Дар арафаи Соли нави мелодӣ чун анъанаи солҳои гузашта дар толори калони маҷлис ва намоишҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҷлиси умумии кормандон барпо гардид.

Сараввал ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат аз бурду бохти ягона маркази омодасозии кадрҳои соҳаи рассомӣ ва дизайн дар ҷумҳурӣ дар соли 2020 ва дар маҷмуъ ҳафт соли гузашта аз таъсисёбии донишкада сухан ронда, хоса зикр намуд, ки дар ин давра дар ҳаёти донишкада пешравиҳои намоён ба назар мерасанд. Шумораи умумии кормандон ду баробар ва музди меҳнати онҳо дуюним баробар афзуда, беш аз 800 нафар баъди хатми донишкада ба истеҳсолот сафарбар карда шуданд. Дар кори таъмиру тармим, таҷҳизонидани аудиторияву устохонаҳо бо таҷҳизоти лозимии таълимӣ ва ободонию сабзкории саҳни ҳавлии донишкада низ як қатор тадбирҳо амалӣ гардидаанд. Симои бинои донишкада дар ҳафт соли гузашта ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфта, имрӯз аз нигоҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт яке аз зеботарин иморатҳо дар шаҳри Душанбе дониста мешавад.

Сипас, раиси иттифоқи касабаи донишкада Саидбек Комилов доир ба фаъолияти солонаи ташкилот маърӯза кард. Ба гуфти ӯ, иттифоқи касаба аз ҳеҷ як масъалаи муҳими донишкада дар канор набуда, дар ҳалли ҳамаи онҳо фаъолона иштирок кардааст. Беш аз 80 фоизи чорабиниҳои дохилидонишкадавӣ бо ёрию дастгирии бевоситаи иттифоқи касаба анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла дар ташкил ва баргузор намудани ҷашни 60-солагии рассоми намоёни тоҷик, собиқ декани факултети санъати тасвирии  донишкада, марҳум Фаррух Хоҷаев, фестивали “Кундал”, намоишҳои мӯд дар соле, ки сипарӣ мегардад, саҳми иттифоқи касаба хеле назаррас буд.

Аз рӯи маърӯзаи раиси иттифоқи касаба муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамила Худойбердиева, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Гулнора Давлатзода, мудири кафедраи забон ва фанҳои гуманитарӣ Гулистон Саъдиева, сармуҳосиби донишкада Баҳром Сафаралиев ба музокира баромада, аз кори ин ташкилот изҳори қаноатмандӣ намуданд. Маҷлис қарор кард, ки фаъолияти иттифоқҳои касабаи донишкада дар соли 2020 қаноатбахш ҳисобида шавад.

Дар маҷлис дигар масъалаҳои дохилихоҷагии донишкада низ мавриди пешниҳод ва ҳаллу фасл қарор дода шуданд.

Маҷлис аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул кард.

Дар охир ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат кулли иштирокдорони маҷлисро бо фарорасии соли нави мелодии 2021 самимона табрик гуфта, ба ҳама саломатию хушбахтӣ таманно намуд.