Дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ташаббуси бахши ҷавонон бахшида ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мизи мудаввар барпо гардид.

Ба чорабинӣ мудири бахши ҷавонони донишкада Наврӯз Саидов ифтитоҳ бахшида, дар назди ҳозирин оид ба аҳамият ва муҳимияти ин ҳуҷҷати раҳнамою тақдирсози  Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуқуқшиноси донишкада Зайналобиддин Қурбонов муфассал суханронӣ намуд. Сипас донишҷӯёни факултаи санъати тасвирӣ Абдусамад Саидов, Инъомиддин Сангов ва Шукриоллоҳ Қаландарзода доир ба паҳлуҳои муҳимтарини Конститутсия маърӯза карданд.

Дар охир миёни иштирокчиёни Мизи мудаввар перомуни мавзуи матраҳ пурсишу посухҳо радду бадал шуданд.