Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ки 30 апрел баргузор гардид, чор масъалаи асосӣ – ҳисоботи раисони комиссияҳои аттестатсионии хатм ва фанҳои тахассусӣ Додхудоева Л., Мамадҷонова С., Муқимов Р., маълумоти мудири шуъбаи илм ва корҳои эҷодии донишкада Қобилова М. дар бораи натиҷаи конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Эҷодиёт ва рушд”, ахбороти мудирони кафедраҳои забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Усмонов С. ва санъатшиносӣ Сайфуллоева Ш. оид ба вазъи таълими фанҳои ҷомеашиносӣ, ҳисоботи мудири кафедраи санъатшиносӣ Сайфуллоева Ш. дар бораи фаъолияти кафедраи санъатшиносӣ “ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокима ва таҳлил қарор дода, аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.