Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои занон  ва духтарони донишкада масъалаҳои риояи сарулибоси ягонаи донишҷӯдухтарон ва одобу ахлоқи онҳо, инчунин интихоби аъзои нави Шӯро аз ҳисоби  донишҷӯдухтарон мавриди ҳаллу фасл қарор гирифт.

Дар аввал ассистенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Рухсорамоҳ Фатоева дар мавзӯи риояи қоидаи либоспӯшии  ягонаи донишҷӯдухтарон тибқи  тавсияи  Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сухан ронда, бо таъкид огоҳ намуд, ки вақтҳои охир тамоюли тақлид ба фарҳанги бегона, бахусус дар боби либоспӯшӣ миёни занону духтарони мо зиёд ба назар мерасад, ки ин падидаи номатлуб метавонад ба устувории рукнҳои  фарҳангии миллии мо таъсири манфӣ расонад.

Сипас, Шӯро масъалаи интихоби аъзои нави худ аз ҳисоби донишҷӯдухтаронро ба миён гузошт. Дар натиҷаи овоздиҳии кушода панҷ нафар донишҷӯдухтарон — Муниса Раҷабова ва Фараҳноз Саидова аз факултети санъати тасвирӣ, Солеҳа Мусулмонова, Ҳафиза Камолзода ва Ситора Шарифова аз факултети дизайн аъзои нави Шӯро интихоб шуданд. Ин духтарони фаъол  дар факултетҳо вазифаи раисӣ ва ҷонишинии раиси донишҷӯёнро бар уҳда доранд.

Дар суратҳо рафти маҷлисҳо дар факултетҳо ва хобгоҳи донишкада: