Хайру саховат, кӯмак расондан ба дармондагон дар давраи душвори зиндагӣ аз ҷумлаи фазилатҳои олии инсониест, ки на ҳар кас дорои онҳо шуда метавонад. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон чунин рафторро як амри мӯҷиб медонанд ва дар баробари он, ки ҳар моҳ ба донишҷӯёни ятим ва оилаҳои камбизоат кӯмаки пулӣ расонида мешавад, гоҳо шахсони мӯҳтоҷи беруна низ аз  ҷониби раёсати донишкада дастгирӣ мебинанд.

Ба қарибӣ, дар арафаи Иди шарифи рамазон истиқоматкунандаи кӯчаи Назаршоев 269/1, квартираи 6, шахси маъюб аз овони кӯдакӣ Маҳмудов Ҷамшед бо дархости ёрӣ ба раёсати донишкада ба таври хаттӣ муроҷиат кард ва раёсат хоҳиши ӯро пазируфт.

Дар сурат: лаҳзаи ба шахси маъюб супурдани кӯмаки пулӣ.