Бо мусоидат ва дастгирии Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷиҳати иҷро намудани нақшаҳои таълимӣ, ки ҷузъе аз онро таҷрибаомӯзӣ ташкил медиҳад, соли 2-юмаст, ки донишҷӯёни ихтисоси санъатшиносӣ, яъне санъатшиносонӣ оянда барои гузаронидани давраи таҷрибаомӯзӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбакистон фиристода мешаванд.
Донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгорони соҳибтаҷриба- Сайфуллоева Ш.И. ва Ганибаева С.З. ба шаҳрҳои таърихии Самарқанду Бухоро сафарҳои омӯзишӣ намуда, аз таърихи пурғановати шаҳрҳои мазкур огоҳӣ пайдо намудаистодаанд.
Дар раванди таҷрибаомӯзӣ устодону донишҷӯён аз маҷмааи меъморӣ дар майдони Регистон – мадрасаи Улуғбек, “Мадрасаи Тиллокорӣ” ва “Мадрасаи Шердор” дидан намуда, бо таърихи онҳо аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар аснои ин сафар донишҷӯён аз мақбараҳои Гӯри Амир, Руҳобод – макони дафни Амир Темур, писарон ва наздикони ӯ, “Расадхонаи Улуғбек”- осорхонаи назди он, қабристони Шоҳи Зинда, масҷидҳои Бибифотима ва Ҳазрати Хизр дидан намуда, ин ҷойҳои муқаддасро зиёрат намуданд.
Ҳамзамон таҷрибаомӯзон ба осорхонаи «Афросиёб», ки дар он деворнигораҳо, зарфҳои сафолӣ, ҳайкалҳои терракотии ҳангоми ҳафриётҳо кашф намудаи бостоншиносон гирд оварда шудаанд, ташриф оварда, бо фазои воқеъан тарихии осорхонаи мазкур шиносоӣ намуданд.
Омӯзиши мавзеъҳои таърихӣ дар Ҷумҳурии ба халқи тоҷик дӯст ва бародари Узбекистон идома дорад.
Раёсати Донишкада бо истифода аз шароит ва имкониятҳои мавҷуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва пайваст намудани донишҳои назариявӣ бо амалия ва истеҳсолот иқдомҳои назаррасеро ба сомон расонида истодааст, ки иқдоми мазкур далели гуфтаҳои боло мебошад.
Дар ин замина таъкид намудан ба мавридаст, ки роҳбарияти Донишкада масъалаи мутобиқ ба талаботи замони муосир ва бозори озоди меҳнат омода намудани мутахассисони ҷавонро яке аз авлавиятҳо дар фаъолияти хеш ҳисобида, дар оянда иқдомҳои шоёнтареро дар самти мазкур рӯи кор хоҳад овард.