15 августи соли 2020 ҷаласаи Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғози ҷаласа хотираи устодони донишкада Шодиев Абдураҳим, Шобутолибов Шобутолиб ва Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Гимни кишвар Гулназар Келдӣ, ки дар ин муддат аз дунё гузашта буданд, бо лаҳзаи хомӯшӣ ёдоварӣ карда шуд.
Шӯро масъаларо “Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти донишкада дар соли таҳсили 2019-2020, ҳолати омодагӣ ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2020-2021” дида баромад, ки аз рӯи он ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ҳисобот дод. Қайд карда шуд, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар давоми ҳафт соли фаъолияти худ ҳамчун мактаби олии касбӣ ташаккул ёфта, имрӯз дар қатори муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойи сазоворро ишғол менамояд. Донишкада соли 2013 бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шуда, аввалин муассисаи мустақили давлатӣ мебошад, ки мутахассисонро дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн дар дараҷаи бакалавр ва магистр тайёр мекунад.
Ҳоло шумораи умумии омӯзгорон ва кормандони донишкада 194 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 50 нафар ҳайти ёрирасони техникӣ, 61 нафар дигар кормандон ва 83 нафар омӯзгор мебошанд. Боиси ифтихори мо мебошад, ки дар қатори омӯзгорони донишкада рассомони халқии Тоҷикистон, Арбобони ҳунари Тоҷикистон, мусаввирону дизайнерони маъруф ва шинохтаи ҷумҳурӣ кор ва фаъолият мекунанд. Потенсиали илмии донишкадаро, аз ҷумла 2 нафар профессор ва 6 нафар дотсентон ташкил медиҳанд.
Хушбахтона, соли ҳисоботӣ 2 нафар омӯзгорони донишкада аз комиссияи Шӯрои олии аттестатсионӣ бомуваффақият гузашта сазоворӣ унвони илмии дотсент гардиданд. Инчунин, моҳи феврали соли 2020 омӯзгори кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ – Ҷамила Худойбердиева рисолаи номзадии худро ҳимоя карданд.
Сохтори таълимии донишкадаро 3 факултет, 8 кафедра, шуъбаҳои таълим, илм ва корҳои эҷодӣ, методӣ, тайёрӣ, бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо, маркази бачагонаи рассомӣ, устохонаҳои тахассусӣ ва дигар шуъбаҳо ташкил медиҳанд, аз ҷумла:
– кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ.
Факултети санъати тасвирӣ:
– кафедраи графика ва миниатюра ба номи Ф. Хоҷаев;
– кафедраи санъатшиносӣ;
– кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ;
– кафедраи санъати ороишию амалӣ ва монументалӣ.
Факултети дизайн:
– кафедраи тарҳрезии бадеии либос;
– кафедраи дизайн ва меъморӣ;
– кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод.
Факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ:
– таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона;
– шуъбаи тайёрӣ;
– маркази бачагонаи рассомӣ.
Бахши магистратура ва аспирантура:
– зинаи магистратура;
– зинаи доктор PhD.
Раванди таълим дар зинаи бакалавриат (шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ) ва магистратура (рӯзона) ба роҳ монда шуда, тибқи иҷозатнома, таҳсил дар зинаи бакалавриат аз рӯйи 26 ихтисос ва дар зинаи магистратура аз рӯйи 13 ихтисос мегузарад.
Дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2019-2020 шумораи умумии донишҷӯён дар донишкада ба 1495 –ро ташкил додо,ки аз ин шумора 844 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 651 нафар дар шуъбаи фосилавӣ (ғоибона) таҳсил менамуданд.
Дар шуъбаи рӯзона донишазхудкунии донишҷӯён 95,4 %-ро ташкил дод. Ин нишондод нисбат ба сессияи гузашта 5,2 % боло рафтааст. Теъдоди донишҷӯёни аълохон дар ин давра ба 28 нафар расид, ки ин нисбат ба соли гузашта 8 % зиёд мебошад. Пас аз пурра ҷамъбаст гардидани СИЗ -17 нафар донишҷӯ бинобар сабаби қарзи академӣ хориҷ карда шуданд.
Дар шуъбаи фосилавӣ аз 651 нафар донишҷӯ – 564 нафарашон ба даври фаъоли сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2019-2020 иҷозат дода шуданд. 87 нафари дигар бинобар пурра насупоридани маблағи шартнома ба сессия роҳдода нашуданд. Донишазхудкунии донишҷӯён 76 %-ро ташкил дод. Ин нишондод нисбат ба сессияи гузашта 4 % боло рафтааст. Пас аз пурра ҷамъбаст гардидани СИЗ -82 нафар донишҷӯ қарздор монданд.
Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020, яъне пас аз ҷамъбасти аттестатсияи давлатии хатм ва комиссияи интиқолу барқарор шумораи умумии донишҷӯён дар донишкада ба 1192 нафар расид. Аз ин шумора 670 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 522 нафар дар шуъбаи фосилавӣ (ғоибона) мебошанд.
Бинобар вазъияти ба амал омада, яъне дар ҷумҳурӣ паҳн шудани бемории COVID-19 дар шуъбаи рӯзона даври фаъоли сессияи имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили 2019-2020 нисбат ба солҳои гузашта барвақтар, яъне то 04.05.2020, ҷамъбаст гардид. Аз 670 нафар донишҷӯ дар даври фаъол ҳамагӣ -486 нафар донишҷӯ иштирок намуда СИТ-ро бомуваффақият ҷамъбаст намуданд, ки донишазхудкунии донишҷӯён 72,5 %-ро ташкил дод. Боқимонда 184 нафар донишҷӯ дар СИТ ширкат накарданд, ки ба даври такрори гузаронида шуданд.
Дар шуъбаи фосилавӣ бошад бо дар назар дошти вазъият ва дар асоси супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ сессияи имтиҳонии тобистона баргузор гардид, ки айни замон аз 522 нафар донишҷӯ -364 нафарашон СИТ-ро ба пуррагӣ супориданд. Боқимонда бинобар аз ҳисоби шартномаи соли таҳсил қарздор будан ба СИТ роҳдода нашудаанд.
Айни замон аз шумораи умумӣ теъдоди донишҷӯёни хориҷие, ки дар донишкада таҳсил менамоянд ба 21 нафар расидааст, ки онҳо аз Ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон, Узбекистон ва Қазоқистон мебошанд.
Дар соли ҳисоботи зинаи бакалаврро 256 нафар донишҷӯ – 159 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 97 нафар дар шуъбаи фосилавӣ хатм менамуд. Ҷараёни имтиҳони давлатии хатм бомуваффақият гузашт ва бинобар вазъи ба амал омада, яъне дар ҷумҳурӣ паҳншудани бемории COVID-19 танҳо ба 180 нафар хатмкунанда муяссар гардид, ки дар даври аввал рисолаи бакалаврии худро ҳимоя кунанд, ки аз ин шумора 10 нафарашон сазовори дипломи “Аъло” гардиданд.
Ҷараёни такрории ҳимояи рисолаи бакалаврӣ вобаста ба ихтисосҳо аз 07.08.2020 то 15.08.2020 сурат гирифт. Аз 76 хатмкунандаи боқимонда дар даври такрори ҳамагӣ – 49 нафар иштирок намуда, рисолаи бакалаврии худро ҳимоя карданд.
Дар давраи ҳисоботӣ омӯзгорону кормандони донишкада дар маҷаллаҳои илмию фарҳангӣ ва рӯзномаҳо зиёда 100 адад мақолаҳои илмию оммавӣ нашр карданд. Инчунин дар давоми сол аз ҷониби омӯзгорони донишкада 1 адад монография ва 6 адад дастури методӣ ба чоп расонида шуд.
Шумораи конференсияҳои илмӣ-амалӣ дар донишкада баргузоршуда дар соли 2019 – 2 ададро ташкил медиҳанд, ки 1-тои он дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд. Ҳамзамон, 5 адад чорабиниҳои илмӣ баргузор гардид ва инчунин омӯзгорони эҷодкори донишкада дар 15 намоиши сатҳи дохилидонишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, асарҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Лоиқ ба таъкид аст, ки моҳи декабри соли 2019 дар Осорхонаи санъати Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин намоиши санъати портрет таҳти унвони “TOUR -PORTRAIT” бо иштироки давлатҳои аъзои СҲШ кушода шуда то 20 марти соли 2020 идома ёфт. Дар намоиши мазкур асарҳои омӯзгорони донишкада Исуф Сангов, Сабзалӣ Шарифов, Мизроб Холов, Фаррух Хоҷаев, Акмал Миршакаров, Карим Наҷмиддинов, Аҳтам Сафаров, Бахтиёр Одиназода, Беҳзод Боймуродов ва дигарон ба маърази тамошо гузошта шуданд. Роҳбарии намоиши мазкурро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба уҳда дошт.
Соли ҷорӣ пас аз ба истифода додани толори фарҳангии донишкада бори аввал моҳи январи соли ҷорӣ, бахшида ба 60 солагии рассом – Хоҷаев Фаррух Собирович, намоиши асарҳояш таҳти унвони “Муҳаббат ба ҳаёт” ташкил карда шуд. Моҳи феврали соли ҷорӣ бошад дар толори мазкур, намоиши асарҳои наққошии омӯзгорон ва донишҷӯён таҳти унвони “Кундал” гузаронида шуд.
Ҳамасола раёсати донишкада бо мақсади ҷашнгирии рӯзи таъсисёбии он, ки ба ҷашни байналмилалии “Наврӯз” рост меояд, барномаи чорабиниро таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз” амалӣ намуда истодааст. Имсол ин чорабинӣ дар толори фарҳангии донишкада бо намоиш гузоштани корҳои эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯён бо даъвати васеи меҳмонон ва инчунин ташкили Фестивали муд-2020 таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз”, ки дар он коллексияи либосҳои бонувонаи донишҷӯён ба намоиш оварда шуданд, баргузор гардид. Натиҷаи ин намоиш дар шакли китоб-каталог омодаи чоп аст. Инчунин, устодони донишкада, аз ҷумла Наҷмиддинов К.А., бо шогирдон дар озмунҳои таҳияи рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ иштирок ва ғолиб омадаанд.
Дар нимсолаи аввали соли ҳисоботӣ дар бахши магистратура 45 нафар магистрант таҳсил менамуд, ки аз ин 30 нафар дар курси 1 ва 15 нафар дар курси 2 буданд
Дар зинаи магистратура ҷараёни имтиҳони давлатии хатм бомуваффақият анҷом ёфт ва дар даври аввал аз 14 хатмкунанда, ба 10 нафари онҳо муяссар гардид, ки рисолаи магистрии худро ҳимоя кунанд. Даври такрорӣ моҳи августи соли 2020 гузаронида шуд, ки аз 4 нафари боқимонда дар он 2 нафар иштирок намуда, рисолаи магистрии худро ҳимоя карданд.
Дар назди факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ шуъбаи тайёрӣ бо назардошти таваҷҷуҳи зиёд барои омӯзиши ёдгориҳои таърихӣ ва инкишоф додани анъанаҳои миллӣ, бедор кардани муҳаббат ба санъати тасвирӣ ва аз худ кардани асосҳои он, тайёр намудани рассомони касбӣ маркази бачагонаи рассомӣ ва курсҳои кутоҳмуддати дӯзандагӣ фаъолият менамояд. Мақсад аз ин омодагӣ барои дар оянда дохил шудан ба донишкада, баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷавонону хонандагон ва наврасон аз рӯйи малакаю истеъдод ва майлу рағбат, зиёд гардонидани шавқу рағбати хонандагон ба санъати тасвирӣ ва дизайн мебошад.
. Бо вуҷуди он ки бисёр фанҳои таълимӣ хусусияти тарбиявӣ доранд, дар донишкада бо мақсади тарбияи наврасону ҷавонон тибқи нақша чорабиниҳои зиёде баргузор карда шуд.
.Дар моҳи январ дар толори донишкада баргузор намудани семинар дар мавзӯи “Баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва бофандагӣ” бо ташаббуси Ташкилоти созмони миллал оид ба рушди саноат (ЮНИДО) ва рӯзҳои “Дарҳои кушод” (аз 22 январ то 02 феврал) бо намоиши корҳои эҷодии санъати тасвирӣ, ороишӣ-амалӣ, ҳунарҳои халқӣ ва дизайн омӯзгорону донишҷӯён, дар моҳи феврал маҷлиси васеи сарпарастони гурӯҳҳои академии донишкада дар мавзӯи “Пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва хавфи он ба ҷомеаи имрӯза”, вохӯрии ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар дар мавзӯи ҳамкорӣ миёни донишкада ва донишкадаҳои санъати тасвирӣ ва дизайни Фаронса, вохӯрии ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода бо сафири Туркия дар Тоҷикистон ҷаноби Рафъат Куксал, роҳбари Агентии Туркия оид ба рушд ва ҳамкорӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон Тариқ Мэтэ ва сардори Департаменти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Кавкази Агентии Туркия оид ба рушд ва ҳамкорӣ Алӣ Уз Тюрк масъалаи ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба номгӯи ками ин чорабиниҳо ба шумор меравад.
Хулоса, дар давоми сол дар донишкада зиёда аз 50 чорабиниҳои сиёсӣ, илмӣ, эҷодӣ ва фарҳангӣ гузаронида шудааст.
Бо мақсади рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, раёсати донишкада дар давраи фаъолияти кории худ аз соли 2013 то инҷониб бо 8 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ равобити ҳамкорӣ дорад.
Инчунин, имзои созишномаҳои ҳамкорӣ бо як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тахассусии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва дигар дар назар аст.
Ҳамзамон, дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2019-2020 дар донишкада аз ҷониби санъатшиносони Ҷумҳурии Литва Адриус Климас ва Алвидас Климас, аз давлати Ҷопон хонум Каори Мори дарсҳои маҳорат гузаронида шуд.
Аз моҳи январи соли 2020 донишкада бо барномаи “Эразмус”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, омӯзиши касбӣ ва рушди ҷавонон ба ҳисоб меравад, ҳамкорӣ намуда истодааст.
Соли ҳисоботӣ дар фестивал – озмуни фарҳангии донишҷӯён “Истеъдод” миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе ва аввалин фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод” донишҷӯи бахши дуюми донишкада – Нарзуллоева Нилуфар иштирок намуда сазовори ҷойи намоён гардид.
Дар ин давра 35 нафар омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада аз ҷониби Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуд. Омӯзгори кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ Боронова С., дар озмуни “Муаллими сол” дар соли 2019 ғолиб омада, соҳиби ҷоиза гардид. Ҳамчунин донишҷӯи курси 3-юми факултети санъати тасвирӣ Саидов Абдусамад аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоизаи “Донишҷӯи беҳтарини сол” қадрдонӣ карда шуд. Моҳи декабри соли 2019 донишҷӯи курси 4 факултети санъати тасвирӣ Раҳимов Музафар дар озмуни аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, иштирок сазовори ҷойи аввал гардид.
Пардохти музди меҳнати кормандон дар донишкада аз рӯйи басти кории тасдиқгардида ва нақшаи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва суратҳисоби махсус ба роҳ монда шуда, музди меҳнати миёнаи ҳайати кормандони донишкада – 1573 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2018 (1275 сомонӣ) -23% зиёд мебошад.
Дар нимсолаи аввали ҳисоботӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои хобгоҳи донишкада бо тарҳ ва намои муосир таъмир шуда, ҳуҷраҳои истиқоматӣ дорои тамоми шароити будубош мебошанд. Он аз чор ошёна иборат буда, дорои ҳаммом, утоқҳои маишӣ, ошхонаҳо, толор, китобхона бо фонди электронӣ ва утоқи ҷомашӯӣ мебошад. Дар баробари ин дар бинои хобгоҳи донишкада маркази бачагонаи рассомӣ ташкил карда шуда, дорои беҳтарин шароит барои таълим мебошад. Дар назди хобгоҳ майдончаи замонавии варзишӣ ба истифода дода шуда барои гузаронидани бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои донишкада корҳои таъмиру сохтмонӣ ба итмом расида, дар натиҷа 11 синфхона, 10 утоқи корӣ, 1 утоқ барои шуъбаи методӣ, як толор бо 400 ҷойи нишаст ва 2 устохонаи замонавӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ шуд. Бо мақсади сохтани шакли электронии лоиҳаҳо ва омӯхтани баъзе барномаҳои компютерӣ дар синфхонаи 214, ки ба кафедраи дизайн ва меъморӣ тааллуқ дорад, 9 адад компютерҳои пуриқтидори замонавӣ насб карда шуд. Дар синфхонаҳои таълимӣ зиёда аз 20 адад тахтаҳои электронӣ васл ва саҳни бинои донишкада ба масоҳати 570 метри мураббаъ ба тартиб дароварда бо сафолакҳо оро дода шуд.
Дар самти кабудизоркуни бинои таълимӣ ва хобгоҳи донишкада ба масоҳати 700 м2 алафҳои ҳамешабз, 600 адад гулҳои мавсимӣ, 30 бех дарахт шинонида шуд. Мунтазам аз ҷониби кормандон ва донишҷӯён шанбегиҳо гузаронида мешавад.
Дар нимсолаи дуюм бошад трансформатори дар таҳхонаи бино ҷойгир буда, ба саҳни ҳавли кӯчонида шуда, дар бинои таълимии донишкада маркази тестӣ, ки дорои 30 адад компютер ва синфхонаи (устохона) нави бофандагӣ ташкил карда шуданд.
Дар баромади ректори донишкада дар самти таълим, илм ва корҳои эҷодӣ як қатор камбудиҳо дарҷ гардиданд. Аз ҷумла:
– санадҳои дохилии меъёрии ҳуқуқии раванди таълим то ҳол ба пуррагӣ ҷой надоранд.
– ҳангоми амали сохтани раванди таълим дар донишкада баъзан аз ҷониби масъулин талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф пурра риоя карда намешаванд, хусусан дар сатҳи факултет ва кафедраҳо.
– дар донишкада фаъолияти бахши идоракунии сифати таҳсилот ба талабот ҷавоб дода наметавонад.
– санадҳои дохилии меъёрии ҳуқуқии раванди илм ва корҳои эҷодӣ, хусусан тартиби навиштани мақола вобаста ба ихтисосҳои донишкада, то ҳол ба пуррагӣ ҷой надоранд.
– дар донишкада омӯзгорон ва кормандон ба корҳои илмию эҷодӣ диққатӣ кам зоҳир менамоянд.
– то ҳол масъалаи паёми донишкада ҳалли худро наёфтааст.
Ҳамаи ин ва дигар камбудиҳои дарҷгардида вазифаҳои донишкадаро барои оянда муайян менамояд.
Дар Шӯро инчунин воҳидҳои кории ҳайати профессорону омӯзгорон, ҳайати маъмурияти донишкада ва харҷномаи даромаду хароҷотҳои маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои соли таҳсили ҷорӣ тасдиқ карда шуданд.