20.11.2018. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи аввалин чархи НБО-и Роғун аз санаи 20-ум то 27-уми ноябри соли 2018 дар толори Осорхона ва китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода намоиши корҳои эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯён, аз ҷумла муди либос, таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”  низ баргузор гардид.
Дар он беш аз 100 нафар меҳмон аз шаҳри Душанбе  ва ноҳияҳои тобеъи марказ иштирок намуданд. Намоишро ректори донишкада Ғанизода Ҷ. ҳусни оғоз бахшида, аз таърихи донишкада маълумоти муфассал доданд. Инчунин дар кушодашавии намоиши мазкур раиси шаҳри Турсунзода Вализода С., муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Давлатзода М. ширкат доштанд.