Мизи мудавваре, ки дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи санъатшиносӣ бахшида ба 90-солагии Арбоби хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон, Рассоми халқии Тоҷикистон шодравон Зуҳур Нурҷонович Ҳабибуллоев барпо гардид, дар атрофи худ дӯстону ҳамкорону ҳампешагон ва шогирдони ӯро гирд овард.

Дар оғоз ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, ки аз шарафи ҳамкорию шогирдӣ бо Зуҳур Ҳабибуллоев баҳраманд гардидааст, аз истеъдоди фавқулода, хислатҳои наҷиби инсонӣ ва хизматҳои шоёни таҳсини мавсуф дар пешбурди санъати рассомии тоҷик ёдовар  шуда,  риштаи суханро ба дигар ҳамкорону шогирдони устоди зиндаёд дод.

Мудири кафедраи санъатшиносии донишкада Сайфуллоева Ш.И. ва рассом М. Улҷабоева доир ба фаъолияти эҷодии Зуҳур Ҳабибуллоев ва саҳми ӯ дар рушди санъати тасвирии тоҷик бо маърӯза баромад карда, сипас гурӯҳе аз ҳамкорон, дӯстон ва шогирдони рассом, аз ҷумла, Рассоми халқии Тоҷикистон, лауреати Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф, Арбобони ҳунари Тоҷикистон Мизроб Холов ва Акмал Миршакар, рассом, номзади илмҳои таърих Бахтиёр Одиназода, рассом-дизайнер Н. Ширинҷонов ва Давлатёр Шералиев аз устоди беназири олами санъати рассомии тоҷик Зуҳур Ҳабибуллоев ёдоварӣ карда, рӯҳашро шод гардониданд.

Зуҳур Нурҷонович Ҳабибуллоев 4 январи соли 1932 дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) таваллуд шуда, 8 апрели соли 2013 вафот кардааст.

Ҷолиби зикр аст, ки ташкили чунин мизҳои мудаввар ба эҳтиром ва бузургдошти устодони санъати тасвирӣ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст.