Ҳунарҳои халқӣ

ГӮЛДӮЗӢ  ДАР ЭҶОДИ ЗУЛФИЯ БАҲРИДДИНОВА

     Гулдӯзӣ як навъи санъати ороишӣ ва амалӣ, ҳунари дӯхтани нақши гул, барг, банд  дар  рӯи матоъ, аз қадимтарин навъи санъати халқӣ буда, тавассути сӯзан ва чангакчаҳои махсус дар рӯи матоъҳои гуногун (пӯст, намад) бо ресмонҳои пахтагӣ, пашмӣ, абрешимӣ ва нахҳои тиллоию нуқрагӣ, инчунин бо сангҳои қиматбаҳо, шаддаи майда, мӯҳраҳои реза, пулакчаҳои рахшон, тангаҳо, марҷону марворидҳо  дастӣ иҷро карда мешавад. Ҳоло аксаран ин амалро мошинҳои махсуси гулдӯзӣ иҷро мекунанд. Бо гулдӯзӣ тоқӣ, туппӣ, кулоҳ, дастрӯймол, куртаҳои занонаю мардона ва бачагона, ҷӯроб, инчунин лавозимоти рӯзгор (қолинчаҳову тагсарӣ, рӯпӯшҳо, бардеворӣ, сачоқ, дастархон, остинчаи нонпазӣ, чойникпӯшаку дегқапак)  оро дода мешаванд. Хулоса, возеҳтар гӯем, дар гулдӯзӣ орзуву умед ва армонҳои халқ ифода меёбанд.

Гулдӯзӣ аслан шуғли хонагӣ буда, асбобу олоти асосии он сӯзан, чангак, дарафш, ангуштпона  ва ҳоло худи мошини махсуси гулдӯзӣ мебошанд. Шаклҳои технологияи  гӯлдӯзӣ аз юрма, илма ё пешсӯзанӣ, илмоқ, ироқӣ,  санама, босма, кандахаёл, чиндахаёл, бахия, куппа ва ғайра иборатанд. Номгузории мушаххаси нақшҳои гулдӯзӣ, ки маъмултарини онҳо офтобак, давригул, аштақ, аноргул, каҷак, себарга, барги бед, тоҷи хурус, райҳон, булбул ва ғайра мебошанд, аз забони сӯзангарони сатҳи олӣ миёни халқ ташаккул ёфтаанд. Истифодаи аксари ин нақшҳо универсалӣ бошад ҳам, баъзеи онҳо дар ҳама ҷо қобили қабул нест. Масалан, нақши каждумакро танҳо дар ҷӯроб метавон истифода бурд. Онро ҳеҷ гоҳ дар курта ва ё рӯмолу тоқӣ намедӯзанд.

Яке аз намудҳои муҳими кашидадӯзӣ – зардӯзист, ки бо зарресмон дӯхта мешавад. Нақшҳои куртаҳои занонаи кӯлобӣ, раштӣ, дарвозӣ ва бадахшонӣ  хеле ҷолиб буда, ҳар яке услуби хоси худро дорад. Гулдӯзиҳои тоқӣ,  туппӣ, сӯзанӣ, гули даврӣ, зардеворӣ  дар сарзамини тоҷикон асосан ҳунари  дастии авлодӣ буда, таърихи чандинасра дорад. Дар натиҷаи кофтукови бостоншиносон гулдӯзиҳое дарёфт шудаанд, ки ба асри 7-8 тааллуқ  доштаанд.  Яке аз намудҳои махсуси гулдӯзии тоҷик сӯзанӣ мебошад, ки дар ороиши манзили истиқоматӣ истифода шуда, дар ҳаёти маънавии мардум мақоми сазовор дорад.

Омӯзиши ҳунари гулдӯзӣ нисбатан осон буда, онро аз синни ҳафтсолагӣ ба духтарон меомӯзониданд. Дар гузашта Самарқанд, Бухоро, Уротеппа, Дарвоз, Кӯлоб марказҳои пешрафтаи санъати гулдӯзӣ маҳсуб меёфтанд, ки имрӯз ҳам ин анъанаро давом медиҳанд.

Рассоми халқии Тоҷикистон Зулфия Баҳриддинова яке аз аввалин занони тоҷик аст, ки солҳои зиёде дар ин пеша заҳмат ба харҷ дода, дар асри ХХ гулдӯзии тоҷикро дар дохил ва хориҷи кишвар машҳур намудааст. Мавсуф санъати қаламкаширо аз падараш  ва сӯзанидӯзиро аз аммааш Шарафнисо Нуриддинова омӯхтааст. Тӯли 30 соли расо (1957-1987) сарварии шӯъбаи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти  Суғдро ба уҳда дошт.  Дар 70 соли меҳнати пурсамар зиёда аз 300 асари бузургҳаҷм офаридааст. Аввалин сӯзаниҳои Зулфия Баҳриддинова  соли 1941 дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва ба намоиш гузошта шудаанд.

Сӯзаниҳои Зулфия Баҳриддинова хусусияти ба худ хос доранд. Ӯ  нақшҳои минтақаҳои гуногунии Тоҷикистонро дар асарҳояш бо ҳамдигар омезиш дода, ба санъати гулдӯзии тоҷик обуранг ва мазмуни тоза бахшидааст. Ба туфайли сӯзаниҳои ӯ бисёр нақшҳои сӯзаниҳои асрҳои У111-Х1Х ва аввали асри  ХХ, амсоли “Пайпоқи уштур”, “Офтоб”, “Бодомгул”, “Қаламфур”, “Моҳу ситора” ва ғайра  эҳё гардидаанд. Асарҳои ӯ маҳз бо зебоӣ ва нафосату назокати беҳамтои худ аз осори дигар ҳунармандон фарқ мекунанд.   Сӯзаниҳои “Бойигариҳои Тоҷикистон”, “Ба муносибати 800-солагии Москва”, “Ленин ва ГОЭЛРО”, “Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва”, “1000-солагии зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино”, “50-солагии ташкилёбии РСС Тоҷикистон” ва ғайраҳо  санъати гулдӯзии тоҷикро ба пояи баландтар бардоштанд.  Сӯзании ӯ  бо чеҳраи Абуалӣ Ибни Сино, ки соли 1980 эҷод гардидааст, беҳтарин асар шинохта мешавад. Портретҳои дар сӯзанӣ сабткардааш (Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Абуабдулло  Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абулқосим  Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Абулқосим Лоҳутӣ, А. С. Пушкин, М. Горкий, В. Маяковский ва дигарон)  аз истеъдоди нотакрори ин ҳунарманд гувоҳӣ медиҳанд.

Зулфия Баҳриддинова расми Абуабдулло Рӯдакиро дар синни 85-солагӣ дар сӯзанӣ сабт кардааст. Ӯ бо шогирдонаш пардаҳои Қасри Арбоб дар шаҳри Хуҷандро гулдӯзӣ намудааст, ки то ба имрӯз мавриди истифода қарор доранд. Вай дар Тоҷикистон аввалин занест, ки  аз соли 1985 сар карда, сӯзаниҳои тоҷикиро дар намоишгоҳҳои дохилии ватанӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла  Россия, Белгия, Полша, Чехославакия(ҳоло Чехия ва Словакия) ба намоиш гузоштааст.

Зулфия Баҳриддинова узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, дорандаи унвонҳои Рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон буда, хизматҳояш бо орденҳои “Дӯстии халқҳо”, “Байрақи Сурхи Меҳнат”, “Нишони Фахрӣ”, ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло  Рудакӣ, медали “Барои меҳнати шоён” ва Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қадр карда шудаанд.

  Меҳринисо Баротова,

 омӯзгори Коллеҷи рассомии ба номи М.Олимов

Намунаҳои гулдӯзии тоҷикӣ