Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрўзҳо мо 25 – солагии қабули онро ҷашн гирифта истодаем, ҳуҷҷатест, ки нисбати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартарӣ дошта, дар он тамоми самтҳои дохилию хориҷии давлат мухтасаран дарҷ гардидааст.

Конститутсия-қонуни асосии давлат буда, сохти давлат ва рушди ҷомеаро муайян ва танзим менамояд. Конститутсияро мардум бо ифтихору эътимод “Бахтнома”,  “Раҳнамои давлат” “ Эътимодномаи ҳуқуқу озодӣ ва баробарҳуқуқии халқ”, “Шаҳодатномаи тоҷу тахт”, “Бахтномаи миллат мегуянд. Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ муносибатҳои муҳимтарини ҷомеаро танзим менамояд. Риоя ва татбиқи он вазфаи мукаддаси тамоми рукнҳои ҳокмияти давлатӣ ва шаҳрвандон маҳсуб меёбад.

   Пас аз  пош хўрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ (СССР) ба монанди дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 9 сентябри соли 1991 дар асоси Изҳороти истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худро эълон намуд. Акнун Тоҷикистони муосир  аз сохтори давлатдории тоталитарӣ, сохтмони коммунизм, иқтисодиёти нақшавӣ ва дигар арзишҳои хоси давлати шўравибуда даст кашида, рў ба арзишҳои демократия, ҷомеаи шаҳрвандӣ, эътирофи моликияти хусусӣ, иқтисоди бозорӣ ва эътирофи гуногуншаклии моликият гузашт.

Баъзе аз ин арзишҳо дар Эъломияи соҳибихтиёрии ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 мустаҳкам шуда буданд, аммо ба қабули санади тақдирсозе, ки инъикоскунандаи манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат бошад эҳтиёҷот пайдо гардид. Чунин санади муқарраркунандаи асосҳои сохтори давлат ва ҷомеа конститутсия ба ҳисоб меравад. Худи истилоҳи «конститутсия» аз лотинӣ – «constitutio» гирифта шуда маънояш сохт ва муқарраркунӣ мебошад. Истилоҳи «конститутсия» ҳанўз дар давраи Рими Қадим истифода шуда, номи қарори Императорро дошт ва дар як давлат якчанд конститутсияҳо амал мекарданд. Конститутсия ба маънои имрўзааш аввалин маротиба соли 1787 дар ИМА, соли 1789 дар Фаронса ва соли 1791 дар Полша қабул гардида буд, ки ҳоло низ амал доранд.

Конститутсия ба маънои имрӯзааш қонуни асосии давлат, қонун барои қонунҳо мебошад, ки асосҳои сохтори ҷомеа ва давлат, вазъи ҳуқуқии шахсият ва тартиби таъсиси мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллиро муайян мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз надоштани таҷрибаи давлатдории демократӣ хусусиятҳои конститутсияҳои мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон, манфиатҳои миллӣ ва минталитети шаҳрвандони мамлакатро ба назар гирифт. Ин буд, ки аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи райъпурсии умумихалӣ қабул гардид.

Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони варзидаи байналхалқӣ ва созмонҳои бонуфузи сиёсии ҷаҳон яке аз конститутсияҳои беҳтарин ва демократитарин эътироф шудааст.Он аз 10-боб ва 100 модда иборат буда, хушбахтона 34 моддаи он  ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсону шаҳрванд бахшида шудааст.

Тибқи моддаи 1 Констиутсия «Ҷумҳурии Тоҷикстон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Ин муқаррарот заминаи асосии инкишофи демократия ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар гардид.

Бо назардошти дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии кишвар ба амал омадани дигаргуниҳои куллӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, се маротиба, яъне  26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он таѓйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Меъёрҳои Конститутсия бо мақсади ба муддати тўлонӣ амал намудан нигаронида шудаанд. Устувор нигоҳ доштани Конститутсия эътибори онро дар байни дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва конститутсияҳои мамлакатҳои хориҷа баланд мебардорад.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, сарчашмаи асосии қонунгузорӣ, омили ризоият ва ҳамгироӣ таи бисту панҷ соли амалаш тавонист дар Тоҷикистон ниҳодҳои демократияро бунёд гузорад. Ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ ва ягонагӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеӣ гузошт. Соли ҷорӣ ба муносибати 25-солагии ин санади тақдирсоз, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 20-ҳазор маҳбусшудагон озоди бахшид, ки онро авфи тиллоӣ  низ ном мебаранд.

Дар чунин шароити сулҳу субот, тинҷию осудагӣ, имконияти фароҳам барои таҳсил ва кор ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, аз меъёрҳои ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, яъне Конститутсия огаҳ бошад ва иҷрою риояи онро қарзи ҷонии хеш шуморад. Хусусан падару модарон ва  ҳама зинаҳои муассисаҳои таълимӣ аз ҷумла, мо омўзгорону донишчўёнро зарур аст, ки барои ҳифзи  Ватани азизамон Тоҷикистон, пос доштани Конститутсияи (Сарқонун), риояи қонунҳои кишвар ва эҳтироми арзишҳои миллию умумибашарӣ саҳми босазои худро гузорем.

  Субҳон  Усмонов. Устоди донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон