Рӯзи 25-уми ноябри соли 2022 дар толори калони намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 10-солагии Донишкада асарҳои рассомони ҷавон: декани факултети санъати тасвирӣ Воҳидзода Меҳриддин Абдусаид ва омӯзгори кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ Боронова Саодат Боймаҳмадовна таҳти унвони»ПАЙВАНДИ ҚАЛБҲО» баргузор гардид.
Дар толор 36 асар ба намоиш гузошта шуданд.
Намоишро ректори Донишкада профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ифтитоҳ намуда, аз эҷодиёти устодони Донишкада ва фаъолияти онҳо дар соҳаи санъати тасвирӣ таъкид намуданд.
Сипас, муовини якуми вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Назариён Обид Одилзода, рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Сабзалӣ Муродзодаи Шариф, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Хамидова, раиси Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон Ҳақдодов Сафар, декани факултети дизайн профессор Холов Мизроб ва омӯзгори Коллеҷи рассомии ҷумҳуриявии ба номи Мирзораҳмат Олимов Мухторова Сабоҳат баромад намуда, Воҳидзода ва Бороноваро бо кушодашавии намоиши асарҳояшон, ки дастовардҳои онҳо дар давоми 5 соли охир мебошад, табрик гуфтанд.
Лаҳзаҳо аз рафти намоиш: