Аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони куҳанбунёд 30 соли пурфайз сипарӣ мешавад. Сӣ соли пур аз талош дар роҳи расидан ба мақсадҳои воло баҳри рушду нумӯи кишвар, дигаргуниву таҳаввулот, рушду тавсеаи кулли самтҳои ҷомеа, манзалату мақом миёни давлатҳои ҷаҳон, таҳкими сулҳу субот ва гулгулшукуфии диёри воқеан зебову афсонавӣ. Тоҷикистон тайи сӣ сол тавонист аз миёни кишварҳои ҷаҳони саввум ба қатори давлатҳои рӯ ба тараққӣ дохил шавад ва дар ин зимн тавони давлати муқтадиреро молик гардад. Яъне дар ин даврон як насли баркамол — насли сисола ба воя расид ва метавон гуфт, ки ваҳдати миллии моро низ умре то абад дар пеш хоҳад буд.

Бидуни шубҳа, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми баруманди тоҷик хеле муқаддасу баландарзиш мебошад. Заҳмату талошҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба даст овардани ин неъматҳое, ки миллатамон дар ин муддат соҳиб шудааст, гаронбаҳо ва арзишманданд. Ҳақ баҳри сарвариву роҳнамоӣ кардани тоҷикони сулҳхоҳу сулҳпарвар нафареро аз миёни миллионҳо нафар таъйин намуд ва он ҳам абарфарзанди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон – кафили сулҳу озодии миллат буд.

Мо ҷавонон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон чун як нерӯи зеҳнӣ ва касбӣ бо таъмини шароити моддиву маънавӣ ба таҳсилу пажӯҳиш машғул мебошем, ки ин худ файзи ваҳдату оромист, ки дар Тоҷикистон ҳукмрон аст. Рӯз аз рӯз беҳтар гаштани шароит ва раҳоӣ аз аксар бунбастҳо моро ба таҳсилу бунёдкорихо дилгарм месозад. Дар донишкада барои донишомӯзиву таҳқиқ торафт шароити заруриву мусоид бештар ба вуҷуд омада истодааст. Ин ҳамаро мо ҷавонон чун неъмати сулҳу ваҳдат шинохтаем ва дар ин сарвари давлатро ҳамчун кафили пояндагии ин неъмати бебаҳо мепазирем.

Майлу таваҷҷуҳ ба созмону ҳизб ва ҳаракатҳои ифротгаро дар байни коллективи донишкада аслан ба чашм намерасад. Гаравидани ҳар як ҷавон ба ин ҷараёнҳоро мо ҳамчун хиёнат ба ватану миллат қабул менамоем. Зеро дар ин гуна амал ягон натиҷаи хайр вуҷуд надорад.

Мо аз забони сарвари давлат чандин маротиба ибораи «ҳушёрии сиёсӣ»-ро шунидаем ва ба дарки амиқи маънии он сари вақт расидаем ва боз ҳам мерасем. Шароити тезутунди ҷаҳонишавии имрӯза ки дар зери пардаҳо як гирдобу тӯфонро нигоҳ медорад, дар ҳақиқат моро водор менамояд, ки ҳушёр бошем. Дида истодаем, ки дода шудан ба иғвову даъватҳои дурӯғин кишварҳоро оқибат ба кадом ҳол оварда расонид. Фирефта шудан ва ба майдонҳо кашидани ҷавонон кишварҳои бузурги ғарбиву осиёиро ба ҷангҳои даҳшатноки дохилӣ гирифтор сохтааст, ки дигар касе роҳи халосӣ аз ин вартаро ба миён оварда наметавонад. Ақли солим моро водор менамояд, ки андеша намоем: Сулҳу оромӣ хуб аст, ё садои тупу туфангу таркиш. Ҳушёрии сиёсӣ ҳамин будааст, ки агар мо сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонем.

Мо аз суханрониҳои навбатии Ҷаноби Олӣ ҳангоми паём додан ба Маҷлиси Олӣ ва бо такя ба донишу ҷаҳонбинии худ хуб дарк кардаем, ки касе аз берун омада бо нияти хайр хонаи моро обод намекунад. Ҳар касе ба ҳар қуллае мерасад, тавассути ранҷу заҳмат мерасад. Сарвари давлат дар замони ҷангҳои шаҳрвандии кишвар тӯли чанд сол ҷони худро ба хатар гузошта, барои мо сулҳу ваҳдатро таъмин сохтанд, ки ин кор осон набуд. Агар осон мебуд, кишварҳои имрӯзаи гирифтори ҷангҳои шаҳрвандӣ аз ин варта наҷот меёфтанд, ки даҳсолаҳо боз роҳи наҷот меҷӯянд. Ҷаноби Олӣ барои халқи тоҷик дар чунин як шароити дигаргуншавандаи пурхатари ҷаҳонишавӣ кафили сулҳу суботу оромӣ аст. Яъне мо ҷавонон бояд дар ҷавоби заҳматҳои Сарвари давлат  садоқатмандӣ дошта бошем. Мо бояд дар ҳар қадами худ ба хиёнат роҳ надиҳем. Пас бунёдкориву донишомӯзиҳо ин вазифаи хоҳу нохоҳи мост.

Падару модарон ва бародарони мо ки шоҳиди он даҳшатҳои солҳои навадум буданд, ҳар бор бо дидани наворҳое, ки дар он солҳо Сарвари давлат аз овардани сулҳ ваъда медод, чашмонашонро ашк фаро мегирад. Аз гуруснагиҳову таъқибҳову тарки ватан намуданҳо ёдовар мешаванд. Ноумедиву рӯзи сиёҳи он солҳоро фаромӯш накардаанд. Ҳамаи ин барои мо сабақи фаромӯшношуданӣ аст. Мо ваҳдати худро аз даст намедиҳем. Мо фирефтаи ҳеҷ як даъвату ваъдаи хоми касе намешавем. Мақсади мо бунёду ободиву ҳифзи як кишваре бо номи Тоҷикистон аст, ки онро ба наслҳои минбаъда мерос мегузорем.

Дар охир дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои рӯзафзуни ҳукумати кишвар  ҷавонон бо идома ва таҳкими корҳои илмию тадқиқотии устодони хеш дар тақвияти нерӯи касбӣ, эъҷодӣ ва илмӣ дар ин замина дар ободиву шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошем ва хизмати содиқона барои халқу Ватан бояд марому мақсади ягонаи мо қарор гирад. Мо ҷавонони соҳибкасб бояд равшангари роҳи аҳли ҷомеа, аламбардори ин миллати соҳибтамаддун ва нигаҳбони  асили мероси илмиву фарҳангии гузаштагон бошем, симои воқеии миллати тоҷик, муаррифгари он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гардем.

Омӯзгорони донишкада:

                                                                            Эшонқулов А.А.

Пиров Т.М

                                                                            Ниёзов Ф.Н.

Фирузи С.