Маҳфили навбатии забони англисии  Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон “Let’s speak English” (“Бо забони англисӣ ҳарф мезанем”) таҳти роҳбарии муаллими забони англисӣ Ҳалимов А.А. бо иштироки донишҷӯёни курсҳои дуюм баргузор гардид.

Дар он донишҷӯён доир ба мавзеъҳои ҷуғрофӣ бо забони англисӣ маълумот доданд. Аз ҷумла баромади Я. Давлатмамадов “London” (“Лондон”), О. Раҳматуллоева “Bed in summer “(“Ҷойгаҳ дар тобистон”), А. Бегалиева “Dushanbe” (“Душанбе”) ва И. Дилёбов “Badakhshon “ “Бадахшон”)  ба аҳли маҳфил писанд омад.

Дар охир мавзуи маҳфили оянда “Proverbs“ (“Зарбулмасалҳо”) интихоб шуд ва роҳбари маҳфил Ҳалимов А.А. чанде аз зарбулмасалҳоро ба таври муқоисавӣ бо забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ тафсир кард.