Т/Р | Рамзи ихтисос | Номгӯи
ихтисосҳо |
Зинаи таҳсилот | Имконияти қабул | ||
Рӯзона | Фосилавӣ | |||||
1. | 1-02020201 | Фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ. Санъати тасвирӣ | Магистр | 25 | 0 | |
2. | 1-03010601 | Санъати тасвирӣ. Ҳунарҳои халқии бадеӣ | Магистр | 25 | 0 | |
3. | 1-150101 | Мусаввирӣ | Магистр | 10 | 0 | |
4. | 1-15 01 01 02 | Мусаввирии театрӣ-ороишӣ | Магистр | 10 | 0 | |
5. | 1-150102 | Санъати муљассамавӣ-ороишӣ | Магистр | 10 | 0 | |
6. | 1-150103 | Ҳайкалтарошӣ | Магистр | 10 | 0 | |
7. | 1-150104 | Графика (сиёҳќаламавӣ) | Магистр | 10 | 0 | |
8. | 1-150201 | Санъати ороишӣ-амалӣ | Магистр | 45 | 0 | |
9. | 1-190101 | Дизайн (аз рӯи самтҳо) | Магистр | 45 | 0 | |
10. | 1-21040203 | Санъатшиносӣ | Магистр | 25 | 0 | |
11. | 1-26020103 | Дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ | Магистр | 25 | 0 | |
12. | 1-31030408 | WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ | Магистр | 25 | 0 | |
13. | 1-500102 | Тарҳрезӣ ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ | Магистр | 25 | 0 | |
14. | 1-69010104 | Назария ва таърихи меъморӣ | Магистр | 25 | 0 | |
15. |
1-69010106 | Меъмории манзаравӣ | Магистр | 10 | 0 | |
Ҳамагӣ: |
325 | 0 |
Қоидаҳои қабул ба магистратураи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Ба магистратураи донишкада донишҷӯёне, ки бо қарори Комиссияи давлатии аттестатсионӣ тавсия шудаанд ва аз рӯи равияи интихобнамудаашон дипломи бакалавр ва ё мутахассис доранд, тариқи сӯҳбат қабул карда мешаванд.
Дар донишкада барои шахсоне, ки дипломҳои онҳо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат намекунад, аз рӯи талаботи муайяннамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсил дар магистратураи донишкада имтиҳони ҳатмӣ месупоранд.
Агар дохилшавӣ ба магистратураи донишкада дар соли хатмкунии довталаб ба вуқӯъ пайвандад, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии байнифаннӣ аз рӯи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте, ки баҳои имтиҳонии ҷамъбастии ихтисос аз “хуб” паст набошад). Дар мавриди “қаноатбахш” будани баҳои ҷамъбастии байнифаннӣ довталаб имтиҳони дохилшавӣ месупорад.
Шахсоне, ки ба магистратураи донишкада дохил мешаванд, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд.
- аризаи шахси ба номи ректор бо нишон додани равияи магистратура ва барномаи магистрӣ (тахассусӣ);
- 6 сурати андозаи 3 х 4 см.
- дипломи таҳсилоти олии касбӣ; бо замима (нусхаи асл),
- тавсияномаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ ба магистратура;
- маълумотномаи тиббӣ 086 – у.
- нусхаи шиноснома.
- реферат (аз рӯи самти ихтисосҳои эҷодӣ) пешниҳод намуда, имтиҳонӣ маҳорати касбӣ ва тариқи сӯҳбат аз озмун мегузаранд.
- дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пешрафти корҳои илмӣ, таълимию методӣ, донистани забони хориҷӣ, таҷрибаи кор дар компютер, ифтихорномаҳо, нусхаи мақолаҳо ва ғайра.
- қабули ҳуҷҷатҳо дар комиссияи қабули донишкада аз рӯи равия ва ихтисос аз 01.08. то 15.08.2018 сурат гирифта, имтиҳонҳо тариқи суҳбат 25.08.2015 баргузор мешавад.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ – 31 телефон барои маълумот: 227-58-63; 900-84-48-93.