Тавре аз адабиёти махсус бармеояд, коррупсия мафҳуме мебошад, ки бар хилофи қонунгузорӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ барои манфиатҳои шахсӣ истифода намудани шахси мансабдор аз ваколатҳо ва ҳуқуқҳои вогузоркардашуда ва ришваситониро инъикос мекунад. Коррупсия дар бархӯрди амали воқеии шахси мансабдор ва манфиатҳои корафтода, инчунин дар зиддияти амали шахси мансабдор ва манфиатҳои ҷомеа зоҳир мегардад. Коррупсия аз ҷумлаи амалҳои номатлубе мебошад, ки садди рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мегардад.

Муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва амалишавии он аз иродаи олии роҳбарияти давлат оғоз гардида, самаранокии муқовимат ба он аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад.

Асосан мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин кам намудани содиршавии чунин қонуншиканиҳо ва бартарафсозии оқибатҳои онро дар бар мегирад.

Бо шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, дар амалишавии он тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб фаъол гардидааст.

Рӯзмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия гардидааст ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешидааст.

Дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия ба шумор меравад. Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст. Дар ин самт инчунин ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ –Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудааст.

Баҳри ташаккули фаъолияти мақсаднок дар самти муқовимат ба коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, таҳти №34 бори аввал “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ба тасвиб расидааст ва баъди ба охир расидани муҳлати амали он, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардидааст.

Дар назар аст, ки дар натиҷаи татбиқи ин ҳуҷҷатҳо сатҳи коррупсия дар кишвар паст гардида, шароит барои рушди иқтисодӣ, инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум фароҳам оварда мешавад. Вазифаи ҳар як ташкилот ва кормандони он аст, ки дар самти истифодаи самараноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявӣ, таъмини огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, фошнамоии ҷиноятҳои коррупсионӣ бетараф набошанд. Танҳо дар ин ҳолат ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа имкон мегардад, ки натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда шавад ва зуҳуроти коррупсия коҳиш ёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи мазкур зикр кардаанд, ки “мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад.  Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”.

Ин суханҳоро мо бояд сармашқи фаъолияти худ дониста, дар кишвар ин падидаи номатлубро бартараф намоем ва пояҳои истиқлолияти давлатии Ватани азизамон – Тоҷикистонро қавӣ гардонида,  ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ  ва фазои озоди бунёдкориву созандагиро фароҳам оварем.

Дар фаъолияти муқовимат ба коррупсия, ки ҷузъи муҳимми сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дастҷамъона мубориза барем.

 

Таҳиягарон:

омӯзгорони Кафедраи технологияи

иттилоотӣ ва иқтисоди ДДСТДТ

Наҷмиддинзода А.Ю., Шарофуддинзода С.С.