварад, ки дар он модар дар назди гаҳвораи писараш ва се аъзои оила тасвир ёфтаст.

Дар девори хона кашидадӯзии калонест, ки аз рӯи расм ва нақш ба тоҷикони шимоли ҷумҳурӣ тааллуқ дошта, мазмуну мундариҷаи асарро пурратар менамояд. Ин нақш боз дар асари «Занҳои ҳунарманд» (с.2012) акси худро бо тарзу сохти дигар, яъне се зани ҳунарманд дар даст матоъ ҳамсӯҳбатанд, зоҳир намудааст. Кашидадӯзии барии девор дорои нақшҳои қадимӣ буда, ба кадом мањал мутааллиқ будани хонаро мефаҳмонад.

Мусаввири дигари шинохтаи тоҷик, хатмкардаи институти театрӣ- бадеии шаҳри Тошканд ба номи Николай Островский Одиназода Бахтиёр Эмомалӣ низ аз зумраи онҳоест, ки дар жанрҳои рангнигорӣ (живопись), қаламнигорӣ (графика), кулолгарии бадеӣ (керамика) асарҳои зиёде эҷод намудааст.

Ҳама намуди ҳунарҳои мардумӣ ба санъати ороишию амалӣ мансуб буда, мувофиқи табъу завқи ҳар шахс офарида мешаванд ва ба таъмини маишату рӯзгори мардум нигаронда шудаанд. Офаридањои Бахтиёр Одиназода таљассумкунандаи зебоињои пурғановат ва арзишњои мадании тоҷикон мебошанд. Ба ин асари “Занони кулолгар” (соли 2000), ки дар он бо шаклу услуби хоси рангпардозӣ ҳаёти занони кӯзасози кӯҳистони тоҷик тасвир ёфтааст, мисол шуда метавонад.

Дар рӯи ҳавлӣ кӯзаҳои зиёде бо нақшу нигори хоси қадима қарор доранд, ки аз қадимӣ будани ин касб ба бинандагони имрӯза дарак медиҳад. Ин мавзӯъ, яъне “Занони кулолгар” дар эҷодиёти дигар рассомони тоҷик мушоњида нашудааст.

Мусаввараи “Тоҷикдухтар”, ки дар он манзараи имрӯзаи деҳоти тоҷик бо рустоизан дар либоси миллӣ ва болои сар табақи анор тасвир ёфтааст, хеле реалӣ ва љолиб аст. Болои сар бурдани бору анҷоми нисбатан сабук урфу одати ба худ хоси занони кӯҳистони тоҷикро нишон медиҳад.

Дар ин асар унсурҳои миллии қадима дар зоҳиру ботини қаҳрамон таҷассум ёфтааст. Зан бо сару либоси қадимаи миллӣ — чакан, рӯймоли гулдӯзӣ, гӯшвора ва гарданбанди аз мӯҳраҳои майда сохташуда ба тасвир омадааст, ки аз бо тайёрии пешакӣ ба меҳмонӣ рафтани он гувоҳӣ медиҳад. Куртаи чакани бо услуби қадима дӯхташуда як ҳусни дигаре ба қаҳрамони асар зам намудааст.

     Дар мусаввараҳои “Дарахти ҳаёт” (2003), ”Фаслҳои сол” (2007) мусаввир бо услуби ба худ хос олами ботинии худро ба рӯи сафҳа рехтааст. “Дарахти ҳаёт” ва “ Фаслҳои сол”-и ӯ аз замини аљдодӣ, аз дудаи (решаи) ориёӣ маншаъ гирифта, то ба имрӯз сабзида расидааст ва сабзу бардавом хоҳад монд. Дар “Дарахти ҳаёт” лона ва дар даруни он се дона тухм тасвир шудааст, ки рамзи бардавомии насл мебошад.

Дар ҳар дуи ин мусаввараҳо фалсафаи ҳаёт – диалектикаи зиндагӣ қаламдод шудааст, ки моро ба умқи асрҳои антиқа мебарад. Сирри таъсирнокии ин тасвирҳо шояд дар он бошад, ки  ҳама бо нақшҳои чакан оро дода шудаанд ва чакан худ таърихи беш аз 2500-сола дорад. Бешубња, сарзамине, ки бо нақшҳои гуногунранги чакан дар ин ду мусаввара тасвир шудааст, сарзамини ориёист – макони хирад, нангу ғурур, касбу ҳунарҳои аҷдодӣ.

Дар мусаввараҳои “Натюрморти тоҷикӣ” (соли 2006), “Натюрморти тоҷикӣ”(соли 2005) тасвири нақши доирашакли гулдӯзии қадимаи чакан бо кӯзаҳои гуногуншаклу гуногунандоза, пиёла, табақча ва себ, ки хоси тоҷикони ҷануб ва дар асари дигар гулдӯзии қадимаи сурхи овезон дар таг гулдӯзии сафед (рӯпӯши кӯрпаҳои хона) дар болояш як кӯзаи сафолини гарданаш тармимшуда бо носкадуҳои қадимаи мунаққаш ва кадуи обнӯшии гардандароз тасвир ёфтааст, ки ин хоси тоҷикони шимолӣ мебошад. Дар ин ду мусаввара муаллиф касбу кор, одат, шуғли қадимаи тоҷиконро тасвир намудааст.

Лӯхтаксозӣ аз гилу матоъ ва ресмонҳои гуногун аз қадим хоси мардуми тоҷик аст. Дар асари “Лӯхтакҳо” (соли 2008) дар болои матои сурхи бо тарзи чакан дӯхташуда ду лӯхтаки қадима – яке писар бо ҷомаи беқасаб, куртаи сафед, миёнбанди зард, бо каллаи гирди сафед, бо ресмонҳои кабуд, сафед, сурх дар шакли салиб, дигаре духтар бо либоси қадимаи гулдӯзӣ, курати сафеди тагпӯш, бо каллаи гирди сафед, бо ресмонҳои сабзу кабуд дар шакли салиб тасвир ёфтаанд. Муаллиф ба имрӯзиён фаҳмонданист, ки мо таъриху фарҳанги қадима дорем, бояд онро насли имрӯза донад, ҳифз намояд ва давом диҳад.

Асари дигаре, ки бо тарзи рангпардозии зебо қадимиву замонавӣ будани яке аз ҷашнҳои мардуми моро бо як дидан, бо як сухан муайян менамояд, мусаввараи “Наврӯз” (соли 2012) мебошад. Дар байни мусаввара се духтари чаканпӯш дар зери навои мусиқии карнаю доира мерақсанд ва дар чор тараф гулдӯзиҳои гуногуни чакан тасвири зебое ёфтаанд, ки ба ҳамагон шаҳодат медиҳанд:

Гулафшон гашт аз нав зиндагонӣ,

Бишуд Наврӯзи фаррухпай ҷаҳонӣ!

Яке аз қисматҳои дигари эҷодиёти Бахтиёр Одиназода ҳунарпардозӣ дар соҳаи сафоли бадеӣ мебошад. Дар ин ҷодаи ҳунар вай кайҳо муваффақ шудааст. Асари ӯ бо номи “Духтари кӯлобӣ” (с.2000), ки дар он духтар бо рӯймоли қадимаи гулдӯзӣ, куртаи чакан, бо чашмони пӯшида тасвир ёфтааст, бинандаро бевосита ба худ ҷалб намуда, ба фикр водор месозад.

Бисёр ҷузъиёти дарки олами зебоӣ дар асарҳои Бахтиёр Одиназода бо омезиши нақшу нигори миллӣ тасвири реалии худро ёфтааст. Асарҳои “Анора” (с. 2004), ”Субҳи декабр” (с.2005),” Анорҳо”, ”Натюрморт бо лимонҳо”, “Мусиқачӣ”, ”Саҳар” (с.2006), ”Рӯзи тафсон”, ”Натюрморти шарқӣ” (с.2003), ”Навозанда” (с.2010) ва ғайраҳо ба ин мисол шуда метавонанд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки муаллиф ба таъриху фарҳанги миллати худ меҳру муҳаббати беандоза дорад.

Хулоса, ҳунарҳои мардумӣ ва нақшу нигори миллӣ имрӯзҳо ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллат, муаррификунандаи сарватҳои рӯҳию моддии халқ мебошанд, ки фазои эҷодии мамлакатро бой гардонида, бо арзишҳои фарҳангӣ таъмин менамояд. Намоянда ва пешбарандаи ин зебоиҳо рассомон, шахсони ҳунарманд ва эҷодӣ ҳастанд, ки дар ҳақиқат нигаҳбон ва давомдиҳандаи анъанаҳои бисёрасраи аҷдодони мо мебошанд.

 

Ҳокимхон Шокиров,

муаллими калони кафедраи “Забонҳо

                       ва фанҳои гуманитарӣ”- и ДДСТДТ