Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои иқтидори беандозаи сайёҳӣ, соҳаи сайёҳии он метавонад ҳамчун воситаи таҳкимбахшандаи рушди устувор хизмат намояд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон, таъмини сулҳу субот ва сиёсати “Дарҳои кушод”, ки роҳбарияти олии мамлакат пеш гирифтааст, имконияти муаррифии иқтидорҳои сайёҳии мамлакат бамаротиб беҳбуд ёфта, таваҷҷуҳи сокинони сайёра ба ватани биҳиштосо ва дорои таърихи куҳану пурғановати мо пайваста дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Бо дарназардошти имконоту иқтидори бойи сайёҳии мамлакат бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018  “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-20121 “ Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, эълон карда шуданд. Мақсад аз эълон доштани Соли рушди деҳот, сйёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” – ин истифодаи мақсаднок ба манфиати пешрафту шукуфоии мамлакат ва сокинони он истифода намудан аз иқтидору имконоти сайёҳии мамлакат мебошад. Алалхусус ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҳудуди ҷумҳурӣ барои муарифии фарҳанги ниёгонамон ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ аҳамияти хеле  муҳим дорад.

Аз ҷумла, ёдгориҳои таърихию меъмории Мақбараи Зайналобиддини ноҳияи Ҷиликул, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Хоҷа Дурбоди ноҳияи Шаҳритуз, Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кўлоб, Мақбараи Абулқосими Гургонӣ дар ноҳияи Айнӣ, Мақбараи Хоҷа Аюби Ансорӣ, Мақбараи Султон Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалинг, Мақбараи Мавлоно Қутбиддин дар ноҳияи Балҷувон, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Обиддин, Хоҷаи Заррин, Шаҳидҷон дар  ноҳияи Данғара, Масҷиди Мавлоно Усмони Чархӣ дар шаҳри Истаравшан, Мақбараи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Қалъаи Санҷаршоҳ дар шаҳри Панҷакент, хона-музей ва мақбараи шоир Нақибхон Туғрал дар ноҳияи Айнӣ, мақбараҳои Хоҷаи Нур ва Шоҳи Хомўш дар ноҳияи Муъминобод, Мақбараи Бурқи Валӣ дар ноҳияи Сангвор, Қалъаи Вомари ноҳияи Рўшон, Қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, Қалъаи Балҷувон, Қалъаи Мўъминобод, ёдгориҳои мамнўъгоҳи Ҳисор, Қалъаи Ўрда дар шаҳри Исфара, Масҷиди Чилсутун дар ноҳияи Деваштич, Қалъаи Муғтеппа дар ноҳияи Шаҳристон номгўйи як миқдор ёдгориҳои дар давраи соҳибистиқлолии  кишвар мавриди омўзиш, тармим ва барқароргардида мебошанд.

Умуман Тоҷикистон дорои 2020 ёдгории таърихию фарҳангӣ буда, аз ин миқдор 1278-тоаш асари бостонӣ, 300- асари меъморӣ ва 442 –асари таърихию муҷасамавӣ мебошанд. Аз шумораи номбаршуда шаҳру шаҳракҳои қадима-220, конҳои қадима – 83, қалъаҳо-70, мақбара ва масҷидҳои таърихӣ-110, катибаҳои руисангӣ -43, тасвирҳои рўйисангӣ-15, макон ва талу теппаҳои таҳқиқнагардида-645 ададро ташкил медиҳанд.

Бисёр ёдгориҳои таърихӣ ва меъмориҳо, аз ҷумла оромгоҳи яке аз мутафаккирони бузурги асри XIV Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ дар шаҳри Кўлоб бударо бисёр сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дидан мекунанд ва ҳаёти гузаштаи онро меомўзанд.

Номи асосии ин шахси шариф Алӣ бинни Шаҳобиддин буда, дар Ҳамадони Эрон дар оилаи марди донишманду пурзаковат ва барўманди замон ба дунё омадааст. Дар хусуси соли таваллуди ў якчанд фикрҳои мухталиф мавҷуданд, лекин дар аксар чашмаҳои таърихию адабӣ санаи таваллуди Сайид Алии Ҳамадониро 12-уми моҳи раҷаби соли 714 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 12 октябри соли 1314 мелодӣ муайян намудаанд ва мешуморанд. Ўро дар мамолики Машриқзамин бо номҳои дигар низ аз қабили Шоҳи Ҳамадон, Мири Ҳамадон, Мири Кабир, Сиёҳпушт, Мири Сиёҳпушт, Ҳазрати Амирҷон ёдоварӣ мекардаанд.

Дар Тоҷикистон, хоса дар минтақаи Кўлоб ва Бохтар (Қурғонтеппа) аз рўи  муҳаббати бепоёну самимият ўро Ҳазрати Амирҷон ном мебаранд.

Оромгоҳи Мир Сайид Алии Хамадонӣ

Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалинг, 18 км аз шимолу ғарби  шаҳраки Ховалинг дур ҷойгир шудааст. Мавзеи сарсабз, ободу зебоест, ки нишастан дар болои сабзазори назди мазор, тамошои табиати атроф, мақбараи аз нав таъмиршуда бо  гунбазҳои тиллоӣ, роҳравҳои зебо, ки бо тамоми бино аз хишти пухта бо омезиши гаҷу лой сохта шудааст, ба кас ҳаловат мебахшад.

Оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ

Ғайр аз ин дар минтақаи мазкур оромгоҳи Ҳоҷи Шақиқи Балхӣ дар асри IX, Шоҳ Неъматулои Вaлӣ асри XIV ва дигар мутафаккирони бузург ҷойгиранд.

Мақбараи Сайид Ҳасаншоҳ Шоҳи Хомўш тахминан ба асрҳои 11-12 рост меояд. Ин орифи бузург марди Исфаҳонӣ буда,  бо мақсади таблиғи таассуф ба ин сарзамин ба воситаи Шуғнон ба Чорсў (Муъминободи имрўза) меояд, ки баъди чанд муддат Шоҳи Хомўш низ аз Дарвоз гузашта, ба ин ҷо меояд ва ба ҳазрати Мир Сайид Ҷалолиддини Гулдаста мулоқот менамояд. Ба ҳамин тариқ, Сайид Ҳасаншоҳи Хомўш сокини Дараи Туркияи Хатлон, ки ҳоло номи Лангарро ба худ гирифтааст, мегардад.

Оромгоҳи Сайид Ҳасаншоҳи Хомўш

Қалъаи Ҳулбук  дар ноҳияи Восеъ ҷойгир буда, он яке аз калонтарин шаҳр ва пойтахти Хатлон дар асрҳои IX – X ба ҳисоб мерафт. Дар ин ҷо қалъае вуҷуд дошт, ки дар вақти ҳафриёт аз он бақияи қасри пурзебу зинати Хатлон ёфт шудааст.

Ҳангоми гузаронидани корҳои ҳафриётӣ дар шаҳристон маълум гардид, ки биноҳои истиқоматӣ аз хишти пўхта сохта шуда, хишти хом низ гоҳе алоҳида ва гоҳе дар якҷоягӣ бо хишти пўхта истифода бурда мешудааст. Хонаҳои истиқоматӣ ободу муҷаҳҳаз буда, деворҳо бо рангҳои сафед ва дигар рангҳо андова карда шудааст. Фаршҳо низ ботартибона бо чўб пўшонида шуда, ҳамчунин аҳолии шаҳристон тавассути қубур бо оби нўшокӣ таъмин мегардид. Дар қаламрави шаҳристон устохонаҳои гуногуни ҳунармандӣ мавҷуд будааст.

Бозёфтҳои наққошиҳои деворӣ аҳамияти махсусеро касб кардааст. Аксари олимон бар ин назар буданд, ки санъати наққошии деворӣ бо густариши ислом дар Осиёи Миёна аз байн рафтааст. Аммо тибқи иттилои муаллифи асри XI — Байҳақӣ чунин намунаҳои наққошӣ дар қасрҳои ғазнавиён дар Афғонистон мавҷуд будааст ва ин гуфтаи муаллифро бозёфтҳо  аз қасрҳои шаҳристони Ҳулбук тасдиқ месозад. Айни замон ба туфайли бозёфтҳои ёдгориҳои таърихӣ аз шаҳристони Ҳулбук ва Сайёд метавон хулоса намуд, ки ҳунармандии асримиёнагӣ дар Осиёи Миёна низ вуҷуд доштааст. Дар шаҳристони Ҳулбук ба миқдори хеле зиёд зарфҳои биринҷиву шишагӣ ва сафолӣ дарёфт шудаст. Донаҳои шоҳмоти аз устухони фил сохташуда хеле ғайриоддианд. Ҳамчунин маҳсулоти аз санг сохташуда бозёфт гардидааст. Қасри поёнӣ дар давоми асрҳои IX-X ва болоӣ дар тўли асрҳои XI-XII вуҷуд доштааст. Дар шаҳристони собиқ Қурбоншаҳид ҳозира Меҳробод корҳои ҳафриётӣ дар солҳои 1953-1954 гузаронида шудааст. Ҳамчунин аз ҷониби Е.А. Давидович ва Б.А.Литвинский аз соли 1957 то соли 1994 ва аз тарафи Ю. Ёқубов дар солҳои 2003-2006 низ чунин корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Истифодаи васеи ёдгориҳои қалъа барои тамошобинон, таҳияи хатсайрҳо, ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар шароити кунунӣ аз аҳамият холӣ нест. ҚалъаиҲулбук моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан — пойтахти фарҳангии давлати Чин дар қатори 8 ёдгории беназири халқи тоҷик ба силсилашаҳрҳои «Шоҳроҳи бузурги абрешим» — и ЮНЕСКО ворид гардид ва бо ҷоизаи махсуси он қадр карда шуд.

Шомил гардидан ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ ин пеш аз ҳама, мавқею мартабаи давлат ё як миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардорад. Ин бо он далолат медиҳад, ки ин халқ дорои таърихи куҳан мебошад ва дар таърихи башарият ҳиссаи чашмрас гузоштааст. Акнун Қалъаи Ҳулбук натанҳо чун мероси таърихии як миллат, балки чун мероси умумибашарӣ шинохташуда, баҳри омўзишу нигаҳдории он аз тарафи ЮНЕСКО низ диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Қалъаи Ҳулбук

Чунон, ки ҳафриёти Ҳулбук исбот намуд, дар асрҳои IX – X шишагарони Хатлон дар ин соҳа низ комёбиҳои зиёд доштанд. Ҳафриёт нишон дод, ки дар Ҳулбук ин ҳунар бо ду тарз ривоҷ дошт: бо қолаб ва дамиданишишаи шаффоф ва ҳам ѓайришаффофтайёр мекарданд.

Дар назди маҷмааи Ҳулбук осорхонаи таърихию  кишваршиносӣ сохта шудааст, ки он ба сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ хизмат мерасонад.

Бо шарофияти Истиқлолияти давлатӣ  Ҳулбук баъд аз тармим ба яке аз мавзеъҳои дўстдоштаи сайёҳони  ватанию хориҷӣ табдил ёфтааст.

Оромгоҳи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (Заробӣ)

Шайх Неъматуллоҳи Кирмонӣ дар ҷаҳони  илму маърифат бо номҳои Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Шайх Саидшоҳ Неъматуллоҳи Кирмонӣ ва Шоҳ Неъматуллоҳи Заробӣ маълуму машҳур аст. Ному насаби пурраи олим, шоир ва мутафаккир Саид Нуриддин Неъматуллоҳ ибни Абдуллоҳ буда, яке аз барҷастатарин чеҳраҳои муқаддаси рўҳонияти ислом мебошад. Аксари муҳаққиқони ватанию хориҷӣ санаи таваллуди ўро тақрибан ба соли 1329 ба қалам додаанд.

Дар аксари манбаъҳо омадааст, ки аломаи улуми «қуронӣ» ба пешвои ҷамоаи бонуфуз 102 сол умр дида, соли 1431-и мелодӣ аз олам дар гузаштааст. Оромгоҳи ин марди фозил соли 2000 ба дастгирии ширкатти «Самар» ва мусоидати мардони саховатманд аз сари нав пурра таъмиру тармим гардид.

Осорхонаи мардумии ноҳияи Балҷувон

Осорхонаи мардумии ноҳияи Балҷувон соли 1980 таъсис дода шуда, дорои 2650 нигораҳои  даврони гуногун мебошад. Ҳар фарде, ки ба ин осорхона ташриф меорад, аз чунин ёдгориҳои замони гузаштаи ин диёри куҳан таасуроти хеле хуб мегирад.

Панҷакенти қадим ёдгории таърихии давраи тоисломӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин маҳал аз асри 5 то асри 8 давраи мо Суѓдиён – аҷдоди тоҷикони муосир, ки дар водии Зарафшон умр ба сар мебурданд, зиндагӣ кардаанд.

Дар ин ёдгории таърихӣ ҷузъҳои алоҳидаи шаҳри қадима, аз қабили худи шаҳрак (майдони 13,5 гектар), арки ҳоким (2,5 гектар), работ (боѓҳо ва боѓҳои беруназшаҳрӣ бо масоҳати қариб 70 гектар) ва қабристон боқӣ мондааст. Ёдгории Панҷакенти қадим дар он ифода меёбад, ки тамоми қаламрави он то замони мо бо сохтмони биноҳои пештара ва чун замини киштукор истифода бурдани онҳо хароб нагардидааст. Биноҳо, маъбаду ибодатхонаҳо, кўчаҳо ва паскўчаҳои он дар намуди аввала ҳифз шудааст. Шаҳристон бо девори қалъагӣ иҳота гардида, дар дохили шаҳр ду ибодатгоҳи зардуштиён, биноҳои истиқоматӣ бо деворҳои пурнақшу нигор, мусаввара, ҳашт кўча, фурўшгоҳҳо, боқимондаҳои устохонаҳои ҳунармандӣ ва иншооти муҳофизатӣ бозёфт карда шудааст.
Дар Панҷакенти қадим ҳар кадоме аз суѓдиёни осудаҳол дар манзили худ толори пуршукўҳи деворҳояш бо  нақшу нигор ородода, гаҷкорӣ ва аз чўб кандакоришуда дошт.

Панҷакенти қадимро бо чунин ёдгориҳои дар ҷаҳон машҳур чун Афросиёб, Варахш, Пайкент (Ўзбекистон), Нисо, Марв (Туркманистон), Оқ-теппа, Тара, Отрар (Қазоқистон), Уструшана, Кофир-Қалъа, Ҳулбук (Тоҷикистон),Чакалак-теппа (Афѓонистон) ва амсоли ин метавон муқоиса намуд.
Корҳои баргузорнамудаи ҳафриётӣ тақрибан ҳудуди нисфи ёдгориро фаро мегиранд. Дар арки мавҷуда, хусусан теппаи алоҳидаи ҳоким ва гўристон корҳои ҳафриётӣ гузаронида шудааст.

Яке аз ёдгории қадимаи ин ҷо Саразм буда, дар 15 километрии ѓарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Майдони аввалаи ёдгории таърихӣ қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус, дар давраҳои энеолитӣ замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтааст. Асоси иқтисодии сокинони Саразмро  соҳаи ҳунармандии махсус ва соҳаи заминдорӣ ташкил медод, ки ҳам аз киштукори заминҳои обӣ ва ҳам заминҳои лалмӣ иборат буд.

Саразм ҳамчун ёдгории қадима тирамоҳи соли 1976  аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов  кашф гардид. Ёдгории  Саразм » тибқи ақидаи барҷастатарин донандаи  забони Суѓдӣ В.А. Литвис маънои»Сари замин»-ро дорад.

Саразм дар Панҷакент

Аз охири  асрҳои 4-ум сар карда, то асри мо шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои металлургии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Ба ин захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва рўҳ дар кўҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст. Бо густариши робитаҳои ҳамкорӣ дар миёнаҳои ҳазорсолаи IV — уми то асри мо саразмиён бо марказҳои қадимаи заминдории Туркманистони ҷанубӣ, Эрон, Болуҷистон, Ҳиндустон ва Афѓонистон муносибатҳои ҳамкории фарҳангӣ ва тиҷоратӣ ба роҳ монданд. Ҳамин тариқ, шаҳраки Саразм ёдгории беназире ба ҳисоб меравад, ки дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва муносибатҳои мардумии давраҳои  энеолит ва давраи асри биринҷиро таҷассум кардааст. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии бостоншиносон, ки шаҳраки Саразмро таҳқиқ кардаанд, дар бисёр симпозиумҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон (солҳои 1979 ва 1994 ), Вашингтон (солҳои 1981 ва 1986 ), Париж (соли 1985 ), Олмон (солҳои 1992), Эрон (соли 2003 ), Италия (соли 2007) ва қитъаи Африқо (соли 2008), мавриди омўзиш ва баррасӣ қарор гирифтааст. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №391, аз 21 -уми сентябри соли 2001, ёдгории қадимаи таърихии 5500 солаи шаҳраки Саразм дар ноҳияи Панҷакент ҳамчун маркази ташаккули илмӣ ташкил шудааст.

Дар шаҳри қадимаи Истаравшан ёдгории бостонии асри V то мелод — Қалъаи Муғ воқеъ аст. Қалъа дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, масофаи деворҳои он беш аз 600 метр ва майдони умумиаш 7 гектарро ташкил медиҳад. Табиист, ки ин иншоот аз нигоҳи зебоӣ метавонад таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб намояд. Дар ин ҷо таҳти раҳбарии шарқшиноси маъруф А Фрейман тобистони соли 1933 ҳафриёт гузаронида шуда, дар харобаҳои қалъа беш аз 100 намуд бозёфтҳо пайдо шуданд. Бойгонии иборат аз 74 ҳуҷҷат бо забони суғдӣ, 1 санад — бо забони арабӣ ва туркии қадима, ҳамчунин якчанд ҳуҷҷат бо забони чинӣ мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифт.

Қалъаи Муғ

Ҳисори Шодмон таърихи қадима дошта, ёдгориҳои таърихии он нишонае аз куҳанбунёдии ў дарак медиҳад. Яке аз онҳо Маҷмааи ёдгориҳои таърихӣ қалъаи Ҳисор аст. Қалъаи Ҳисор ва маҷмўаи ёдгориҳои таърихии он нишонае аз маданияти зиёда аз 5000- солаи Тоҷикистон буда, яке аз ганҷинаҳои бебаҳои мардуми ориёнажоди ин сарзамин ба шумор меравад. Ҳисор (маънои луѓавияш қалъа, мавзеи атрофаш деворбаста, диж) ҳазорсолаҳост, ки ҷойи сукунати одамон аст. Ин сарзамин ҳанўз дар давраҳои Пешдодиёни афсонавӣ ва замони Зардушт бо номи Шумон давлати алоҳидае будааст.

Қалъаи Ҳисор

Вожаи Шумон дар қисмати «Занд-Позанд»-и «Авасто» ҳамчун мулк зикр шудааст. Маънои калимаи Шумон дунгии пешонӣ, яъне баландӣ аст. Бозёфтҳои археологии Теппаи Ѓозиён ба охири давраи биринҷӣ ва аввали даврони оҳан тааллуқ доранд, ки дар таърих бо номи «Маданияти Ҳисор» номгузорӣ шуда, эътироф ва маъруф гаштааст. Маданияти Ҳисор бозёфтҳои бисёр мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ аз ҷумла, (Тутқавул, Кўли Бўлёни Данѓара ва ѓайраро) дар бар гирифта, ба ҳазораҳоиVI–III пеш аз мелод мансуб мебошад.

Чорроҳаи роҳи таърихии Абрешим бо воситаи Шумон ( Ҳисори Шодмон) мегузаштааст. Сайёҳи Чин Сюан Тсзян дар асри VII қайд кардаааст, ки хонигарии Шумон аз Ѓарб то Шарқ чор рўза, аз ҷануб ба шимол якрўза роҳи сафар ва маркази мулки Шумон дар Қалъаи Ҳисор воқеъ будааст. Ҷуѓрофиянигори араб Ал-Муқаддасӣ дар асри Х Шумонро модари шаҳрҳо донистааст. Дар асрҳои минбаъда Ҳисор ҳамчун давлати ниммустақили андозсупоранда ба ҳайати давлати Сомониён дохил буд. Баъди бастани сулҳ соли 948-949 дар Ҳисор давлати Сомониён мавқеи худро дар Шарқ васеъ ва мустаҳкам менамояд.

Маҷмааи «Хоҷа Машҳад»  макони ҷойгиршави вилояти Хатлон, деҳаи Сайёд, 6 км дар ҷанубу шарқии Шаҳритус, ба тарафи деҳаи Айваҷ, дар соҳили дарёи Кофарниҳон мебошад.

 

Маҷмааи Хоҷа Машҳад

Хоҷа Машҳад шахси  шинохтае  дар олами  ислом буд, ба Қубодиён  аз Эрон ва ё ягон кишварҳои шарқӣ наздик тахминан дар нимаи дуюми асри 9 ва аввали асри 20 (вақташ аниқ муайн нест) омадааст. Хоҷа Машҳад мубаллиѓи ислом ва шахсӣ хеле бой буд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо  сохтмони мадраса бо маблаѓи шахсии ў ба анҷом расонида, пас аз вафоташ дар ҳаминҷо гуронида шудааст.

Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоишҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар шаҳрҳои Москва, Минск, Алмаато, Бишкек, Тошканд, Самарқанд, Деҳлӣ ва Пекин  иштирок намуданд. Ба онҳо муяссар гардид, ки дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи Тоҷикистонро оид ба масъалаи мазкур мустаҳкам намуда, ба ин васила ҷаҳони муосирро бо мероси пурғановату пурарзиши тоҷикон шинос  намоянд.

Дар ҳамоишҳои байналмилалӣ 13 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъмории Тоҷикистон ба рўйхати силсилаҷоизаи «Шоҳроҳи бузурги абрешим»- и ЮНЕСКО ворид  шуданд, ки боиси ифтихори тоҷикистониён мебошад. Ба ин номгўи ёдгориҳои таърихӣ шаҳраки Панҷакенти қадим, шаҳраки Бунҷикат, шаҳраки Ҳисор, Дайри буддоии Аҷинатеппа, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, шаҳраки Тахти Сангин, шаҳри Ҳулбук, Қалъаи Ямчун ёдгориҳои водии Вахон, Қалъаи Хуҷанд, Маҷмааи меъмории асримиёнагии Шайх Муслиҳиддин, тасвирҳои рўйисангии ноҳияи Ашт, ёдгории меъмории асримиёнагии Мадрасаи Ойим, ёдгории меъмории асримиёнагии Мадрасаи Мир Раҷаб дохил гардидаанд.

Тоҷикистон дар оянда бояд иштирокчии фаъоли бозори байналмилалии хизматгузории туристӣ гардад. Баробари таблиѓоти васеи саноати сайёҳӣ, иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, форум, конференсияҳо ва ҷашнвораҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ низ зарур аст.

Бо дарназардошти мушкиливу камбудиҳои ҷойдошта бояд ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, танзими туризми воридотӣ ва содиротӣ, таҳлили маркетинги имкониятҳои туристии кишвар, тарбия ва таъмини соҳа бо кадрҳои соҳибихтисос, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва маблаѓгузории давлатӣ ва ба танзимдарории системаи омории соҳа шароит муҳаё намоем.

Сайёҳии дохилӣ яке аз муҳимтарин  истифодабарандагони оқилонаю самараноки унсурҳои табиию- экологӣ ва объектҳои мероси таърихию фарҳангии кишвар ба ҳисоб мераванд. Афзалиятҳои сайёҳии дохилӣ имрӯз, пеш аз ҳама, дар он зоҳир меёбад, ки нисбат ба сайёҳии берунӣ арзон буда, аз хариди чиптаҳо, раводид ва ғайра орӣ мебошанд ва аз лиҳози бехатарӣ низ барои сайёҳон мақомоти ваколатдори давлатӣ созгор аст. Аз ин рӯ, ҳама гуна давлат ҳавасманд аст, ки шаҳрвандонаш истироҳати худро бештар дар дохили кишвар гузаронанд.

Ин омил ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мусоидат намуда, ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад. Ҳамзамон даромади бештар ба буҷети  кишвар гардида, содиршавии маблағҳои зиёдро ба беруни кишвар монеъ мегардад ва гардиши онҳоро дар дохили кишвар вусъати тоза мебахшад.

Сайёҳии дохилӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ буда, аз буҷети давлатӣ маблаѓи зиёд талаб намекунад. Дар баробари ин, ҷанбаҳои идорӣ, таълимӣ, методӣ ва иттилоотии ин навъи фаъолият дар доираи  имкониятҳои умумии барои соҳаи туризм муқаррар гардида амалӣ гардида истодаанд. Дар ин муносибат бо дарназардошти таҳлили боло зарур мегардад, ки соҳаи туризм ба ду самт: дохилӣ ва берунӣ ҷудо гардидан, нафъи бештар хоҳанд овард. Масалан, тибқи таҳлилҳои пешакӣ туризми дохилӣ метавонад, имкониятҳои зерини молиявиро фароҳам биёрад:

  • имконоти инфрасохтории туризмро такмил дода, маблаѓи зиёдеро аз ҳисоби ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷомеа ворид созад.

— дар роҳи ташкил ва рушди хизматрасонии сайёҳӣ барои саёҳати шаҳрвандон маблаѓи (саҳми) иловагии соҳибкоронро ба соҳа ҷалб созад.

— шахсони воқеиро, бахусус истиқоматкунандагони мавзеъҳои сайёҳиро водор созад, ки ташкили (маблаѓгузории) хизматҳои мувофиқ ва муносиби сайёҳиро ба роҳ монанд ва ба ин васила даромади зиёди молиявӣ ба даст оранд.

— доираи соҳибкорон ва дигар гурўҳи субъектҳоро барои амалӣ намудани хизматрасонии пулакии сарироҳӣ водор созад.

— истеҳсолкунандагони маҳсулот ва маснуоти халқиро, аз қабили наққошон, чўбтарошон, сангтарошон, рассомон, дузандагон ва ѓайра барои омода намудани маҳсулоти гуногуни сайёҳӣ ва ба фурўш баровардани онҳо фаъол гардонад.

— субъекҳои соҳибкорӣ зиёд ва ба ин васила ҷойҳои иловагии корӣ фароҳам гардида, пардохтҳои андоз ба давлат зиёд мегардад.

Илова бар ин, рушди сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ туфайли истифодаи оқилонаю самараноки  захираҳои  маҳаллии сайёҳӣ, равнақи индустрия ва инфрасохтори сайёҳӣ ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Сайёхӣ ҷаҳонбинии инсонро васеъ намуда, тафаккури онро баланд мебардорад ва имкон медиҳад, ки истироҳату дарки оламро ҳамоҳанг созад. Сайёҳии фарҳанг ба омўзиши ҳаёт ва таъриху фарҳанг, расму оини мардуми шарифи Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, таъсир мерасонад. Барои сайёҳи дохилию хориҷӣ дидани ҷойҳои ҷолиб аҳамияти бузург дорад. Дидаҳо ва шунидаҳо дар амали сайру гашт одатан дар хотираи инсон абадӣ нақш мебандад. Шиносоӣ бо фарҳанг, расму оинҳои халқиятҳои кишварҳои мухталиф маънавиёти инсонро бою ѓанӣ мегардонад.

Барои рушди соҳаи туризм ҳоло дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамаи шароит муҳайё буда, дар ин бора аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр иқдомҳои нек амалӣ гардида истодаанд.

Бо дарназардошти ҳама шароиту имкониятҳои мавҷуда ва муҳити мусоид, кишвари азизамон Тоҷикистон, метавонад  бо роҳи муаррифии  ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ шумораи сайёҳонро даҳчанд афзун намояд ва ҳамчун соҳаи сердаромад дар рушди иқтисодии кишвар нақши муҳим гузорад.

  • имконоти инфрасохтории туризмро такмил дода, маблаѓи зиёдеро аз ҳисоби ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷомеа ворид созад.

— дар роҳи ташкил ва рушди хизматрасонии сайёҳӣ барои саёҳати шаҳрвандон маблаѓи (саҳми) иловагии соҳибкоронро ба соҳа ҷалб созад.

— шахсони воқеиро, бахусус истиқоматкунандагони мавзеъҳои сайёҳиро водор созад, ки ташкили (маблаѓгузории) хизматҳои мувофиқ ва муносиби сайёҳиро ба роҳ монанд ва ба ин васила даромади зиёди молиявӣ ба даст оранд.

— доираи соҳибкорон ва дигар гурўҳи субъектҳоро барои амалӣ намудани хизматрасонии пулакии сарироҳӣ водор созад.

— истеҳсолкунандагони маҳсулот ва маснуоти халқиро, аз қабили наққошон, чўбтарошон, сангтарошон, рассомон, дузандагон ва ѓайра барои омода намудани маҳсулоти гуногуни сайёҳӣ ва ба фурўш баровардани онҳо фаъол гардонад.

— субъекҳои соҳибкорӣ зиёд ва ба ин васила ҷойҳои иловагии корӣ фароҳам гардида, пардохтҳои андоз ба давлат зиёд мегардад.

Илова бар ин, рушди сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ туфайли истифодаи оқилонаю самараноки  захираҳои  маҳаллии сайёҳӣ, равнақи индустрия ва инфрасохтори сайёҳӣ ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Сайёхӣ ҷаҳонбинии инсонро васеъ намуда, тафаккури онро баланд мебардорад ва имкон медиҳад, ки истироҳату дарки оламро ҳамоҳанг созад. Сайёҳии фарҳанг ба омўзиши ҳаёт ва таъриху фарҳанг, расму оини мардуми шарифи Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, таъсир мерасонад. Барои сайёҳи дохилию хориҷӣ дидани ҷойҳои ҷолиб аҳамияти бузург дорад. Дидаҳо ва шунидаҳо дар амали сайру гашт одатан дар хотираи инсон абадӣ нақш мебандад. Шиносоӣ бо фарҳанг, расму оинҳои халқиятҳои кишварҳои мухталиф маънавиёти инсонро бою ѓанӣ мегардонад.

Барои рушди соҳаи туризм ҳоло дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамаи шароит муҳайё буда, дар ин бора аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр иқдомҳои нек амалӣ гардида истодаанд.

Бо дарназардошти ҳама шароиту имкониятҳои мавҷуда ва муҳити мусоид, кишвари азизамон Тоҷикистон, метавонад  бо роҳи муаррифии  ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ шумораи сайёҳонро даҳчанд афзун намояд ва ҳамчун соҳаи сердаромад дар рушди иқтисодии кишвар нақши муҳим гузорад.

Субҳон Усмонов –н.и. п., дотсенти кафедраи забонҳо ва  фанҳои гуманитарӣ