Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни шахсиятҳои барҷаста, бузургони олами санъати тасвирӣ ва пос доштани хотири неки онҳо 28-уми апрел дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар мавзӯи “Саҳми Рассоми халқии Тоҷикистон, профессор Зуҳур Ҳабибуллоев дар рушду нумуи санъати тасвирии тоҷик” конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, ки аз баракати шогирдӣ ба рассоми маҳбуб баҳраманд гардидааст, дар суханронии муқаддимавии худ ба ифтитоҳи конференсия бо ибрози назар аз хизматҳои шоёни Зуҳур Ҳабибуллоев, мавсуфро аз саромадони мактаби нави санъати тасвирии тоҷик ва эҳёгарони дубораи ин санъати қадима дар даврони шӯравӣ номид.
-Муҳаққиқини соҳа ӯро яке аз аввалинҳое медонанд, ки аз чорчӯбаи муқаррарнамудаи санъати шӯравӣ берун рафта, санъати тасвирии тоҷикро бо забони дигар, ранги нав ва ҷилои тоза ба тамошобин пешкаш намуд. Ба қавли онҳо, бори аввал бо қалами Зуҳур Ҳабибуллоев санъати тасвирии тоҷик “ба сухан” даромад,- изҳор дошт ӯ.
“Ман ҳеҷ гоҳ тағйр наёфтаам, дигаргун нашудаам, ман ҳамеша ҳақиқатҷӯ ва ҳақиқатгӯ будам. Ҳамеша ба асл муроҷиат менамудам ва он ба ман ҳалли ҳаматарафаю дурусти масъаларо дар ҳаёт раҳнамоӣ мекард. Дар илм ҳама чизро пурра омӯхтан мумкин аст, ғайр аз санъати асарҳои таркибӣ(композитсия) ва санъати тасвирӣ. Ин санъатҳоро пурра омӯхтан имкон надорад, зеро онҳо аз умқи дил ва ҳиссиёти шахсӣ зуҳур мекунанд. Ана, барои ҳамин ҳар як расми ман ҳолати рӯҳии ман дар ҳамон замон, дар ҳамон лаҳза мебошад”,- гуфтааст худ Зуҳур Ҳабибуллоев.
Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ санъатшиносон, доктори илмҳои таърих, профессори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Л. Н. Додхудоева доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти эҷодӣ ва ташкилотчигии рассом ва устоди тавоно бо маърӯзаи “Зуҳур Ҳабибуллоев – роҳбари гурӯҳи корӣ дар эҷод ва пешниҳоди тарҳи нишон ва парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “А. Шарифзода “Саҳми Зуҳур Ҳабибуллоев дар рушди фаъолияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон”, Б. Т. Ёғибекова “ Қадри устод аз падар беш аст” баромад карда, Рассоми халқии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф, доктори илмҳои таърих , профессори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон М. Ф. Иброҳимов, ҳамкорону шогирдон М. Улҷабоева ва Д. М. Шералиев хотираҳои худро доир ба характеру хислатҳои аҷиб, ибратомӯз ва хотирмони устоди беназири санъати тасвирӣ нақл карданд.
Пас, иштирокчиёни конференсия ба се бахш – забон ва фанҳои гуманитарӣ, таърих ва санъатшиносӣ, технологияи иттилоотӣ ва иқтисодиёт ҷудо шуда, дар аудиторияҳои алоҳида беш аз 40 маърӯза шуниданд.