9 декабр – Рӯзи мубориза бо коррупсия
Коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Ин амал ба унвони як падидаи номатлуб дар қатори дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ, одамрабоӣ ва ғайра ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аз ин лиҳоз, бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани ҷараёнҳои ришвахӯрӣ аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия таҳия шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда зери ин ҳуҷҷат имзо гузоштааст ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар онро тасдиқ кардааст.
Коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Муносибати шаҳрвандон низ бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, тамаллуқкорӣ, хушомадзанӣ ва ғайра алоқаманд мешуморанд. Бо вуҷуди ин ҳама, новобаста аз рангорангии фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар он ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти номатлуб пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти онро зери хатар мегузорад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад.
Бояд зикр намуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб мешавад. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия, расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва иќтисодӣ таъсири манфӣ мегузорад. Бо назардошти ҳамин, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва шахсан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз байн бурдани чунин падидаи номатлуб муборизаи беамон эълон карда, нисбати ин масъала диққати махсус зоҳир намуданд.
Бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат ҳамаи заминаҳо дар ҷумҳурии мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст.
Барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва дигар шохаҳои ҳокимият зарур аст, ки бар зидди коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа ба таври васеъ ҷалб карда шавад. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид имзо гузошта, он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.
Дар асоси Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияташон таҳия ва мавриди татбиқ қарор гирифтааст. Дар онҳо тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯйистеъмол аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тавассути таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо пешбинӣ ва амалӣ шуда истодаанд.
Аз ҷумла дар Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва ҷомеа, ба муборизаи зиддикорррупсионӣ ҷалб намудани тамоми устодону донишҷуён ва кормандони донишкада таҳия шудааст. Барнома барои амалӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионии давлат, пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани кирдорҳои коррупсионӣ дар Донишкада ва зерсохторҳои он мусоидат менамояд. Алалхусус дар ҷаласаю вохӯриҳо ба ҳайати омӯзгорону кормандон ва дар соатҳои тарбиявии гурӯҳҳои академӣ ба донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба зарари коррупсия ба ҷомеа гузаронида шуда, доир ба ин амали номатлуб мунтазам намоиши корҳои эҷодии устодону донишҷӯён ташкил карда мешавад.
Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои таълимӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад. Коррупсия, ришвахӯрӣ рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро боз медорад, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад. Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар тамаддуни ҷаҳон таърихи чандҳазорсола дорад. Башарият, аз ҷумла гузаштагони тамаддунофари мо дар осори гаронмояи хеш бамаврид ришвахориро яке аз омоли касифи инсонӣ дониста, зери танқид гирифтаанд. Пас, маълум мегардад, ки мубориза бар зидди порахуриву ришваситонӣ асрҳо боз мавриди таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ќарор доштааст.
Дар замони имрӯза низ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номустаҳкам гаштани пояи давлат эътироф шудааст. Созмони Миллали Муттаҳид дар ин самт ба муваффақияти зиёд ноил гардидааст ва ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосир гирди ақидаи муқовимат ба коррупсия, чун монеаи рушд муттаҳид гардидаанд.
Барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуд ва 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлати иштирокчӣ кушода эълон гардид. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кули Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми ҷаҳон 9-уми декабр ҳамчун рӯзи мубориза бо коррупсия эълон гардид.
С. Усмонов,
Ф.М.Ҳаитов
устодони Донишкадаи давлатии
санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон