Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон, ширкати фаъолонаи онҳо дар маъракаи интихоботии президентии дарпешистода, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ, экстремистӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ  вохӯрии кормандони мақомоти ҳуқуқ бо донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниро мудири бахши ҷавонони донишкада Наврӯз Саидов оғоз бахшида, сипас мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти санҷиши судии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аваз Назаров, сардори Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳратулло Ғаюрзода, сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ШВКД – 1 дар ноҳияи Сино  Умед Маҷидзода,  мутахассиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Нусратулло Маҳмудзода  дар назди ҳозирин доир ба бисёр масъалаҳои ҳуқуқӣ баромад карданд.

Чунин вохӯрию суҳбатҳо, ки дар тарбияи ҷавонон хеле пурманфиатанд, тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон зуд-зуд дар толори донишкада барпо мегарданд.