Дар ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ду дастпарвари Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ғолибият ба даст овард.

Донишҷӯи курси дуюми факултети санъати тасвирӣ Маҳваш Садриддинова дар номинатсияи адабиёти ҷаҳонӣ сазовори ҷойи якум ва донишҷӯи курси дуюми факултети дизайн Мунисаи Нуриддин дар номинатсияи адибиёти классикии тоҷик сазовори ҷойи сеюм гардида, бо дипломҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мукофотонида шуданд.

Дар донишкада ин дастоварди донишҷӯёнро қабл аз ҳама, ба кӯшишу ғайрати худи онҳо ва натиҷаи заҳматҳои дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Сайнуриддин Акобиров, ки ҳафтаю моҳҳо ба омода намудани шогирдон машғул буд, вобаста медонанд.