Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  тибқи нақшаи чорабиниҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикитсон ва нақшағчорабинии донишкадавӣ вохӯрӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  барпо гардид. Ҷамъомади зикршударо Сардори шуъбаи тарбия ва равобити хориҷӣ Эсанов М.Д. ҳусни оғоз бахшид. Намояндагон аз Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Абдуллозода З., подполковники милитсия Раҷабзода Б.Ш., Назарзода Ш.А.  дар  мавзӯҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу равияҳои хусусияти террористию экстремистидошта, ҳолатҳои корупсионӣ, бемориҳои сироятӣ (ВНМО, БПНМО), масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд суханронӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.