Маҳфили навбатии илмию эҷодии назди Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон “Менеҷери ҷавон” бо иштироки устодон, омӯзгорон, донишҷӯён ва магистрантони курсҳои 1-уми ихтисоси дизайни робитавӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ баргузор гардид.

Дар ибтидо хотирнишон карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шудааст. Вобаста ба ин, мавзӯъҳои маҳфил муайян гардида,  муаррифии китоби “Дастури методӣ оид ба омӯзиши мустақилони математикаи элементарӣ”-и муаллими кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод Эшонқулов А. А. дар ҳаммуалифӣ бо  Назришозода Л.Д. тасодуфӣ нест.

Дар маҳфил олими ҷавон Эшонқулов А.А. зимни муаррифии дастурамали нави методӣ зикр намуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон ба рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Зеро аз як тараф, майлу рағбат ба рушди саноат ва ба зинаи тараққиёти технологӣ расидан, аз тарафи дигар, ҷомеаи муқтадири саноативу сармоядорӣ, бахусус, инкишофи нерӯи инсонӣ дар ин ҷомеа, омӯзиши илмҳои болозикрро ба миён меоварад. Бинобар ин, дастури методии мазкур, ки барои омӯзиши мустақилонаи математикаи элементарӣ пешбинӣ гардидааст, барои мустаҳкам кардани донишҳои мактаби миёна аз фанни математика ва системанок намудани ин донишҳо бо мақсади дохил шудан ба макотиби олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, инчунин барои бартараф намудани мушкилӣ дар ҳалли мисолҳои элементарии алгебравӣ ва ибтидои анализ дар худомӯзон, ки хоҳиши дохил шудан ба ихтисосҳои муҳандисию техникӣ, табиӣ, иқтисодӣ ва амсоли инҳоро доранд, ёрии амалӣ хоҳад расонд.

Дар дастури методӣ мавзӯъҳо пайдарпай — аз содда ба мураккаб ба фаслу зерфаслҳо ҷудо шудааст, ки рақамгузории якум рақами асосии фасл ва рақами дуюм зермавзӯи он ба ҳисоб меравад. Тақсимоти мавзӯъҳо ва методикаи навишти дастури методӣ бо назардошти системаи таълими кредитӣ ба роҳ монда, холҳои имконпазири ба даст овардаи донишҷӯ мувофиқи онҳо нишон дода шудааст. Дар маҷмӯъ, доир ба сохтори китоб ва мавзӯъҳои асосии он маълумоти дақиқ  дода шуд.

Баъд аз мубодилаи афкор миёни донишҷӯён ва муаллифи дастури  нави методӣ дар интиҳо қарор қабул карда шуд, ки дар маҳфилҳои минбаъдаи “Менеҷери ҷавон” муаррифию тарғиботи китобҳои нав ва вохӯриҳо бо олимон идома дода шаванд.

.