Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии “Дизайн”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур як масъалаи асосӣ – ҳисоботии раиси ташкилот Ғанизода Ҷ.Ш. доир ба фаъолияти ташкилот дар семоҳаи аввали соли 2021 шунида шуд.
Зикр гардид, ки ташкилот тибқи ба роҳбарӣ гирифтани дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб, талаботҳо ва санадҳои ҳизбиро дар амал татбиқ намуда, семоҳаи соли 2021-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуд. Ҷиҳати амалӣ гардонидани нақшаҳои созандаи роҳбари давлат, раиси ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъмини рушди муназзами соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва зиндагии шоистаи сокинони он корҳои зиёде ба иҷро расонида шуданд. Дар ин давра бо бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонони собитқадаму сазовор афзуд.
Дар ин раванд, мо масъулияти тарбияи ҷавонони эҷодкору дорои неруи зеҳнӣ дошта, мутахассисони соҳибкасби дараҷаи олиро ба уҳда гирифтаем, гуфт Ғанизода Ҷ. Ш. ва афзуд, ки Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ки дар давоми ҳашт соли фаъолияти худ ҳамчун мактаби олии касбӣ ташаккул ёфта, имрӯз дар низоми муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойи сазоворро ишғол менамояд, ташвиқу таблиғи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши қарорҳои Анҷуманҳо ва семинарҳои омӯзишии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур хуб ба роҳ монда шудааст. Дар семоҳаи соли 2021 дар асоси нақшаи чорабиниҳо вобаста ба санаҳои касбию таърихӣ чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ карда шуда, онҳо дар сатҳу сифати тоза бо ҷалби васеи аъзои ҳизб гузаронида шуданд. Аъзои ҳизб, ҳамеша дар чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ фаъолона иштирок менамоянд. Хусусан, дар семоҳаи соли 2021 дар донишкада зиёда аз 20 чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, илмию эҷодӣ бо иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб баргузор гардиданд.
Инчунин гуфта шуд, ки дар баробари донишандӯзӣ, азбар кардани касбият донишҷӯёни мо – кадрҳои ояндаи соҳаҳои фарҳангу маориф – бояд дорои тарбияи хуби маънавӣ, одобу ахлоқи шоиста, ҳиссиёти баланди ватандӯстию арҷгузорӣ ба таърихи ниёгон ва дур будан аз ақоид ва гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ бошанд. Ин масъала дар маркази диққати ҳамешагии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дизайн» қарор дорад. Бо вуҷуди он, ки бисёр фанҳои таълимӣ хусусияти тарбиявӣ доранд, дар донишкада бо мақсади тарбияи наврасону ҷавонон тибқи нақша дар семоҳи соли 2021 чорабиниҳои зиёде баргузор гардиданд. Аз ҷумла, тантанаи Рӯзи Артиши миллӣ, ҳашари ҳарҳафтаинаи тозакорӣ ва сабзу хуррамгардонии коллективи донишкада дар доираи иқдоми Раиси шаҳри Душанбе – 150 рӯзи ободонӣ дар пойтахт таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр – рисолати сокинони пойтахт», вохӯриҳо ҷиҳати расонидани мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии сиёсию фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” дар толори китобхонаи хобгоҳи донишкада, ташкили намоиши “Мӯд” дар фестивали “Сад ранги чакан” дар бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол дар байни донишҷӯён бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз-2021 дар толори варзишии донишкада, даври аввали дохилидонишкадавии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …” ва “Илм фурӯғи марифат”, мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд дар байни донишҷӯдухтарон дар майдончаи варзишии назди хобгоҳи донишкада бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз-2021 ва тантанаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар толори намоишии донишкада аз ҷумлаи чорабиниҳое буданд, ки диққати аъзои ҳизб ба онҳо ҷалб карда шуданд.
Ҳамин тариқ, дар давоми семоҳаи соли 2021 дар донишкада зиёда аз 20 чорабинии сиёсӣ, илмӣ, эҷодӣ ва фарҳангӣ бо иштироки бевоситаи аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дизайн» гузаронида шудааст.
Дар пеш ҷашни бошукуҳи 30-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ истодааст. Истиқболи ин ҷашн аз коллективи меҳнатии донишкада – тайёр кардани мутахассисони арзандаи дорои неруи баланди зеҳниро тақозо менамояд, ки барои ин ҷидду ҷаҳди бештаре бояд.
Музокирачиён аз рӯи маърӯза – мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии донишкада Субҳон Усмонов, декани факултети дизайн Гулистон Саъдиева, муовини ректори донишкада оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамила Худойбердиева, сардори шуъбаи ҷавонон Наврӯз Саидов фаъолияти ташкилоти ҳизбиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш донистанд.
Ҳамин тавр, фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Дизайн”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо як овоз қаноатбахш дониста шуда, аз рӯи масъалаи муҳокимашуда қарори дахлдор қабул гардид.
Дар маҷлис раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад иштирок дошт ва баромад кард.
Дар охир ба як гурӯҳ ҷавонон, ки чанде пеш ба сафи ҳизб қабул шуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурда шуданд.