Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Албатта, онҳое, ки мегӯянд ифротгароӣ ва терроризм решаҳои хеле чуқур дошта, инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки тавассути  тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд.

Зуҳуроти ифротгароии сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ барои давлат ва тамоми ҷомеа падидаҳои бисёр ҷиддӣ ва дар айни замон нигаронкунанда мебошанд. Дар охири асри гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд, доираи фаъолияти террористон васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Дар солҳои баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳам бар асари таъсири омилҳои дохилию дахолати беруна мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳҳо ва созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода менамуданд.  Ва ин ниҳоят ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Дар ҷараёни майдоннишиниҳои соли 1992 дар Душанбе гаравгон гирифтани вакилони мардумӣ, фишор овардан ба онҳо дар ҷараёни кори парлумон, ғасби биноҳои ҳукуматӣ як амри муқаррарӣ шуда буд.

Амалҳои террористӣ минбаъд ҳам дар шакли анҷоми таркишҳо дар ин ва ё он минтақаи Тоҷикистон ба амал меомаданд, ки ҳадафашон халал расонидан ба таҳкими сулҳу субот ва рушди мамлакат буда, баъзан аз хориҷи кишвар роҳбарӣ мешуданд.

Ин амалҳо аввалан боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд ва  баъдтар ба ҷараёни музокироти тоҷикон таъсири манфӣ расонида, роҳро барои расидан ба сулҳ тӯлонитар сохтанд.

Фақат хиради азалии халқи тоҷик, хиради роҳбарияти ҳарду ҷониби даргир, ки манфиати миллат ва кишварро аз ҳама боло дониста, хатари заволи давлатдории тоҷиконро эҳсос намуданд, имкон дод, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу оромӣ аз нав пойдор гардад.

Имрӯз коршиносони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ бар он назаранд, ки мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм метавонад бо ташкили як системаи давлатии муқобила бо ин падидаҳо, ки бояд на танҳо ҷанбаи

ҳифзи ҳуқуқро дар бар гирад, балки чораҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, таблиғотӣ ва ғайраро дар худ шомил созад, муваффақ шавад. Дар ин система бояд мақомоти қонунгузор, худидоракунии маҳаллӣ,  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, воситаҳои ахбори омма ҷой дошта бошанд. Аз ин рӯ, ба омӯзиши ин масъала, роҳҳои муқобила бо он ва аз ҳама муҳимтараш, роҳҳои пешгирии амалиёти ифротгароӣ ва террористӣ барои хизматчиёни давлатӣ зарурат пеш омадааст.

Экстремизм (ифротгароӣ), террор ва терроризм ҳанӯз хеле барвақт аз пайдоиши ин мафҳумҳо ба вуҷуд омадаанд. Соли 2001 бостоншиносони англис бо ҳамкории криминалистон ҷиноятеро ошкор намуданд, ки 4 ҳазор сол пеш содир шуда буд. Ҷисми мумиёшудаи фиръавнро, ки дар синни 18 солагӣ дунёро тарк гуфтааст, тадқиқ намуда, олимон дар пушти косахонаи сари ӯ чуқурчаеро диданд, ки бар асари зарба бо предмети сахте ба вуҷуд омада, маҳз ҳамин зарба фиръавнро ба ҳалокат расонидааст. Дар натиҷаи тадқиқот муайян карда шуд, ки фиръавнро мушовири ӯ тавассути зарба задан бо асои шоҳӣ ба қатл расонидааст.

Бо роҳи зӯрӣ кушта шудани фиръавни Миср аввалин ҳодисаи дар таърих сабтшудаи қатли ходими давлатии сатҳи баландтарин мебошад.

Дар асри I пеш аз милод дар бораи гурӯҳи сиёсии яҳудиён бо номи «зелотҳо» (рашккунандаҳо), ки ба воситаи методҳои террор барои худмухтории Фессалония ба муқобили римиҳо мубориза мебурданд, маълумотҳо вуҷуд доранд. Дар солҳои 60 – 70 асри I милодӣ гурӯҳи мутаассибони дини яҳудия «сикориҳо» барои сарнагун намудани ҳокимияти сиёсии римиҳо аз шеваҳои террористӣ истифода менамуданд.

Сикориҳо (аз калимаи «сика» – ханҷари кӯтоҳ) дар рӯзи равшан умдатан дар вақтҳои серодамии кӯчаю бозорҳо, дар рӯзҳои ҷашн бо истифода аз ханҷари кӯтоҳ амалиёти террористиро анҷом медоданд, ки ҳадафи сиёсӣ дошт.

Гурӯҳи дигари динию сиёсие, ки дар Ѓарб бо номи гурӯҳи террористӣ шинохта мешавад, «ҳашшошин» ё «ассосин» мебошад, ки тибқи тадқиқоти баъзе аз муҳаққиқон решаи он аз калимаи “ҳашиш” аст. Ин гурӯҳест бо номи низория, ки аз ҷараёни исмоилияи асри XI зуҳур намудааст. Исмоилияҳои низорӣ шӯришҳои мусаллаҳонаро бар зидди туркони салҷуқии суннимазҳаб дар Шом ва Эрон ба роҳ андохтанд. Аммо чун бо қудрати низомии бисёр муҷаҳҳази салҷуқӣ рӯ ба рӯ шуданд, равияи ба фикри худи онҳо муносиби дигареро пеш гирифта, ба куштани душманони маъруф ва муътабари худ дар нуқоти мухталиф даст заданд. Дере нагузашт, ки номи онҳо вирди забонҳо шуд. Агар дар ҳар гӯшаи давлати исломӣ қатли сиёсие рӯй медод, онро бо «ҷонбозони фидоии низорӣ», яъне ҳамон ҳашшошин нисбат медоданд.

Дар охири асри XII низориҳо таваҷҷӯҳи салибиён ва нозирони ғарбиро ҷалб намуданд.

Ақидае вуҷуд дорад, ки ҳашшошин пеш аз иҷрои амали террористӣ гӯё ҳашиш истеъмол мекарданд ва барои ин ҳашшошин ном гирифтаанд.

Дар ибтидо асосан амалҳои инфиродии террористӣ ба назар мерасиданд, ки ҳам табақаи ҳоким ва ҳам табақаи поён аз он истифода менамуданд: болоиҳо барои таҳким ва ё ба даст овардани ҳокимият, поёниҳо ҳамчун воситаи охирини мубориза бо беадолатиҳои ҷомеа. Зеро воситаҳои дигари мубориза номумкин буд, агарчи аллакай дар Рими қадим намунаҳои террори гурӯҳӣ пайдо шуда буд.

Дар таърихи қадим ва асримиёнагӣ ҳазорон намунаи амалиёт сабт шудааст, ки моҳиятан хусусияти террористӣ доранд, яъне барои эҷоди тарсу ваҳшат анҷом дода шудаанд.

Кушторҳои оммавӣ ва калламанорасозиҳои Чингизу Темури Ланг оё барои эҷоди ваҳшат набуданд? Лекин бояд гуфт, ки дар он замонҳо истилоҳи “террор” ва “терроризм” набуд. Истилоҳи “террор” дар фарҳанги сиёсӣ дар асри XIV, пас аз он ки асари таърихнигори Рими қадим Тит Ливия ба забони фаронсавӣ тарҷума шуд, дохил гардид. Ин калима дар баромадҳои оташини инқилобчиёни Фаронса вирди забонҳо шуда буд. Ҳукумати якобинчиён дар шароити фавқулоддаи он замон низоми террори давлатиро ҷорӣ кард, ки ҳамон вақт дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Эътиқоди мутаассибона нисбат ба ҳаққонияти кори худ, набудани таҳаммулпазирӣ нисбат ба мухолифон хусусияти хоси ҷаҳонбинии инқилобчиёни Фаронса буд, ки ба неруи наҷотдиҳандаи террор умед мебастанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқулоддаи Созмони Конфронси исломӣ дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ, 7 декабри соли 2005, таъкид намуданд, ки «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст… Ин гуна нируҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро пиёда месозанд».

Ислом ҳамчун дини муътадил ва васат ифротгароӣ ва зиёдаравиро манъ мекунад. Вале мутаассифона, имрӯз мебинем, ки дар кишварҳои гуногун даҳҳо созмонҳои ифротӣ ва террористӣ зери парчами ислом хунрезию даҳшатафканӣ мекунанд.

Ҳамин тавр, омилҳои паҳншавии ифротгароии динию сиёсӣ ва терроризмро метавон ба чанд гурӯҳ тақсим кард:

  1. Аксуламал бар зидди идеяи ҷаҳонишавӣ, кӯшиши паҳн намудани фарҳанг ва тарзи зиндагии ғарбӣ дар мамлакатҳои исломӣ бидуни дарназардошти вижагиҳои этникию қавмӣ ва динии аҳолии ин кишварҳо;
  2. Кӯшиш барои тақсими боадолатонаи неъматҳои ҷаҳони муосир;
  3. Истифодаи ислом аз тарафи нухбагони миллӣ ҳамчун василаи идеологӣ барои таҳкими ҳокимияти худ;
  4. Истифодаи созмонҳои динӣ аз ҷониби хадамоти махсуси кишварҳои абарқудрат дар муборизаи геополитикии хеш.

Фатоева Р. А.,

муаллимаи кафедраи забонҳо ва фанҳои

гуманитарии Донишкадаи давлатии санъати

 тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон