Бо ибтикори кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисоди факултети дизайн дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимони маъруфи ҷумҳурӣ дар мавзуи “30 соли истиқлолият ва рушд”конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат кушода, зикр намуд, ки соҳибистиқлолии кишвар асоси рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии он гардид. Ҳамаи он дастовардҳои назаррасе, ки тӯли 30 соли охир ҷумҳурӣ ноил шудааст, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва самараи истиқлолият аст.
Сипас, дар ҷараёни конференсия иштирокдорони он дар ду бахш – бахшҳои “Рушди иқтисоду иҷтимоиёт дар даврони истиқлолият” ва “Илмҳои дақиқ, риёзӣ, ҷомеашиносӣ – заминаҳои қавии рушд” алоқамандона ба мавзӯъ қариб 30 маърӯзаи илмӣ, аз ҷумла, “Ташаккулёбии сохти самараноки саноати маъдани кӯҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”- и академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Қаюмов Н.Қ. ва номзади илмҳои иқтисодӣ Раҷабов Қ.. Р., “Рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар сӣ соли истиқлолият”-и академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Илолов М.И. ва Каримова С.М., “Муносибати инноватсионӣ ба маълумоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бобоҷонов Р.М., “Баъзе муаммоҳои фаъолияти иқтисоди берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и доктори илмҳои иқтисодӣ Муқаддасзода Ф., “Вазъи муосири таваррум ва омилҳои ба он таъсиррасон дар иқтисодиёти Тоҷикистон”-и доктори илмҳои иқтисодӣ Шарипов Б.М. ва номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷӯраев Б.М., “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва иқлими сармоягузории кишвар”-и номзади илмҳои иқтисодӣ Наҷмиддинов М.А. ва Пирова И.Т., “Сағонаҳои Осиёи Миёна ҳамчун осори санъати тасвирӣ”-и узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Иброҳимов М.Ф., “Илм – асоси маърифати муосир”-и декани факултети дизайни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Саъдиева Г.Ф.-ро шуниданд.
Бояд гуфт, ки дар як соли охир чунин конференсияҳо дар мавзуи истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар донишкада зуд-зуд барпо мегарданд.
Н. Худойбахшов