Наврӯзи аҷам зинда кунад, хоки куҳанро,

Аз нав бикунад ҷома бар тан боғу чаманро.

Аз партави хуршед замин гарму чаман гарм,

Аз ҳиммати найсон дили деҳқони Ватан гарм.

Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе, ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд.

Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабурӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи кишту кори деҳқон ба шумор меравад. Наврӯз бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон шояд тамоми ҳақро дорад, ки соли Нави худро аз Наврӯз сар кунад.

Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳар иде аз ҷумла иди  Наврӯз дар Тоҷикистон бо рӯҳи сиёсӣ доир карда мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Аммо, бархе аз муҳaқиқони ойинҳои Наврӯзӣ бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мардумони Осиёи Марказӣ равобити хуби таърихӣ доштанд, ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабони минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа узбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳo ва туркменҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофӣ густариш ёфтаааст. Ҳоло, ки дар шаҳрҳои марказӣ: Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термиз, Деҳнав, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми таҳҷоии ин манотиқ тоҷик ҳастанд, суннат ва анъаноти Наврӯз ҳифз шуда ва мардуми ӯзбек низ бочунин расм аз Наврӯз таҷлил ба амал меоранд. Дар манотиқи мухталифи Ӯзбекистон ғазои наврӯзӣ,  суманак омода карда мешавад, ки мардуми ин кишвар сумалак мегӯянд.

Фарҳанги асили ҳар як халқу миллат, пеш аз ҳама, бо ривояту устура. андешаҳои мардумӣ анънаҳои миллӣ, маорифи динию фазилатҳои ахлоқии дар тӯли асрҳо шакл ёфта аз назари таърихию фарҳангӣ шомили мазмунҳои рамзию тамсилҳои дорои хусусияти табиию иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинию  кайҳоншиносӣ таҷассум меёбад,ки онҳоро тавассути  таҷлили ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ таъбиру  таъвил ва арзёбӣ намудан мумкин аст. Ба ин маънӣ, ягон миллат хеҷгоҳ ба як наслу ду насл ташаккул нахоҳад ёфт. он аз силсилаи пайвастаи наслҳое иборат мебошад, ки дар таьрих баробари созмонҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ниҳодҳои  фарҳангию маърифатӣ таҷассуми ҳувияти миллӣ ва мардумии ҳар як халку миллат арзёбӣ  мешавад.

Наврӯз  аз  зумраи ҷашнҳои қадима маҳсуб гардида,ба қавле пайдоиши он ба замони  ҳазрати Одам ва Кайумарс, ба пиндори дигар, ба даврони Ҷамшед, ба фикри сеюм ва чаҳорум ба асри зардуштиён рост меояд ва боз андешаҳое  ҳам  роиҷанд, ки асрҳо мардумон онро гиромӣ медоранд ва чун бо баҳор тавъам  меояду сари сол аст, ҷашни баҳору ҷашни Соли нав низ қаламдод мешавад.

Лаълчҳубаи Мирзоҳасан, садри шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. доир ба Наврӯз ва баъзе вижагихои таҷлили он дар Бадахшон чунин ибрози назар менамояд:

-Аллома Димишқӣ дар китоби «Наҳбат-уд-даҳр» изҳор кардааст: Наврӯз, ки иди бостонист ва ҳавзаи фарогирии он борҳо тағир хӯрда, хеле фарох аст. Наврӯз аз айёме , ки чархи гардун ба гардиш омадаст, яъне аз он даврае, ки чамияти инсонӣ  пайдо шудааст,тачлил мешавад.

Бо гузашти замон маросимҳои наврӯзӣ  шомили орзую омоли бани башар гардидаанд.Масалан, маълум аст, ки  адади “ҳафтсин” дар миёни мардум бо хосияти хеш муътабар дониста мешавад. Дар иди Наврӯз низ ин адад мақом пайдо кард ва дар рӯйи дастархони наврӯзӣ  хӯрданиҳое мегузоштанд, ки  бо ҳарфи «син» шуруъ мегарданд; сир, сипанд, сирко, санҷид, себ, суманак. Аммо бештар аз ин « ҳаштшин» маъмул буд: шаҳд, шакар,шир, шароб, шамшод.Ин рубоии мардумӣ ифодагари иддаои мост.

Ҷашни Наврӯз аз замони Каён.

Мениҳоданд мардуми Эрон:

                 Шамъу шамшоду шоду шоя андар хон.

          Шаҳду ширу шаробу шаккари ноб.

Қабл аэ Наврӯз ду масъалаи муҳим дар рӯзҳои арафаи наврӯзи анчом мешуд, ки онҳо вобаста ба чашни Наврӯз мебошанд.Масъалаи аввал, омадагӣ ба чашни Наврӯзи хучастапай, зеро ин омодагӣ на танҳо аз харидории масолеҳи пухтупази наврӯзӣ, сабзонидани сабза ва ҳубоботи гуногун, балки анҷоми як силсила корҳое ба мисли хонатакониӣ, рангомезию поксозии дару девори хона, тоза намудани ҷуйборҳо ва дигар амалиёти наззофатию ташрифотӣ низ бояд дар ҳамин рӯзҳои арафаи наврӯзӣ анҷом гарданд.

Ниёгони мо бар ин ақида буданд, ки фарорасии соли нав (Наврӯз) ҳама  бояд поку тамиз бошанд ва дар ҳар хонавода ғубори куҳнагӣ дар ҳеҷ xона набояд боқӣ бимонад .

Масъалаи дуюме, ки дар боло ба он ишора рафт, гузаронидани иддае аз чашну мараосимхои пеш аз наврӯзист, ки  онҳо ба таркиби ташрифоти ҷашни Наврӯз дохил шудаанд. Онҳо шомили як силсилаи  маросимҳои суннатӣ аз қабили Чаҳоршанбеи  сурӣ,Мири наврӯзӣ ва дигар маросимҳои хурди хошиявӣ мебошанд, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ниёгони мо онҳоро баргузор менамуданд.

Аз чигунагии баргузории ин чашн  дар ахди қадим иттилооти зиёде то ба рӯзгори мо бокӣ намондааст. Ин чашн дар аҳди Сосониён панч рӯз кабл аз Наврӯз шуруъ мешудаст.Мохияти  ин ҷашн аз он иборат буда, ки фраваҳар (руҳ)-хое,ки баъди фавти инсон аз колбади  ӯ чудо шуд , дар олами улвӣ хамчун накӯкор карор мегирифтанд, дар ин рӯзҳо ба афрохтани оташ дар болои бомхо барои аёдат ба хонаю кошонаи худ фуруд меомаданд. Ба ҳамин иллат дар адабиёти гоҳшумори муҳакқиқон чашни Наврӯзро ҷашни фравахрҳо ё арвоҳи инсон низ номидаанд, ки ин ниёпарастии ахди қадимро ифода мекунад.Баробари чароғ афрӯхтан дар хонаву оташ афрӯхтан дар болои бом дар ҳудуди Осиёи Миёна, Эрони бостон ёди мурдагонро гиромӣ медоштанд.

Натиҷаи чунин муколамаи фарҳангӣ буда, ки дар- 17 роҷеъ ба ташрифот ва баргузории ҷашни Наврӯз байни шоҳ Султон Ҳусайн, Муҳаммадшоҳи ҳиндӣ ва Султони Иброҳими Усмонӣ аз ҳайси шукӯҳу ҷалол ва ба як дигар рақобат доштанд. Ин ид дар сарзамини Осиёи Сағир, дар қисмати шимолии он аз ҷумла дар Лидия Фригия ва баъзе шаҳрҳои Юнон, ки як вақто зери тасарруфи бе воситаи Ҳахоманишиён Сосониён буда ҷашн гирифта мешуд. Ҷашни Наврӯз дар замони Ғазнавиён дар Ҳиндустон ба ҳукми анъана даромада дар аҳди Темуриён ба авҷи худ расид. Ҷашни Наврӯз ин қадар хотирмон буда, ки дигар салотини темурӣ низ ба он тақлид намуда баргузории ҷашни Наврӯзро тавассути Акбаршоҳро хеле аз муҳаққиқон низ бо истисно ба маъхазҳо ва  пеш аз ҳама, ба “Акбарнома” зикр намудаанд.

Абдулҳамиди Лоҳурӣ дар асари худ «Подшоҳнома» дар мавриди ҳаштумин соли ҷулуси Шоҳиҷаҳон ва ҷашнгирии Наврӯзро тасвир карда, аз ҷумла қайд намудааст, ки нахустин ҷашни наврӯзӣ дар аҳди ин шоҳ таҳти унвони «Ҷашни масирратафзои наврӯзи Оламоро» баргузор шуда буд. Ӯ махсусан, ба ороиши наврӯзӣ аҳамият дода, бо фаршҳои рангорангу махмалҳои зарбофту пардаҳои фарангӣ, дебои румию чинӣ, зарбофти гуҷаротию чинӣ зинат додани наврӯзгоҳро қайд намудааст.

                                         Зи даҳ хаймаҳои бирешимтаноб,

                                              Дар ӯ фарши зарбофт беш аз ҳисоб.

                                     Ҳама пардаҳо дибои шустарӣ,

                                    Ҳама фаршҳо сандусу абқарӣ.

                                             Чунон нақшҳо карда бар вай нигор,

                                            Ки наққоши Чин гашта з-ӯ шармсор.

        Наврӯз оинаест, ки забону замонҳои ҷаҳони офаринишро бозтоб медиҳад, ҳалқаҳои пайванди қавму миллатҳои ҳамфарҳангу ҳамтаърих ва ҳамтақдирро таҳким мебахшад, ҷашни бузурги Наврӯз дар воқеъ, ваҳдатгарои халқу миллатҳои гуногун мебошад ва ин маънӣ, ин иди миллӣ дар тӯли таърих на фақат халқу миллатҳо, балки андешаву гуфтору кирдори онҳоро низ бо ҳам сахт пайвастааст, мо инро пеш аз ҳама, дар мисоли ҳамоҳангиюу ҳамчунин маросими ҷашнгирии иди Наврӯз дар Осиёи Миёна мушоҳида карда метавонем.

Асосгузори назми классики форс- тоҷик  Абуабдуллои Рӯдакӣ аввалин вассофи баҳор ва ҷашни Наврӯз ба шумор меравад. Ҳамасрони ӯ низ дар васфи сабзаву баҳор, манзараҳои ҷолиби табиат баҳория ва шеъру достонҳои зиёд иншо намудаанд.

Ҳамин тариқ, Наврӯз ҳамчун Соли нав дар қаъри давру замонҳои дури ниёгонамон по ба арсаи вуҷуд ниҳода, дар масири ташаккулу инкишофаш давраи боззоии мудовими табиат ва аз ин тариқ, ҷараёни таквини оламро дар худ таҷассум намуда, дар тӯли асрҳо гоҳ давраҳои номусоиду тундбодҳои решабарандози замона  ва гоҳо фазои неку авзои мувофиқу мусоидро аз сар гузаронида, то бар рӯзгори мо омада расидааст. Ин ҷашни мардумӣ, ки аҷдоди орёии мо бароямон мерос гузоштааст, ифодаи ҳувийяти миллию фарҳангие  мебошад, ки шахсияти афроди ҷомеаи ҳамаи наслҳои таърихии мо бо ширкату васлат ба он ҳиссагузор мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши ҷашни Наврӯз ва дигар идҳои солонаи аҷдодӣ, ҳамчунин таҷлили онҳо яке аз масъалаҳои муҳими худшиносиюу хештаншиносӣ ва комёб шудан ба умқи ниҳодҳои фарҳангу тамаддуни саршор аз ғановату муқаддаси мо хоҳад буд.

Ин ҳама хусусиятҳову суннатҳои наврузӣ барои ба эътидол овардани ин оламу офариниши олам дар ҷаҳони инсонҳо ба монанде, ки Наврӯз шабу рӯзро баробар менамояд,  ва бе мубоҳиса ҳар як амалеро, ки мо дар иди Шогуни баҳор анҷом медиҳем, ин фоли нек барои зиндагии инсоният аз аввали фасли соли солшумории шамсӣ дарак медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар донишкадаи санъати тасвири ва дизайни Тоҷикистон  иди Наврӯзро бо як шукӯҳу шаҳомати баланд таҷлил мегардад ва ҷои гуфтанист, ки хатмкунандагони ҳар як ихтисос минҷумла: кандакорон, наққошон, рассомон,тарроҳони либос дар рисолаҳои дипломиашон  иди Наврӯзро таҷассум мекунанд. Намунаи ин гуфтаҳо дар мусаввараи зерин, ки таҷассуми Наврӯз дар кандакорӣ нақш ёфтааст. Кандакор аз уҳдаи композитсияи асар бо хубӣ баромадааст.

Асосан. кандакорӣ кардан аввал лозим аст, андозагирии аниқ ва дар андозаи аниқ устухонбандӣ (композиция) кардани гулҳои ислимӣ, ва зомоорфӣ истифода бурда рӯи нақш овардааст. Бояд ба назар гирифт ба ғафсии ва андозаи чӯбҳо, ки ҳар дарахт дар  худ хосият ва нозукиҳо дорад. Асоси мавзӯъи асар бо кандани нақши дар рӯи лавҳа мувофиқат мекунад. Аз рӯи маслиҳати устод Саидов Маҳмуд асари мо “ Асари сегонаи Наврӯз “ ном гирифт, нақшро бояд чунон устокоронна нақш бандем, ки ба мавзӯъи интихобкардаамон мутобиқат намояд. Дар инҷо албатта аз наққошиҳои кандакорони гузашта, ки ба мо мерос мондааст, рӯи кандакорӣ овардем. Аз нақшҳои ислимӣ ва зомоорфӣ, чуноне, ки дар намоя омадааст, суманак рамзи наврӯзӣ, гулхои баҳорӣ, парасту ва шабпарак, ки аз зиндашавии табиат дар  фасли баҳор дарак медиҳанд, дар рӯи чӯб инъикос намудем.

Мудири китобхонаи   ДДСД ДТ                                  Ёғибекова Бика.