Рисолати театр аз азал дар радифи тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ифода намудани рӯҳи замон, инъикос ёфтани набзу таҳаввулоти рӯз буду ҳаст. Театр воқеан ҳам мактаб аст ва ҳар як намоиши он китоби зиндаву гӯё, китоби андарзу сабақи рӯзгор мебошад, ки тамошобинонро ба сӯи некиву ҳақиқат, садоқату муҳаббат, инсондӯстиву ватанхоҳӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ ҳидоят менамояд.
Санаи 10.02.2021 омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада дар театри Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ” намоиши наверо аз рӯи асари дромнависи муосири тоҷик Раҷабалӣ Қудратов бо номи “Ишқи Ватан” тамошо намуданд. Намоиш ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуда, он аз рӯзгору фаъолияти шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ қисса мекард.