Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҷлиси васеи ҷамъбастии солона баргузор гардид. Ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат оид ба натиҷаҳои фаъолияти таълимгоҳ дар давраи ҳисоботии соли 2021 ва раиси иттифоқи касаба Саидбек Комилов доир ба корҳои анҷомдодаи ин ташкилот дар ин давра ҳисобот доданд.

Масъалаи татбиқи амалии нишондодҳои Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат доир ба соҳаҳои  маорифу илм ва фарҳанг (маърӯзачӣ Ф. Ҳаитов) низ шунида, мавриди музокира қарор дода шуд.

Дар маърӯзаи ҳисоботии ректори донишкада қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ донишкада дар самти таълим, илм, корҳои эҷодӣ, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардид. Аз ҷумла дар моҳи январи соли ҳисоботӣ музди меҳнати ҳайати омӯзгорон ва кормандон аз ҷониби Раёсати донишкада аз ҳисоби маблағҳои махсус ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд.

Дар ин давра шумораи донишҷӯёни аълохон ба 37 нафар расида, 1010 нафар донишҷӯ (97,2 фоиз) сессияро бомуваффақият ҷамъбаст намуданд. Натиҷаи сессияи имтиҳонотии тобистона нишон дод, ки донишазхудкунии донишҷӯён нисбат ба сессияи гузашта 4 фоиз боло рафта бошад ҳам, таҳлили муқоисавӣ миёни ду сессияи имтиҳонотии  давоми сол дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ нишон медиҳанд, ки сифати таҳсилот ҳанӯз беҳбудӣ металабад.

Дар соли ҳисоботӣ омӯзгорону дигар кормандони донишкада дар маҷаллаҳои илмӣ 148 ва дар рӯзномаҳо 22 мақолаи илмию оммавӣ нашр карда, дар давоми сол аз ҷониби онҳо 10 дастури таълимӣ-методӣ ба чоп расонида шуд. Инчунин қобили зикр аст, ки нияти деринаи раёсати донишкада оид ба таъсиси як маҷаллаи илмӣ-эҷодӣ бо номи “Мусаввир” ҷомаи амал пӯшида, шумораи аввали он аз чоп баромад ва шумораи дуюм омодаи чоп мебошад.

Дар ин давра 5 конференсияи илмӣ-назариявӣ, аз ҷумла 2 конференсияи сатҳи ҷумҳуриявӣ, 10 мизи мудаввар, 20 дарси маҳорат  (чортояш тариқи онлайн) бо донишгоҳҳои хориҷӣ ва маҳфилҳои бисёри илмии наздикафедравӣ гузаронида шуда, маводҳои як конференсияи илмӣ-назариявӣ дар шакли маҷмӯаи алоҳида ба нашр расид. Омӯзгорони эҷодкори донишкада дар зиёда аз 10 намоиши арарҳои рассомии сатҳи дохилидонишкадавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, асарҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Инчунин, дар ин давра устодони донишкада, аз ҷумла шодравон Наҷмиддинов К. А. бо шогирдон дар озмунҳои таҳияи рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ фаъолона иштирок намуда, ғолиб омадаанд.

Бо мақсади рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, раёсати донишкада дар давраи фаъолияти худ аз соли 2013 то инҷониб бо 8 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ, бо 2  академияи миллии дигар давлатҳо ва инчунин бо зиёда аз 30  ташкилоти дохилӣ бо мақсади гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва таъмин бо ҷои кор равобити ҳамкорӣ дорад.

Дар охир вазифаҳои нави муайяншуда барои соли 2022 номбар карда шуда, таъкид гардид, ки дар донишкада ба донишҷӯён беҳтарин рассомон, аз ҷумла Рассомони халқии Тоҷикистон, Арбобони ҳунари Тоҷикистон, профессорону дотсентҳо бо истифода аз методу усулҳои муосири таълим дарс мегӯянд. Донишкада дорои синфхонаҳои муосири таълимӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, устохонаҳо, ҳуҷраҳои омӯзгорон, ошхона ва толори фарҳангӣ мебошад. Ҳамаи синфхонаҳо дорои шароиту имкониятҳои муосири таълим буда, бо таҷҳизоти пешрафта таъминанд. Самти таълим асосан ба эҷод  нигаронида шуда, донишҷӯён бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири донишомӯзӣ, махсусан технологияи компютерӣ ба омӯзиш ва корҳои илмию эҷодӣ ҷалб карда мешаванд.

Музокирачиён мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ С. Усмонов, сармуҳосиб Б. Сафаралиев, омӯзгор М. Улҷабоева, раиси Шӯрои занонони донишкада З. Умарова, мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод А. Эшонқулов ва дигарон ба фаъолияти донишкада ва кумитаи иттифоқи касабаи он дар соли 2021 баҳои мусбат дода, аҳли маҷлис бо як овоз натиҷаи фаъолияти онҳоро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Дар охир ба як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯён барои фаъолияти пурсамар дар соли 2021 раҳматномаҳои раёсати донишкада супурда шуданд.