Варзиш

 Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба шарафи 28-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ миёни факултетҳои санъати тасвирӣ ва дизайн аз рӯи се намуд — дастхобонӣ, бандкашӣ ва волейбол мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид.

Дар дастхобонӣ ҷойи якумро Хусрав Исматов (аз факултети санъати тасвирӣ) ишғол намуда, ҷойи дуюм ва сеюм насиби донишҷӯёни факултети  дизайн Сайфулло Зокиров ва М. Каримов (аз факултети дизайн) гардид.

Аз рӯи намуди бозии бандкашӣ донишҷӯёни факултети дизайн ҷойи аввал ва факултети санъати тасвирӣ ҷойи дуюмро гирифтанд.

Дар бозии волейбол дастаи донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ба ҷойи якум ва факултети дизайн ба ҷойи дуюм баромад.

Дар охир раёсати донишкада ҳунари варзишгаронро қадрдонӣ намуда, дастаи дар ҷамъбати ҳарсе намуди бозӣ ғолибомадаро  бо Ҷоми мусобиқа ва дастаи ҷойи дуюм ишғолкардаро бо Сипоснома қадрдонӣ намуд.