Бахшида ба рӯзи “Артиши миллӣ” аз 11 то 13 феврал дар донишкада мусобиқаи варзишии “Шоҳмот ва шашка”баргузор гардид. Дар мусобиқа  омӯзгорону донишҷӯён ва дигар кормандон иштирок намуданд.

Рафти мусобиқа нишон дод, ки ин самти варзиш ҳаводорони зиёде дорад. Дар ҷамъбасти мусобиқа аз рӯйи шоҳмот ҷойи аввалро асистенти кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ Абдурашид Рустамов ва ҷойи дуюмро асистенти кафедраи дизайн ва меъморӣ Исохон Тағойзода ишғол намуданд. Дар номинатсияи шашка бошад, Ширинбек Сафаров сазовори ҷойи аввал ва Ҷамолиддин Раҳмонов сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Миёни донишҷӯён дар бозии шашка ҷойи аввалро Н. Бобохонов ва ҷойи дуюмро М.  Бобохонова соҳиб шуданд.