Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалии факултети санъати тасвирӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии омӯзгори варзидаи донишкада, рассоми навовару мумтоз, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Анваршо Сайфудинов  конференсияи эҷодӣ-назариявии кафедравӣ баргузор гардид.

Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ  Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат кушода, сифатҳои беҳтарини омӯзгорӣ ва истеъдоди баланду  нотакрори рассомии Анваршо Сайфудиновро ба таври махсус таъкид намуд.

Сипас, гуруҳи калони ҳамкасбони рассом-омӯзгор, аз ҷумла, омӯзгори кафедраи санъатшиносӣ,  рассом-ороишгари кино ва театр Манзура Улҷабоева, мудири кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ Муноҷот Бойматова,  омӯзгори кафедраи санъатшиносӣ Солмаз Мустафоева ва  донишҷӯи курси чоруми ихтисоси наққошии донишкада Зуҳрои Шералӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти рассом Анваршо Сайфудинов бо маърӯза баромад карданд.

Дар анҷом Анваршо Сайфудинов ба роҳбарияти донишкада, кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар ташкил ва баргузор намудани конференсия даст доштанд, изҳори ташаккур намуд.

Дар донишкада доир намудани чунин чорабиниҳо на танҳо дар доираи кафедравӣ, балки дар сатҳи донишгоҳӣ ва ҳам ҷумҳуриявӣ ба ҳукми анъана даромадааст.