Ба истиқболи иди Наврӯз
Вақте ки Офтоб ба бурҷи Ҳамал мерасад…
Марҳабо, эй дӯстон ба хони наврӯзии мо,
Файзи мақдамҳо дучандон мекунад рӯзии мо.
Ҳафтсину ҳафтшини хони моён пешкаш,
Гашта Наврӯзи Аҷам дар даҳр пирӯзии мо.
Наврӯз яке аз бузургтарин ойинҳо ва ҷашнҳои қадимаи мардуми ориётабор буда, худи вожаи «наврӯз» калимаи мураккаби форсии дарӣ, калимаи тоҷикист, ки аз ду ҷузъ- «нав» ва «рӯз» иборат аст. Дар ин ҳангом Офтоб ба бурҷи Ҳамал мерасад ва ин ба рӯзи 31 моҳи фарвардини авестоӣ ва ҳамали аҷамӣ рост меояд. Мувофиқи ривоятҳои авастоӣ Аҳуромаздо дар ин рӯз Оламу Одам офарид ва аз ин сабаб онро рӯзи нав ном ниҳоданд.
Дар «Шоҳнома»–и безавол пайғамбари сухан Абулқосим Фирдавсӣ мефармояд:
Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти уй,
Фурӯ монд аз фарраи бахти уй.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Яъне, мардум рӯзи ба тахти каёнӣ нишастани Ҷамшедро рӯзи нав хондаанд.
Дар тақвият ба ин, олими араб Мусо ибни Исо ал–Кисравӣ дар «Китоб–ул–маҳосин ва –л– аҷдод» овардааст, ки : «Нахуст касе, ки Наврӯзро ойин гузошт, подшоҳиро бунёд ва рамзи давлатдориро барқарор ва нуқраву тилло ва дигар маъданеҳоро ба даст овард, аз оҳан силоҳ сохт, асп ва дигар маркабро ром кард, садафу мушку анбар ва дигар накҳатҳоро пайдо кард, қасру кӯшкҳо сохт, корез ва обёрӣ кард, Ҷамшеди каёнӣ буд. Наврӯзро асос гузошт бад – он сабаб, ки дар ин рӯз оламро ба даст овард ва кишвари Эроншаҳрро, замини Бобулро барқарор кард. Наврӯз оғози барқароршавии ҳокимият буд, дертар шакли мувофиқ гирифт, расму ойин шуд.»
Донишманди эронӣ доктор Шариатӣ дар бораи Наврўз изҳори ақида намуда, қайд мекунад, ки «агар рўзе Худо оламро оғоз карда бошад, мусаллам он рўз Наврўз будааст”. Ба фикри ў Баҳор нахустин фасл, Фарвардин нахустин моҳ ва Наврўз нахустин рўзи офариниш аст.
Дар «Наврўзнома» – и Умари Хайём ҳам Каюмарс – аввалин подшоҳи Аҷам ёдрас мешавад. Ў мехост рўзу моҳҳоро номгузорӣ кунад ва солшумориро барқарор намояд. «…аммо сабаби ниҳодани Наврўз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва чоряке аз 1 шабонаруз ба аввали дақиқаи моҳи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рўз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натвонад омадан, ки ҳар сол аз ин муддат кам мешавад. Чун Ҷамшед он рузро дарёфт, Наврўз ном ниҳод ва ҷашн барпо карда, пас аз он подшоҳон ва мардумони дигар ба ў пайравӣ карданд».
Вале тибқи назари олимаи англис М. Бойс, мувофиқи таълимоти зардуштиён ин ид ба оташ бахшида шудааст. Зеро онҳо оташро чун нури Яздон ва неруи ҳаёт дониста, онро парастиш мекарданд. Ин ид рамзи мағлубияти рӯҳи хабис ҳисоб мешуд. Аз рӯи урфу одати зардуштиён ҳангоми нисфирӯзии Рӯзи нав (Наврўз) одамон бозгашти рўҳи Рапитвинро истиқбол мегирифтанд. Рапитвина – Замини аввалин, ки то давраи ҳуҷуми арвоҳи нобудкунанда – Ангро-Ман вуҷуд дошта буд.
Дар бораи сабаби бузург шумурдани Наврўз ва дар тўли таърих дуру дароз боқӣ мондани он дар хотираҳои ориёиҳо ривоятҳои зиёд мавҷуданд: Кайюмарс, ки нахустин подшоҳ ҳаст, дар рўзи Наврўз аз модар таваллуд шудааст. Ҳушанг–шоҳи Пешдодӣ дар ҳамин рўзи фархунда по бар арсаи ҳастӣ ниҳодааст. Фаридуншоҳ дар ин рўз кишвари паҳновари Эронро дар миёни се фарзанди худ–Эраҷу Салм ва Тур тақсим намудааст (Ба Эраҷ-Эрон, ба Салм-Рум ва ба Тур-Туронро). Зардушт дар ин рўз таваллуд ёфт ва дар ҳамин рўз аз сўйи Аҳуромаздо ба пайғамбарӣ баргузида шудааст. Тибқи санаҳои таърихии наврўзӣ дар давраи ислом, ривоят аст, ки Худованд Одамро дар ин рўз офаридааст. Ҳазрати Иброҳим дар ин рўз Каъбаро аз бутҳо пок кардааст.
Муаллифи луғатномаи «Анҷуманоро» Алиакбар Деҳхудо дар мақолаи «Наврӯз» маълумоти ҷолиберо овардааст. Мувофиқи навиштаҳои вай :«Биступанҷ рӯз пеш аз Наврӯз дар саҳни дорулмулук дувоздаҳ сутун аз хишти хом барпо мешуд, ки бар сутуне гандум, бар сутуне ҷав, бар сутуне биринҷ, бар сутуне боқуло, бар сутуне коҷил, бар сутуне арзан, бар сутуне зурат (ҷуворӣ), бар сутуне лубиё, бар сутуне нахуд, бар сутуне кунҷид, бар сутуне мош мекоштанд ва онҳоро намечиданд. Дар рӯзи шашуми Наврӯз ин ҳабуботро меканданд ва майманатро дар маҷлис мепароканданд ва то рӯзи Меҳр аз моҳи Фарвардин онҳоро ҷамъ намекарданд…гумон мекарданд, ки ҳар кадоми онҳо, ки накӯтар ва боровартар шавад, маҳсули он дар он сол фаровон хоҳад буд…»
Наврӯз дар ҳама давр бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз гирифта мешуд, барои дар сатҳи олӣ гузаронидани он майдону тахтҳо месохтанд. Мисоли равшани он бунёди тахти Ҷамшед аз ҷониби Дороиюш аст, ки осори он то ҳол боқӣ монда, оламиёнро ба ҳайрат овардааст. Дар субҳи аввали Наврӯз одамон ба якдигар об мепошиданд, туҳфаҳо медоданд. Туҳфаи беҳтарин шириниҳо ба ҳисоб мерафтанд. Дар ин шаб оташафрӯзӣ мекарданд ва суманак (сумалак) мепухтанд.
Хушбахтона, имрӯз маросими суманакпазӣ дар аксар маҳалҳо бо риояи тартиботи аҷдодон ва ҳатто дар баъзе маҳалҳо бо даровардани навгониҳо вобаста ба талаботи давр амалӣ мегардад. Дастархонҳои идонаи наврӯзии «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» ороста мешавад. Дастархони «ҳафтсин» бо ҳафт намуд маҳсулоте, ки номашон бо ҳарфи С оғоз меёбад: санҷид, себ, сабза, суманак, сир, сикка ва сирко ва дар “ҳафтшин” бо ҳафт намуди маҳсулоти исмашон бо ҳарфи “Ш” саршуда зебу зиннат ва оро дода мешавад, ки ҳар кадом маънии рамзии худро дорад
Мардуми ориёӣ дар тӯли қарнҳо бо тамоми роҳу воситаҳо тавонистанд, ки ба манъкунию хурофот нигоҳ накарда, як қатор меросҳои фарҳангии худ, аз ҷумла ҷашни Наврӯзро бо дифоъ нигоҳ дошта, то ба имрӯз оварда расонанд. Айни ҳол Наврӯз ғайр аз кишвари мо боз дар бисёр мамолики олам, ба мисли Эрону Озарбойҷон, Ӯзбекистону Қиғизистон, Қазоқистону Туркманистон, Афғонистону Албания, Туркияву Македония, Тотористон, Бошқирдистон ва Доғистони Федератсияи Россия, Курдистони Ироқ ва Ҷумҳурии мардумии Чин (дар ҷамъ бештар аз 300 миллион нафар аҳолии кӯраи Замин) ҳамчун ид ҷашн гирифта мешавад.
Боиси ифтихор аст, ки кӯшишҳои пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самара доданд ва аз 30 сентябри соли 2009 ин ҷониб Наврӯз мавқеи байналмилалӣ гирифт ва ба рӯйхати мероси ғайримоддии башарияти Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дохил карда шуд. Ин барқароршавии ҳақиқати таърихӣ аст. Зеро Наврӯз ҷашни табиат ва эҷоди халқҳои ориёнажод буда, ҳар халқе ба он чизе афзуд ва ба урфу одатҳои худ мутобиқ намуда, онро ғанитару зеботар гардонид. Ва ба қавли Умари Хайём, “ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад».
Кӯшишҳои доимии фарзандони фарзонаи миллат имрӯз шароиту имконияти хубе фароҳам овардааст, ки мардуми ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ин ҷашни фархундаи ниёгонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гиранд ва ҳама Наврӯз дар амну амон бошанд.
Саиднуриддин Акобиров,
устоди Донишкадаи давлатии санъати
тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон