Имрӯз, 22 июли соли 2022, соати 09:00 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти муассиса дар нимсолаи якуми соли 2022 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар оғози нишасти матбуотӣ ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат оид ба нимсолаи якуми соли 2022 маълумоти дақиқу саҳеҳ пешниҳод намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо талошу кӯшишҳои Раёсати донишкада бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълим, илм ва корҳои эҷодӣ, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардид. Аз ҷумла:
— дар бинои таълимии донишкада устохонаи нав барои ихтисосҳои бофандагии бадеӣ. Моделронии костюм ва дизайни маҳсулоти бофандагӣ сохта шуд ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи рушд устохонаи мазкур бо таҷҳизотҳои замонавӣ, комютерҳо ва дастгоҳи нусхабардории матоъ муҷаҳҳаз гардонида шуд;
— аз 17.01.2022 то 01.03.2022 тариқи онлайн омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада дар озмуни байналмилалӣ таҳти унвони “Ман дизайнер”, ки дар Донишгоҳи давлатии меъморӣ, дизайн ва санъати ба номи А.Д. Крячоваи шаҳри Новосибирски Ф. Русия доир гардида буд, иштирок намуда бо диплом ва раҳматнома қадрдонӣ карда шуданд;
— дар озмуни байналмилалии “Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон”, ки аз 10 то 12 майи соли 2022 баргузор гардида буд, 12 нафар донишҷӯдухтарони ихтисоси дизайни костюм ва газвори донишкада бо роҳбарии номзади илмҳои таърих, дотсент Д. Шералиев иштирок ва ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд;
— дар ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ду дастпарвари донишкада -Маҳваш Садриддинова донишҷӯи курси 2-юми факултети санъати тасвирӣ дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон ва Мунисаи Нуриддин донишҷӯи курси 2-юми факултети дизайн дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик ғолибият ба даст оварданд;
— дар ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” Насимбоев Ромиш донишҷӯи курси 2-юми факултети дизайн дар номинатсияи технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи дуюм гардид;
— аз ҷониби омӯзгорони ботаҷрибаи донишкада ду китоб, ду дастури таълимии тахассусии соҳаҳои санъати тасвирӣ ва меъморӣ ва шумораи дуюми маҷаллаи илмӣ-эҷодӣ бо номи “Мусаввир” ба чоп расонида шуд. Инчунин аз ҷониби аҳли эҷоди донишкада зиёда аз 10 дасри маҳорати касбӣ, 5 намоиш ва ду конференсия бахшида ба ҳаёту фаъолияти рассомони тоҷик баргузор гардид;
— аз 16.05.2022 то 25.05.2022 дар ҳамкорӣ бо Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ “Омӯзиши санъати Эбру” ба роҳ монда шуд;
— бо мақсади таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва бахшида ба 30-солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон 21 майи соли 2022 дар шаҳри Тошканд намоиши рассомони Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки дар он 100 асар ба маърази тамошо гузошта шуд;
— дар доираи имкониятҳои мавҷуда воҳидҳои кории ҳайати омӯзгорону профессорон зиёд карда шуданд. Инчунин бо мақсади боз ҳам густариш додани самти фаъолияти корӣ сохторҳои нав ташкил карда шуд;
— ду созишномаи ҳамкорӣ, бо Донишгоҳи давлатии саноатӣ-технологӣ ва дизайни шаҳри Санкт-Петербурги Ф. Русия ва бо Академияи давлатии саноатӣ Ҷумҳурии Белорусия ба имзо расонида шуд.
Дар охир ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат қайд карданд, ки дар баробари чорабиниҳои зиёди сиёсию фарҳангии дохилидонишкадавӣ омӯзгорон ва донишҷӯён дар дигар чорабиниҳо фаъолона иштирок намуда, меҳнати онҳо аз ҷониби сохторҳои гуногун қадр карда шуд. Аз ҷумла, барои меҳнати софдилона дар таблиғу ташвиқи сиёсати давлатии ҷавонон 10 нафар бо Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ — 10 нафар бо Сипосномаи ҲХДТ, инчунин 2 нафар бо медали “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 1 нафар бо медали “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 1 нафар бо медали “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 5 нафар бо Ифтихорномаи Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 нафар бо Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 нафари дигар бо Ифтихорномаи Раёсати донишкада.
Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз рӯзномаю маҷаллаҳои “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Илм ва ҳаёт”, “Народная газета”, “Садои мардум”, “Адабиёт ва санъат”, шабакаҳои ТВ “Душанбе”, “Ҷаҳоннамо”, “Илм ва Табиат” ва радиоҳои “Душанбе”, “Фарҳанг” иштирок доштанд.