Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар амал.

МАЪРИФАТИ ОИЛАДОРӢ

     Оила гаҳвораи инсон, макони нахустини сабзишу парвариши фарзанд аст ва нигаҳбонии ин гаҳвора қабл аз ҳама бар дӯши модар вогузор шудааст.

Варақгардон намудани авроқи рангини таърихи халқи тоҷик аён месозад, ки модари тоҷик садҳо фарзандони бузург ва матиниродаро ба воя расонида, барои хидмат ба халқу Ватан раҳнамун сохтааст.

Ҳанӯз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мунтазам тадбирҳои муҳим  роҳандозӣ карда шуданд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, № 89, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, № 5, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» аз 1 ноябри соли 2006 № 496 ва «Дар бораи стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020» аз 29 майи соли 2010 № 269 шаҳодат аз гуфтаҳои болоӣ медиҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1998 ба ифтихори иди бонувон нақш ва мақоми оиларо дар ташаккули сифатҳои маънавиву ахлоқии фарзандон муҳим арзёбӣ намуда, баён дошта буданд, ки «Агар фарзандони мо дар оила тарбияи солим ва одобу ахлоқи ҳамида гиранд, ба қадри калонсолон, ба қадри падару модар, ба қадри Ватан ва меҳнати ҳалол расиданро омӯзанд, ҷамъият аз ин бурд мекунад. Миллат низ соҳиби як фарди бедордилу ватандӯст мегардад, давлат бошад дар симои фарзандони мо аъзои фаъоли ҷомеаро муттаҳид намуда, ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро амалӣ месозад».

Маҳз оилаи солим ҳамчун омили муҳими пойдории давлат буда, фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизашон расида, номбардори миллату давлати хеш мегарданд.

Оила рукни табиӣ ва асоси ҷамъият буда, нахустин мактаб ва ҷои асосии тарбия аст. Оила макони асосии ба фарҳангу тамаддун, одобу сунатҳои миллӣ мусаллаҳ гардондани бачагон мебошад ва бисёр масъалаҳои муқаддасу масъулиятнокро дар рушд, таҳаввул, тарбия ва саодати инсонӣ ба ӯҳда дорад. Қобили зикр аст, ки зинаи аввали зиндагӣ ва парвариши кӯдак аз оила оғоз меёбад.

Нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд модар аст. Ба ибораи дигар зан-модар миллат, вориси он ва ҳомии Ватанро тарбия менамояд. Аз ин рӯ, бояд занон соҳибмаърифат ва тибқи таомули шарқӣ хушодобу хушрафтор, хушгуфтору хушкирдор ва барои тарбияи хуби фарзандон, ба ҳаёти мустақилона ҳаматарафа омода кардани онҳо пеш аз ҳама худашон дорои донишу малакаи кофӣ, ҷаҳонбинии васеъ бошанд.

Нақши модар дар тарбия, нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзанд бузург мебошад. Сабақи аввалини модар ба фарзанд аз омӯзонидани забон шурӯъ мегардад ва бо нақли афсонаҳо ва қироати ашъору панди бузургон дар замири ӯ хислатҳои наҷиби инсониро ҷой медиҳад.

Таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат ҳамчун васоити ташаккули ҷомеа ва густаришёбии пояҳои мустаҳками давлат ба шумор меравад. Тимсоли инсони комил ба камол расонидани фарзанд ва ба роҳ мондани тарбияи дурусти ӯ ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва дастгириву садоқати падару модар имкон надорад. Дар ҳақиқат, волидон дар саргаҳи ташаккули андешаву идрок ва рушди ҷаҳонбинии кӯдакон қарор доранд ва кӯдакон  муносибати худро ба олами атроф нахуст аз дидгоҳи падару модар муайян мекунанд.

Мутафаккири бузург Муҳаммад Ғазолӣ мефармояд: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чӣ хоҳад, кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ».

Рафтори падару модар, новобаста ба он ки нек ё бад аст, ба раванди ташаккули кӯдак ворид мешавад. Вале ин воридот, ки аслан кӯдак ба нек ё бад будани он сарфаҳм намеравад, василаи аввалин ё қадами нахустини ӯ ба роҳи саҳл ва зиндагии ноҳамвор аст. Пас, мо ба тарбияи фарзанд дар оила ҷиддитар бояд назар кунем. Ба дигар маънӣ, падару модар бояд зиёдтар омӯзанд, то барои фарзанд худ нахустин намуна бошанд.

Бояд донист, ки кӯдак басо ҳассос аст, вай аз паси нахустин таассурот меравад. Агар ӯ дар падару модар майл ба майро бубинад, онро табииву дуруст мепиндорад. Ва чунин меандешад: «Агар ин кори нодуруст мебуд, волидонам даст ба он намезаданд».

Дар асари Имомиддин Раҳимӣ «Одам дар байни одамон ва ё 1001 қоидаи одоб» омадааст, ки «Оромиву осоиши хона ҳам аз шавҳар ва ҳам аз зан вобаста аст». Ҳамчунин дар ҷое бо мақсади намунаи ибрат будани волидон ба фарзандон омадааст, ки «Падару модарон бояд ба сару либос ва намуди зоҳирии худ аҳамият диҳанд. Падаре, ки чанд рӯз паиҳам риш наметарошад ва модаре, ки дар хона ба хилъати чиркин мегардад, чӣ ибрате ба фарзанди худ нишон дода метавонад. Волидон бояд аз хурдӣ ба фарзандон тозагӣ ва озодагиро талқин намоянд. Дар бисёр оилаҳо кӯдак то дасту рӯй шуста, либоси тоза напӯшад, ба сари дастурхон роҳ намедиҳанд, ки ин сазовори таҳсин аст».

Ба андешаи педагоги машҳури рус Сухомлинский: «Бачаҳо табиатан худбинанд. Онҳо некию неъматҳои калонсолон барояшон тайёр намударо як чизи муқаррарию ҳатмӣ мепиндоранд…» ва ба қадраш намерасанд. То замоне фарзанд ҳис накунад, ки нони рӯи дастархон бо азоб ба даст омадааст, вай дуруст тарбия намеёбад.

Мо бояд ба муносибати худ нисбат ба фарзандонамон баҳои ҳақиқӣ диҳем, бояд бубинем, ки онҳо ба кору заҳмати мо чӣ гуна нигоҳ мекунанд.

Бояд донем, ки агар падар танҳо падар не, балки дар як вақт дӯсти фарзанд низ бошад, тарбия ҳамеша ба маҷрои дуруст меравад. Дар акси ҳол одати бади фарзандро аз дигарон мешунавем. Он гоҳ ислоҳ кардани хато кори душвор, ҳатто имконнопазир хоҳад шуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун   “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, аз 2 августи соли 2011, №762, амал мекунад, ки мақсад аз он пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллию умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Хулоса, имрӯзҳо мо бояд ба таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоем, нисбати ташаккули оилаи солим ва бар ин васила инкишофи ҷомеаи солим кӯшиш ба харҷ диҳем, баҳри пешгирии никоҳи бармаҳал, никоҳи хешутаборӣ ва маҷбурӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавон ва тарѓиби зиндагии шоиста байни оммаи мардум ва махсусан ҷавонон, тадбирҳои муҳим адешида, амалӣ гардонем.

Рухсорамо Фатоева,

омӯзгори кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии ДДСТДТ