Китоби нав

Китоби ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, номзади илмҳои меъморӣ Ҷамшед Ғанизода ва котиби илмии Шӯрои олимони донишкадаи мазкур Сайиднуриддин Акобиров «Санъати кандакорӣ дар чӯб», ки ба ҳамин наздикӣ дар матбааи «Кишвар-2016» аз чоп баромад, ҳамчун дастури таълимии пурарзиш ва зарурӣ аз ҷониби донишҷӯёну устодони донишкадаи мазкур ва дигар таълимгоҳҳои соҳавии кишвар гарму самимӣ истиқбол ёфт. Зеро ки то ин замон чунин як дастурамали таълимӣ вуҷуд надошт ва донишҷӯёну устодон бо ин мақсад аз ягон-ягон таълифоти парокардаи адабиёти илмӣ ва матбуоти даврӣ истифода мекарданд. Даргузашти якчанд соли таҳсил дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ки омӯзишу таълими санъати тасвирӣ, меъморию ҳайкалтарошӣ ва дизайнро дар бар гирифта, кандакорию кошикорӣ ҷузъиёти муҳими ин ҳунарҳост, чунин як заруратро собит намуда, дар назди олимону устодони донишкада ба таълифи як дастурамали нисбатан мукаммали таълимӣ вазифа гузошт; дастурамале, ки тавонад  омӯзгорон ва дар навбати аввал донишҷӯёнро бо донишҳои назариявию амалии санъати қадимаи кандакории халқи тоҷик мусаллаҳ гардонад.

Ва албатта, пиёдасозии ин вазифа саҳлу осон набуд. Барои иншою  таълифи чунин дастурамал на танҳо дониши назариявии илмӣ ва таҷрибаи кор дар соҳа кифоят намекард, балки дар баробари бохабар будан аз тадқиқоти олимон оид ба таърихи санъати кандакории халқи тоҷик, фақат ҷиҳати дастрас кардани намунаи эҷоди қадимаву имрӯзии устодони санъати кандакорӣ ва кӯчондани ин намунаҳо ба саҳифаи китоби таълимӣ сар то сари ҷумҳуриро тай задан лозим меомад.

Аз маълумоти дар китоб гирдоварда бармеояд, ки кандакорӣ қадимтарин ва маъмултарин навъи санъати ороишию амалии халқи тоҷик буда, тавассути кандану буридани чӯб, филизот, гаҷ, устухон ва гил иҷро мешавад ва одамон барои зинат додани ашёи рӯзгор, ҷузъҳои меъморию ҳайкалтарошӣ ба он рӯ меоваранд. Куҳантарин осори кандакории чӯб дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар шаҳрҳои Панҷакент, Шаҳристон, Ҳулбук ва Аҷинатеппа дарёфт гардидаанд, ки ба асрҳои У1-У111 мутааллиқанд. Дар санъати давраи тоисломии халқҳои Осиёи Марказӣ муҷассамасозӣ ва офаридани дигар мавҷудоти хаёлӣ, амсоли ҳайвоноти обхокӣ низ ривоҷ ёфта буд. Баъди истилои араб ва ҷорӣ шудани дини ислом дар баробари манъи бутпарастӣ кандакории сужадор  ва наққошиҳои баландмазмун дар аксар мавзеи минтақаи Осиёи Марказӣ аз байн бардошта шуда бошанд ҳам, бо вуҷуди он то андозае боиси қаноатмандист, ки намунаҳои эҷоди устодони чирадаст  дар баъзе мавзеи дигар боқӣ мондаанд. Ёдрас шудааст, ки дар масъалаи тадқиқоти санъатҳои халқӣ дар баробари олимони рус ва дигар халқҳо, хизмати олими машҳури тоҷик Рӯзиев Маннон Обидҷонович хеле калон аст. Асарҳои «Дарҳои кандакоришудаи хонаҳои истиқоматии Бухоро» (соли 1967), «Чӯбҳои кандакоришудаи Чоркӯҳ» (1975), «Санъати кандакории тоҷик дар чӯб» (1976), «Ҳунармандони халқӣ» (1983) ва бисёр дигар мақолаю маърӯзаҳо, ки таърихи кадима доштани санъати ҳунармандиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ исбот ва ҳимоя менамоянд, ба қалами ин шахси  муътабари соҳа тааллуқ доранд. Маҳз хизматҳои Маннон Рӯзиев ва шогирдони ӯ ба рушди имрӯзаи санъати наққошии тоҷик замина гузоштаанд.

Дар китоб дар бораи услубу тамоилҳои нақшунигори маъмултарин  маълумот дода шуда, таъкид мегардад, ки   дар кандакории бадеии чӯби баъдинаи мардуми тоҷик услубҳои ислимӣ, гиреҳ, катиба ва ҷонварнусха мавқеи махсус доштаанд ва дар замони мо низ ду тамоюл – халқии анъанавӣ ва касбӣ ривоҷ меёбад. Устоҳо Раҳимшайх Раҷабов, Очил Файёзов, Охунҷон Ёқубов, Сироҷиддин Нуриддинов, Карим Абдухолиқов, Ашӯр ғафуров, Юлдошбек Баротбеков ва бисёр дигарон аз ҷумлаи он намояндагони машҳури санъати кандакории касбии тоҷик маҳсуб меёбанд, ки дар такомули ин навъи санъат саҳми назаррас гузоштаанд.

Аз нигоҳи муаллифон, ҳунарҳои кандакорӣ ва гаҷкорӣ бо якдигар ҳамбастагии зичи ногусастанӣ доранд ва дар ҷумҳурӣ биноҳои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, собиқ китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ, чойхонаҳои «Роҳат» ва «Саодат», меҳмонхонаи «Тоҷикистон» (Душанбе), Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Рӯдакӣ (Панҷакент), Осорхонаи «2700-солагии Кӯлоб» (шаҳри Кӯлоб) намунаҳои беҳтарини он дониста мешаванд. Таъкид мегардад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд, ки бесабаб нест.  Ҳар як пешниҳоди Сарвари давлат ҳадафмандона буда, самараи нек ба бор меоварад. Зеро яқинан рушди ҳунарҳои мардумӣ воситаи муҳими  таъмини рӯзгори мардум ва василаи беназири тарбияи ҳисси ватандӯстию  ифтихори миллист.

Хоса, сохта ба истифода дода шудани «Кохи Наврӯз» ва садҳо биноҳои баландошёнаи маъмурию истиқоматӣ бо усули меъморию наққошии миллӣ дар пойтахти кишвар, ки бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд, шоҳиди нигоҳ дошта тавонистани анъанаҳои бойи ҳунармандони тоҷик мебошад. Устоҳои имрӯзаи гулдасти тоҷик Саидҷон Маҳмудов, Толибҷон Ҳайдаров, Ҳасанбой Ҷумъаев, Раҳимбердӣ Аҳмадов ва чанде дигарон давомдиҳандагони анъанаҳои гузашта мебошанд.

«Чӯб яке аз тӯҳфаҳои олӣ ва пурасрори табиат ба шумор меравад ва инсоният ин тӯҳфаи олиҳимматонаро дар тамоми давраи мавҷудияти худ қадр менамуд… Агар имрӯз – дар даҳсолаҳои аввали асри ХХI, асри дигаргуниҳои куллии илмӣ-техникӣ, асри фатҳи кайҳон  ва парвоз ба сайёраҳои дур ҳар як кадоми мо ба манзил, ба ҷойи кори худ дуруст назар афканем, он гоҳ боварӣ ҳосил менамоем, ки имрӯз низ чӯб ва маҳсулоти чӯбӣ дар ҳаёти инсон дорои мавқеи ҳалкунанда мебошад»,- омадааст дар дастурамали таълимии мазкур.

Чӯб ҳам забон дорад, мегӯянд. Бале, барҳақ чунин аст.  Аниқтараш, миёни мо нафароне ҳастанд, ки  ба як маҳорату истеъдоди худодод онро ба забон меоварданд, дар нигоҳамон ба як тарзи тасхиркунанда ҷилва медиҳанд ва дар вуҷудамон ҳиссиёти наҷибу волои зебоию зебопарастиро барангехта, ба мо лаззати маънавӣ мебахшанд.

Дар ин дастури таълимӣ муаллифон кӯшиши зиёде ба харҷ дода, роҷеъ ба анъанаҳои коркарди чӯб дар манотиқи гуногуни кишвар ба хонанда маълумоти фаровоне пешкаш намудаанд ва бо итминон метавон гуфт, ки натиҷаи ин кӯшишҳо бобарор омад ва инак, мазмуну мундариҷаи китоб бозгӯйи онанд, ки муаллифон аз уҳдаи ин вазифа душвор, ки дар оғоз пеш гузошта буданд, сарбаландона баромаданд. Китоб барои донишҷӯён ва омӯзгорон дар омӯзиши санъати кандакорӣ ба сифати як дастури таълимии хеле муфиду зарурӣ хизмат хоҳад кард. Бобҳои китоб – «Пайдоиш ва инкишофи санъати кандакорӣ дар Тоҷикистон», «Санъати кандакорӣ ҳамчун фан», «Нақшаи машғулиятҳо барои фани кандакорӣ», «Тавсияҳои методӣ», «Истилоҳоти соҳаи кандакорӣ», номгӯйи таҷҳизоту асбобҳои кандакорӣ, усулҳои техникаи кандакорӣ, номҳои нақшу нигор, расмҳои зиёди намунаи кандакорӣ дар сутун, дари хона, кат, ороиши пештоқ ва деворҳои масоҷиду мадорис аз заҳмати зиёду бардавоми  муаллифон Ҷамшед Ғанизода ва Сайиднуриддин Акобиров дар гирдоварию омӯзиши мавод доир ба мавзӯъ ва таҳқиқи он, ки боиси фарогирии доираи хеле васеи соҳаи кандакорӣ  ва дигар соҳаҳои ба он алоқаманд гардидааст, возеҳ гувоҳӣ медиҳанд.

Неъматулло Худойбахш