14 апрел кормандони Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо ҳайати кормандону устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом додаанд.

Доир ба масъалаи мазкур подполковникҳои милитсия Сафозода О. ва Зуҳуров С.М. баромад карда, қайд намуданд, ки мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ ва ахлоқи ҳамда ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии иқтидори мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад. Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд ва нисбати ҳаёту зиндагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Ҳамин сабаб буд, ки дар ҷомеаи мо чанд сол қабл амалҳои номатлуби ҳуқуқвайронкунию ҷиноятӣ бештар аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардид ва дар ин росто каммасъулиятии баъзе аз падару модар ва омӯзгорон ба назар мерасид. Ҳукумати мамлакат бо мақсади аз байн бурдани ин камбудиҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро  қабул намуд. Мазмуни асосии қонунро уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ташкил медиҳад ва ин уҳдадориҳо аз он иборат мебошанд, ки падару модар ва омӯзгорон бояд тамоми донишу малакаи худро барои тарбияи дурусти фарзандон равона намоянд, тамоми восита ва шароитро муҳайё созанд, то ки фарзандон бештар ба донишандӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар машғул шаванд.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани қонуни мазкур дар ҷомеаи имрӯзаи кишварамон сатҳи оворагардию ҳуқуқвайронкунӣ ва содир гардидани ҷиноятҳо аз ҷониби ҷавонону наврасон нисбат ба солҳои гузашта хеле паст шудааст ва падару модарон низ барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандон тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд. Аммо бо вуҷуди ин, барои боз ҳам бештар коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни насли ҷавони ҷомеа ва ба ҳаёти осудаву арзанда роҳнамоӣ сохтани он аз мақомоти дахлдор ва, пеш аз ҳама, аз падару модар масъулияти бештар тақозо мегардад.