Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 27 соли бадастории Ваҳдати Миллӣ дар зери сояи истиқлолияти сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои инсонӣ ва муқаддас шумурдани чунин дастоварди бузург ба пешравӣ ва рушду тараққиёт расидааст. Дар ин солҳо бо кӯшишу талош ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба халқи тоҷик ва ҳамзистию ҳаммаромӣ дар байни аҳолии кишвар шиори Ваҳдатгароӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ аз ҷумла, донишгоҳу донишкадаҳо ва саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус дар зеҳну шуури аҳолии ҷомеа ҷой гирифтааст.
Дар воқеъ, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмину таҳкими истиқлолу Ваҳдати миллӣ, афзудани нуфузу эътибори байналмилалии кишвар мусоидат кард. Ҷашни мазкурро ба хотири он иди Ваҳдати миллӣ ном ниҳоданд, ки он аз иттиҳоди мардуми тоҷик, аз сарҷамъии тамоми сокинони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дарак медиҳад. Ин ҷашни муттаҳидии ҳамаи бошандагони Тоҷикистон аст.
Ба шарофати ин санади тақдирсоз мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста касб карда, таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳонро баҳри ҳамкориҳои васеи мутақобилан судманд ҷалб намуд ва бо роҳандозии сиёсати дарҳои боз дар масири рушду пешрафт гомҳои устувор гузошт. Эътибори баланди кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ бевосита ба ибтикори Пешвои миллат алоқаманд буда, ҷонибдории сокинони сайёра аз ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат ҷиҳати ҳалли масоили глобалии ҷаҳон алалхусус оид ба масъалаҳои обу иқлим ва муҳити зист мебошад. Чанде пеш баргузор гардидани Конфренсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки давоми рӯзҳои 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир гардид, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд далели гуфтаҳои болост.
Кайҳост, ки Созмони Милали Муттаҳид, таҷрибаи расидан ба ризоияти умумӣ ва сулҳи пойдори тоҷиконро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, онро барои мамлакатҳои ноорому нобасомон ҳамчун дастурамал тавсия медиҳад.
Таърихнигорону муҳаққиқони гузаштаву муосир собит намудаанд, ки тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дури таърих бо ваҳдатсолориву фарҳангпарварӣ, бунёдкориву созандагӣ мақоми хос доранд ва насли наврасу ҷавонро зарур аст, ки аз мероси гаронбаҳои гузаштагону имрӯзиён бархӯрдор бошанд. Чунончӣ, Пешвои миллат дар китоби «Тоҷикон дар ойинаи таърих» нигоштаанд: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамини аҷдодӣ ва марзу бум, расму оини ниёкон огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд». Барои расидан ба онҳо тарбияи шахсиятҳои худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят, онҳое зарур аст, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта, асолати миллӣ ва ваҳдати милливу истиқлолияти давлатиро бо нархи ҷон ҳифз намоянд. Зеро Ваҳдат арзишест, ки миллати моро аз ҳалокат нигоҳ дошт, ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамоӣ сохт, рукнҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқиро дар мамлакат таҳким бахшид. Ваҳдати миллӣ имконият фароҳам овард, ки халқи Тоҷикистон дар роҳи эмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузошт ва дар муддати кӯтоҳтарин ба натиҷаҳои назаррас соҳиб гардид. Инак сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат, қабл аз ҳама, ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудӣ бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи насли солиму бомаърифат равона гардидааст. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва “Барномаи миёнмӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат кард. Сатҳи камбизоатӣ 21,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол бобо рафт”. Мавриди зикр аст, ки ҳар чи зудтар амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии кишвар: таъмин намудани истиқлолияти энергетикии мамлакат, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани он, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон нақши муҳим доранд.
Дар муддати 27 соли Ваҳдати миллӣ дар қаламрави мамлакат ҳазорон километр роҳҳои мошингард таҳти меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ бунёд гардида сокинони Тоҷикистон аз бумбасти комуникатсионӣ раҳо шуданд. Бунёди масири роҳҳои мошингарди сатҳи ҷаҳонии Душанбе -Хуҷанд, роҳи мошингарди Душанбе- Турсунзода, роҳи мошингарди Айнӣ- Панҷакент, Душанбе-Бохтар бунёди роҳи оҳани Душанбе – Бохтар- Кулоб , нақбҳои Ваҳдатбахш аз қабили Нақби Хатлон, нақби Озодӣ, Нақби бузурги Истиқлол, нақби Шаҳристон ва роҳи мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод сохмонаш рафта истода иқдомҳои хайрхоҳона ва ояндабинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлоливу Ваҳдати миллӣ маҳсуб мегардад. Ин дастовардҳои комуникатсионӣ ва рушди соҳаҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат саҳифаи нав дар таърихи ташаккули сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, дар зеҳни ҷавонон ҷой додани чунин дастовардҳои беназир амри замон аст. Ҳамчунин ҷалби ҷавонону наврасон ба китобу китобхона дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва ҷой доштани равияву гурӯҳҳои ифротию тундгаро тадбири мубраму саривақтӣ аст. Ҳамзамон, ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати сиёсӣ аз доми фиреби дасисабозиҳои нохалафон ва душманони миллат эмин мегарданд. Феълан, зарурат пеш омадааст, ки кормандони муассисаҳои таълимӣ барои равнақи бештари сиёсати илмӣ-фарҳангии кишвар ва тарбияи мукаммали насли солиму ояндасоз ва меросбари сазовори давлатдории навин фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намоянд.
Мардуми кишвар, бахусус ҷавононро лозим аст, ки аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат самаранок истифода намуда, ба китобу китобхона ва риояи маърифати ҳуқуқӣ рӯ оранд. Дар озмунҳои: “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-чароғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” фаъолона иштиорок намоянд. Ҳарчи бештар ба мутолиаи шоҳасари Б. Ғафуров “Тоҷикон” ва “Шоҳнома” и безаволи А. Фирдавсӣ машғул шаванд.
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баҳри эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, пос доштани сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва дар руҳияи касбомӯзӣ, созандагию бунёдкорӣ тарбия намудани шогирдон, тамоми чораҳо андешида мешавад.
Бо тамоми ҳасти бояд гуфт, ки маҳз Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин аст. Ваҳдати миллӣ оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум, эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшон аст.
27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ муборак! Субҳон Усмонов,
Устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ
ва дизайни Тоҷикистон н.и.п., дотсент.