Пайдоиши Конститутсия
Ассалому алекум ҳозири гиромӣ Шуморо бо фарорасии рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, бароятон саломатӣ хоҳонам.
Вобаста ба масъалаи пайдоиши конститутсия аввало ҳаминро қайд карданиам, ки конститутсия аз калимаи лотинӣ — constitution гирифта шуда маънояш сохт, идоракунӣ ва ё муқарраркунӣ мебошад. Конститутсия қонуни асосии давлат буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат мебошад, ки қувваи олии ҳуқуқӣ доранд.
Аслан конститутсия дар давлати Рими қадим пайдо шудааст, ки дар он замон санадҳои императорро, ки муносибатҳои ба сохтори марзӣ — давлатӣ алоқамандро ба танзим медароварданд, чунин ном бурда мешуд. Аз ин хотир он замон дар як вақт чандин конститутсияҳо амал мекарданд. Масалан: Арасту барои муайян намудани адолат Коститутсияи 158 давлати Римро бо дигар қонунҳои давлати Варварӣ муқоиса намуд.
Дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ конститутсия дар натиҷаи ғалабаи инқилоби буржуазӣ — демократӣ ва ба сари ҳокимияти давлатӣ омадани синфи буржуазия пайдо гардид. Конститутсияи ҳозиразамон якумин шуда дар ИМА соли 1787 қабул гардид. Соли 1791 дар Полша ва Фаронса конститутсияҳои аввалин қабул шуданд. Ҳоло кам давлатҳое ёфт мешаванд, ки конститутсияҳои навишта шуда надошта бошанд. Лекин то ҳол якчанд давлатҳо ҳастанд, ки ҳанӯз ҷараёни гузариш ба низоми конститутсияи навишташударо ба анҷом нарасонидаанд. Инҳо Англия, Швесия, Зеландияи Нав, Исроил ва ғайра мебошанд. Дар ин давлатҳо албатта бо мазмуни васеъ конститутсия вуҷуд дорад ва таъсири он ба ҳаёти давлату ҷамъият калон аст. Онҳо дар шакли маҷмӯъи қонунҳои конститутсионӣ масъалаҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим меандозанд ва ҷудо-ҷудо амал мекунанд. Масалан, ҳоло конститутсияи Швесия аз чунин санадҳои ҳуқуқӣ иборат аст: қонун дар бораи “Шакли идоракунӣ”, қонун дар бораи озодии матбуот, қонун дар бораи Риксдаг ва баъзе тағйиротҳое , ки ба онҳо дароварда шудаанд.
Савол бармеояд, ки чаро таи чанд ҳазор сол давлатҳо бе конститутсия вуҷуд доштанд ва маҳз дар дусад соли охир он дар ҳамаи давлатҳо бо суръати тез паҳн гардид. Сабабҳои объективию субъективии ин зуҳурот зиёданд.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хос дорад. Одатан, дар он шакли ҳуқуқии масъалаҳои муҳимтарини ба соҳибихтиёри давлат, шакли он, ба ҳокимияти давлатӣ, сохтори давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, шаклҳои моликият алоқаманд, муқаррар карда мешаванд. Меъёрҳои конститутсионӣ барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, хориҷиён ва шахсони бешаҳрванд, ҳатмӣ мебошанд. Меъёрҳои конститутсионӣ бисёр вақт усулҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатро муқаррар менамоянд.
Мувофиқи таълимоти марксистӣ-ленинӣ моҳият ва мафҳуми конститутсия фақат аз рӯйи талаботи муборизаи синфӣ маънидод карда мешуд. Масалан, Ф.Энгелс чунин мешуморид, ки конститутсия натиҷаи муборизаи синфӣ буда, “синфи ғолиб баъди музаффарияти ба даст оварда, онро муқаррар мекунад”. В. И. Ленин бошад, навишта буд, ки “конститутсия созиши байни қувваҳои таърихии ҷамъияти кӯҳна (дворянҳо, крепостнойҳо, феодалҳо, мутлақият) бо буржуазияи либералӣ мебошад”. Ба ақидаи Ленин баъди пурра таъмин гардидани ғалабаи буржуазия аз болои онҳо диктатураи ӯ муқаррар мегардад ва баъдтар конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати созишии байни буржуазия ва синфи коргар хизмат мекунад.
Аз ин хотир, дар илми ҳуқуқшиносӣ чор давлаи пайдоиши конститутсияро ҷудо мекунанд, ки чунинанд:
Давраи аввали инкишофи конститутсионӣ аз охирҳои асри ХVIII оғоз гардида, то анҷомёбии ҷанги якуми ҷаҳон давом мекунад. Давраи аввали инкишофи конститутсионӣ ин давраи бунёд ва мустаҳкамшавии ҷомеаи буржуазӣ дар давлатҳои пешқадами Аврупо ва Америка ба шумор меравад.
Давраи дуюми инкишофи конститутсионӣ ду ҷанги ҷаҳониро дар бар мегирад, яъне аз оғози ҷанги якуми ҷаҳон то ба охир расидани ҷанги дуюми ҷаҳон. Яке аз хусусиятҳои ин давра дар он аст, ки ғалабаи Инқилоби Октябр дар Россия боиси пайдоиши типи нави давлатдорӣ- давлати сотсиалистӣ гардид ва дар баробари ин соли 1918 дар Россия конститутсияи типи нави сотсиалистӣ қабул карда шуд.
Давраи сеюми инкишофи конститутсионӣ аз анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз ёфта, то охири солҳои 80-уми асри ХХ давом кард. Хусусияти хоси давраи сеюм асосан дар он зоҳир мегардад, ки баъди ҷанги дуюми ҷаҳон, ба ду лагер — сотсиалистӣ ва капиталистӣ тақсим шудани давлатҳо ва дар натиҷаи аз мустамлика озод шудани давлатҳои нав (зиёда аз 130 давлат) модулҳои гуногуни конститутсионӣ ба вуҷуд омаданд.
Бинобар ин, дар адабиёти ҳуқуқӣ модулҳои конститутсиониро ба се намуд тақсим мекунанд:
1) Модули конститутсионии ғарб
2) Модули конститутсионии сотсиалистӣ
3) Модули конститутсионии нав, ки дар конститутсияҳои давлатҳои озодшуда аз мустамлика ифодаи худро ёфтааст.
Давраи чоруми инкишофи конститутсиониро давраи ҳозира меноманд, ки он аз охири солҳои 80-уми асри ХХ оғоз гардида, то ҳол амал карда истодааст. Оғози ин давра асосан ба пошхӯрии Давлати Шӯравӣ ва барҳамхӯрии давлатҳои сотсиалистӣ вобастагӣ дорад.
Пайдоиш ва инкишофи конститутсияҳои Тоҷикистон бо барпоёбӣ ва ташаккули давлати миллии Тоҷикистон алоқаманд аст. Давлати миллии мухтории тоҷик мувофиқи қарори КИМ-и ИҶШС аз 27 октоябри соли 1924 дар ҳайати ҶШС Узбекистон ташкил ёфт.
Ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон ба воситаи қарорҳои Анҷумани якуми Шӯроҳои Тоҷикистон соли 1926 ба расмият даромад. Хусусан Эъломия дар бораи ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон аз 1 декабри сол 1926 дар ба расмият даровардани ташкили давлатдории тоҷик дар ҳайати ИҶШС мавкеи калон дошт.
Анҷумани дуюми ҶМШС Тоҷикистон 28 апрели соли 1929 конститутсияи аввалини ҷумҳуриро қабул кард. Он мувофиқи Конститутсияи ИҶШС соли 1924 ва Конститутсияи ҶШС Узбекистон соли 1927 тайёр карда шуда буд. Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон бо ҳуқуқҳои мухтори ба ҳайати Узбекистон даромадани Тоҷикистонро ба тарзи конститутсионӣ ба расмият даровард.
Ташкилёбии ҶИШСосиалистии Тоҷикистон бо санадҳои анҷумани сеюми фавқулоддаи Шӯроҳои Тоҷикистон Эъломия дар бораи табдил додани ҶМШСосиалистии Тоҷикистон ба ҶШС Тоҷикистон ва бевосита ба ҳайати ИҶШС даромадани он, Эъломия дар бораи ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон, қарор дар бораи ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон аз 16 октябри соли 1929 ба расмият даромад. Аз ҷумҳурии мухторӣ ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфтани Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи дурахшон аст.
Баъди ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон масъалаи аз ҷиҳати ҳуқуқи ба танзим андохтани вазъи конститутсионии он пеш омад. Дар қарори Анҷумани 3-юми Шӯроҳои Тоҷикистон дар бораи ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон ба Хукумати ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки Конститутсияи ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистонро тартиб дода, барои қабул пешниҳод намояд.
Анҷумани чоруми Шӯроҳои Тоҷикистон 25 феврали соли 1931 Конститутсияи аввалини ҶШС Тоҷикистонро қабул кард. Он мувофиқи Конститутсияи ИҶШС соли 1924 тайёр карда шуда, ба ҳолату меъёрҳои он мувофиқ буд. Конститутсия вазифаи худро дар он медид, ки диктатураи пролетариатро таъмин намуда, коммунизмро дар Тоҷикистон амалӣ гардонад.
Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1931 объектҳои моликиятӣ-давлатӣ, асосҳои истифодаи онҳо, зарурияти хоҷагидории коллективиро дар хоҷагии қишлоқ муқаррар кард. Ҳуқуқи соҳибихтиёрона аз ҳайати ИҶШС озодона баромадани Тоҷикистонро эълон намуд. Аммо ин меъёрҳо хусусияти эъломиявӣ доштанд ва ҳеҷ гуна кафолати ҳақиқии амали гардонидани он на дар худи Конститутсия ва на дар қонунҳо муайян карда нашуда буд.
Чи тавре, ки маълум аст, солҳои 1934-36 аз тарафи ҳизби комунистии Иттиҳоди Шӯравӣ хулосаҳои назариявӣ бароварда шудаанд, ки мувофиқи онҳо дар мамлакат асосан сохти сосиалистӣ ғалаба карда, давлати диктатураи пролетариат ба давлати сосиалистӣ табдил ёфт. Ҳамин хулосаҳо дар Конститутсияи ИҶШС соли 1936 ба таври ҳуқуқӣ инъикос гардонида шуданд.
Якуми марти соли 1937 Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон қабул гардид, ки он моҳиятан, шаклан ва мазмунан бо конститутсияи иттифоқ айнан буда, фақат оид ба баъзе ҷузъиёт аз он фарқ мекард. Ин конститутсияҳо хусусияти иттифоқии давлатро боз ҳам маҳдуд намуда, барои ба давлати марказонидашудаи абарқудрат табдил ёфтани Иттиҳоди Шӯравӣ заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.
Соли 1977 боз конститутсияи ИҶШС қабул карда шуд ва дар он хулосаҳои назариявӣ дар хусуси дигаргуниҳое, ки дар ҷамъият, давлат, ҳолати ҳуқуқии шахс ба вуҷуд омаданд, инъикос гардонида шуданд. Ҳамаи давлатҳои шӯравӣ худро давлати умумихалқӣ эълон намуданд, барпоёбии ҷамъияти сосиализми мутараққӣ дар тамоми мамлакат эълон гардид. Баробари ин дар моддаи 6 Конститутсия мавқеи ҳизби коммунистӣ дар низоми сиёсии ҷамъият ҳамчун “қувваи роҳнамои ҷамъияти советӣ, ядрои системаи сиёсии он” муайян гардид. Ин меъёр моҳиятан дар мамлакат муқаррар гардидани диктатураи ҳизби коммунистро ифода мекард. Дар ин замина Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1978 қабул гардид.