Дар ҷумҳурӣ бо иқдоми неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр корхонаҳои нави саноати сабук ба кор шурӯъ намуданд.

Рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дар замони ҳозира бе истифодаи воситаҳои техникӣ ва технологияи нав ғайриимкон аст. Барномаҳои компютерӣ дар рушди техника ва технология нақши муҳим мебозанд. Имрӯз бо пешрафти илму техника омӯзиши барномаҳои компютерӣ дар донишкадаву донишгоҳҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳадафи чоруми стратегии мамлакат-саноатикунониро  бе автоматикунонии  истеҳсолот тасаввур кардан мумкин нест. Алҳол дар саноати сабук яке аз равандҳои муҳим муҷаҳҳаз намудани корхонаҳо бо компютерҳои хозиразамон ва барномаҳои муосири компютерӣ ҷиҳати коркарди лоиҳаҳои муайян дар тарроҳии либос, нақшу нигори матоъ ва ғайра ба шумор меравад. Барои таҳияи лоиҳаҳои муайян дар тарроҳии либос бисёре аз ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳон кайҳост технологияҳои муосири компютериро истифода мебаранд.

Бисёре аз донишкадаву донишгоҳҳои кишвари мо бо мақсади рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат муҳассилини худро ба таълими технологияҳои компютерӣ фаро мегиранд. Дар  Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бисёр донишҷӯёни боистеъдод таҳсил мекунанд, ки дар оянда дар самтҳои тарроҳии либос, ороиши дохили бино, графика ва ғайра метавонанд мутахассинони муваффақ шаванд. Дар донишкада дар баробари омода намудани мутахассисони дигар ба тайёр кардани тарроҳони либосҳои муосир  эътибори калон дода мешавад.

Тарроҳӣ дар матоъҳои ифтихории халқи мо -чакан, атлас, адрас, банорас ва беқасам ва ба мӯди ҳозиразамон мутобиқ намудани онҳо ҳамеша дар мадди назар аст. Аллакай ин матоъҳо бо нақш ва усули беҳтарини дӯзандагӣ ба мӯди муосири ҷаҳонӣ роҳ ёфта, шогирдони донишкадаи мазкур низ  онҳоро ба олами мӯд ворид карда истодаанд.

Ҳоло таваҷҷӯҳ ба либос аз ин матоъҳо зиёд шудааст. Либосҳо бо усули муосир ва ҳамоҳангии миллӣ дӯхта шуда, ба ҳусни духтарон ҳусни тоза зам менамоянд. Мутахассисони мо дар ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои нав ба нави истифодаи ин матоъҳо, аз ҷумла на танҳо барои тӯйу маърака, балки барои кор тайёр кардани онҳо  ҳастанд.

Муосирият пеш аз ҳама маънои навсозии олами ботинӣ ва берунии инсонро дорад. Пӯшидани костюм бо мӯди мувофиқ ба кас кайфият бахшида, дар пешрафти кораш нақши муассмр мебозад. Дар ин маврид, ба назари мо, риояи масъалаи меъёрҳои миллӣ мувофиқи мақсад аст.

Зебодухтарони тоҷик бо либосҳои миллии тоҷикӣ

 

Валиев Э. Н.,

Валиева М. Ҷ.,

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон