Конститутсия — кафили ояндаи дурахшони ҷомеа
Ассалому алейкум кормандон, устодон ва шогирдони азиз Шуморо бо фарорасии рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда ба Шумо умри дароз, тани сиҳат ва дар касбу коратон бурдбориҳо орзумандам.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу — ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз суханронии худ қайд намуда буданд, ки “Шашуми ноябр дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи махсуси таърихӣ сабт шудааст, ки ҳар сол бо тантанаи хосса ҷашн гирифта мешавад”.
Дар ин рӯзи фаромӯшнашаванда лозим ба ёдоварист, ки дар таърихи давлатдории миллии мо бори нахуст ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии миллат қабул гардид, ки дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил камназир мебошад. Мо гуфта метавон, ки эҷоди Конститутсияи давлати баъд аз ҳазор сол эҳёгардидаи тоҷикон бо ҷалби ҳамаи нерӯҳои зеҳнии ҷомеа ва дар заминаи таҷрибаю дастовардҳои инсоният дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва дар айни замон бо дарназардошти манфиатҳои олии миллат ва ҷумҳурии соҳибистиқлоламон, инчунин анъанаҳои қадимаи таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои хоси миллии мо сурат гирифта буд.
Бояд қайд намуд, ки бисту чор соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот намуд, ки халқи тамаддунсозу бо фарҳанг ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ бошаду, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин намояд.
Давлати тоҷикон, ки таърихи давлатдориаш садсолаҳоро дар бар мегирад, дар ҳамаи марҳилаи таърихии инкишофи худ ҳамчун давлати сулҳпарвар, бо фарҳанг ва маркази яке аз тамаддунҳои башарӣ эътироф гардидааст. Тамоми дастовардҳое, ки дар тӯли асрҳо насиби халқи мо гардидаанд, натиҷаи хирад ва заковати мардуми тоҷик мебошад, чунки маҳз бо иродаи қавӣ ва меҳнати софдилонаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамин имрӯз давлати моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ эътироф менамоянд. Дар давоми ҳазорсолаҳо бунёди чунин ҷомеаи шаҳрвандие, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ дошта бошад, орзую мароми халқи мо буд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар таърихи навини тоҷикон волотарин дастовард ин соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст. Дар баробари соҳибистиқлол гардидан давлати тоҷикон ба марҳалаи нави таърихи инкишофи худ ворид шуда, дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба амал омад. Ба ҷанги шаҳрванди нигоҳ накарда ба барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат кушиш намуданд ва тағйироти куллие, ки ба ҳаёти ҷомеаи кишвар ворид шуд, зарурати қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба миён гузоштанд, зеро, таҳия ва қабули Конститутсия ва қонунҳои ба талаботи шароити нав ва замони муосир ҷавобгӯ, яке аз омилҳои асосии устувории иҷтимоиву сиёсии ҷомеа мебошанд. Доир ба ин масъала Асосгузори сулҳу — ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз суханронии худ чунин қайд намуда буданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар давоми солҳои 1990-1991 як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки раванди кори таҳияи лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳуриро тезонид. Марҳилаи асосии таҳияи лоиҳаи нави Конститутсияи ҳозир амал карда истода баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарор шудани сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ ва таъсиси мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ оғоз шуд. Дар натиҷаи заҳматҳои зиёди фарзандони фарзонаи миллат,  6 ноябри соли 1994 Конститутсияи ҳозир амал карда истодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи райпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, аз ин хотир санаи 6 ноябри соли 1994 барои тамоми мардуми Тоҷик, яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад. Ин сана барои мардуми мо, як санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.
Таърих гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз, 5-маротиба (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994) Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи ҳозир амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои пешина куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда ба стандартҳои санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ногуфта намонад, ки ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) бо роҳи райпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Дар охир ҳаминро илова карданиам, ки Конститутсияи мо ҳамчун маҷмӯи комили принсипҳои ҷомеаи демократӣ аз ҷониби созмонҳои обрӯманди байналмилалӣ эътироф гардид. Бинобар ин мо эътимод бар он дорем, ки ин санади сарнавиштсоз дар таҳкими шохаҳои асосии ҳокимият ва низоми давлатдорӣ дар оянда низ нақши ниҳоят муҳим хоҳад бозид.
Саломат бошед!