Истиқболи гарму самимӣ аз намоиши асарҳои миниатюрнигори тоҷик, арбоби ҳунари Тоҷикистон Камолзода Олим
14 сентябр дар толори калони маҷлисҳо ва намоишҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ПАЙРАВОНИ КАМОЛЛИДИНИ БЕҲЗОД. МИНИАТЮРАИ ТОҶИК» намоиши асарҳои рассом Камолзода Олим ва шогирдонаш барпо гардид.
Намоишро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат кушода, меҳмононро “хайра мақдам” гуфт. Сипас, меҳмонону устодон ва ҳаводорон доир ба санъати баланди устод Камолзода Олим ва шогирдонаш ҷиҳати дар сатҳи баланд эҷод намудани ассарҳои миниатюра суханронӣ намуданд.
Дар охир Камолзода Олим ба роҳбарияти Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои ташкили чунин як намоиши муҳташам миннатдорӣ баён намуда, ҷамъи аҳли толорро ба тамошои асарҳояш, ки бари деворҳои толори калонро пур карда буданд, даъват намуд.