Санаи 05.10.2020 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба “Рўзи забони давлатӣ”, “Рӯзи омӯзгорон”  чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоалиев Н., Ректори донишкада Ғанизода Ҷ.Ш., инчунин ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.