Фатоева Р.А. – омӯзгори кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
Коррупсия яке аз ҳодисаҳои манфуртарини ҷомеаи муосир ба шумор меравад. Мушкилоти падидаи мазкур дар фаҳми моҳият ва хосиятҳои он душвориҳои зиёд ворид месозад. Фаҳми муқаррарии он ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дониста шуда, аз ҷониби шахсони мансабдор ва ҳокимони дигар бо мақсади бойшавии шахсӣ ва ғаразҳои дигар амалӣ мегардад. Аммо чунин фаҳми коррупсия муносибати сатҳӣ буда, асли масъаларо фаҳмонда наметавонад ва дар бисёр ҳолатҳо барои дарки амиқи он иштибоҳҳои мухталиф ба миён меорад.
Бидуни шубҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба болоравии шиддати коррупсия дар кишвар иттилоъ дошта, борҳо таъкид намудааст, ки раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дорад. Ба андешаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар созем».
Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин проблема ҳамеша диққати хоса зоҳир намудаанд. Бахусус, шуруъ аз соли 1999 тадбирҳои зиёде дар самти мубориза бар зидди коррупсия андешида шудаанд. Дар солҳои охир дар мамлакат заминаи қонунӣ ва сохтории мубориза бар зидди коррупсия таҳия ва такмил меёбанд.
Асноду ҳуҷҷатҳои қонунгузорие, ки ба масоили пешгирии коррупсия, барои амалиёти коррупсионӣ ба ҷавобгарӣ кашидан ва чораҳои мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб қабул гардидаанд, заминаи мустаҳками муборизаро алайҳи он фароҳам овардааст.
Мафҳуми коррупсия хеле васеъ ва доманадор буда, паҳлуҳои гуногунро дар бар мегирад. Коррупсия набояд танҳо дар доираи донишҳои ҳуқуқӣ таҳлилу хулосагирӣ гардад, зеро он фақат ҳодисаи ҷиноӣ набуда, ҳамчун раванди иртиҷоии иҷтимоӣ заминаҳо ва хусусиятҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ғайраҳоро бо ҳам пайвастааст. Бинобар ин, ҳангоми тавсиф ва таъриф додани падидаи мазкур ва ташхиси хусусиятҳои асосии он мебояд тамоми паҳлуҳо ва муносибати мутақобилаи он бо ҳодисаю равандҳои дигари ҷомеа фарогир бошанд.
Падидаи мазкур на танҳо ришвахурӣ, балки амалҳои дигари иртиҷоӣ, аз қабили порадиҳӣ, харидани шахсони мансабдор, туҳфаҳо ба роҳбарону ҳокимон, протексионизм (ошнобозӣ) ҳангоми ҳалли масъалаҳо ва пешбарии одамон ба вазифаҳои идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ бештар дар заминаи афзалияти аломатҳои хешу таборӣ, табақавию қавмӣ ё ҷонфидоии шахсӣ, иштироки бевоситаи шахсони мансабдор дар тақсими даромадҳо ба манфиатҳои шахсӣ, иттиҳодияҳои дигар ва ғайраҳоро ифода менамояд.
Дар ҷаҳони муосир коррупсия яке аз масоили мураккабтарин буда, хусусияти умумибашариро соҳиб гардидааст ва беш аз хеш дарак медиҳад. Он ба ҷумлаи таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ворид мешавад. Ба амнияти сиёсию давлатии кишварҳо таҳдид намуда, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаро халалдор месозад. Дар шароити ҳозира қариб мамлакатеро пайдо кардан ғайриимкон аст, ки аз амалҳои коррупсионӣ орӣ бошад. Коррупсия ба раванди сиёсии ватаниву минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хусусияти иртиҷоӣ ва ифротӣ мебахшад. Бо назардошти ҳамин 9 декабр дар олам ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди коррупсия муқаррар гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсияро имзо ва қабул кардааст.
Таҷрибаи мамлакатҳои пешқадами олам нишон медиҳанд, ки ташаккул ва рушди синфи миёна ё худ умумияти аксарияти аҳолӣ нишондоди муҳимтарини баланд гардидани сатҳ ва сифати зиндагии одамон аст. Бо дарназардошти ин дар мамлакати мо Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ қабул гардидааст, ки амалӣ намудани он заминаи боэътимоде дар рафъи коррупсия хоҳад буд.
Фаъолияти мақомоти қонунбарор дар шароити ҳозира метавонад дар баробари омода намудани шароит ва заминаю низоми ҳуқуқии мубориза бар зидди коррупсия ҳамчун омиле баромад намояд, ки дар инкишофи амалҳои коррупсионӣ мусоидат мекунад.
Коррупсия равандест басо мураккаб. Он фақат аз як омиле ва ё ҳодисае сар намезанад. Омилҳои гуногун дар ташаккули он саҳм мегиранд. Дар бисёр ҳолатҳо бештар ба омилҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ таваҷҷӯҳ намуда, ба омилҳои ахлоқию маънавӣ чандон диққат намедиҳем. Дар замони муосир на ҳама вақт ва на дар ҳар ҷо сифатҳои ахлоқию маънавии одамон ба инобат гирифта мешаванд. Ҳисси масъулият, интизом, риояи тартибот ва масъалаҳои дигар дар назди гурӯҳи муайяни роҳбарон чандон қимате надоранд. Махсусан, дар тавсифи масъалаҳои гуногуни коррупсияи сиёсӣ ба инобат нагирифтан ва ё эътибори лозимӣ надодан ба масъалаҳои фарҳанги сиёсӣ назаррас мегардад.
Дар ҳамгироӣ бо ҷинояткории муташаккилона амал намудани коррупсия яке аз хусусиятҳои онро ташкил менамояд. Махсусан, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бо коррупсия алоқаи қавӣ пайдо намудааст. Тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир дар арсаи ҷаҳонӣ дар бисёр ҳолатҳо бе иштироки бархе аз амалдорони сатҳи гуногуни давлатӣ ва ё соҳибмансабони дигар номумкин гардидааст. Онҳо аз мансаби давлатӣ ва мақоми иҷтимоиашон истифода намуда, бо мақсади ба даст овардани даромади зиёд ба раванди ҷинояткории муташаккил пайваст мегарданд. Коррупсия дар пайвастагӣ бо ҷинояткории муташаккил ва махсусан, бо терроризм ва навъҳои дигари канораи экстремизми сиёсӣ ба яке аз таҳдидҳои амнияти олами муосир табдил ёфтааст. Махсусан, он ҷиҳатро аз мадди назар набояд дур кард, ки яке аз хусусиятҳои асосии ташкилотҳои террористии олами навинро пайдо намудан ва дар хизмати хеш қарор додани иттифоқчиён дар мақомоти давлатӣ ташкил менамоянд. Ҳолати мазкур хоҳу нохоҳ ба коррупсия мебарад. Маблағҳои зиёде барои харидани амалдорони давлатӣ, кормандони мақомоти низомӣ ва қудратии ҳокимият ва мақомоте, ки бояд бар зидди фаъолияти ғайриқонунии аҳли ҷомеа мубориза баранд, сарф мегардад.
Таҳлилу хулосагириҳои ҳодисаҳои мушаххаси террористӣ нишон медиҳанд, ки ҳамгироии террористон бо коррупсионерон дар сатҳи баланд қарор гирифтааст. Хусусиятҳои гуногуни коррупсияро ба инобат гирифта, мақомоти гуногуни давлатӣ ва ҷамъиятӣ бояд барои муборизаи самараноки зидди он чораҳо андешанд. Гуногунии хусусиятҳо талаб менамояд, ки муносибат нисбати заминаҳо, сабабҳо, омилҳо ва оқибатҳои амалҳои коррупсионӣ мушаххасан муайян гардад.
Ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан наврасону ҷавонон яке аз омилҳои пешгирии коррупсия ба ҳисоб меравад.
Муваффақ гардидан дар мубориза бар зидди коррупсия боиси пешрафту шукуфоии давлату миллат гардида, аҳли ҷомеаро саодатманд мегардонад. Аз ин рӯ, аз мардуми саодатманди кишвар, ба хусус ҷавонони баору хушиқболи Ватан даъват ба амал меорем, ки дар мубориза бо коррупсия бетараф набошанд. Зеро бетарафӣ – бешарафист!