Friday, May 9, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон

АФСӮС, КИ МО ЗИНДАБУЗУРГОН НАШИНОСЕМ

01.04.2020

Дар бораи рассом Фаррух Хоҷаев гуфтан ё навиштан ба мо гаронӣ мекунад. Зеро хело барвақт шогирдонашро танҳо гузошта рафт. Баъди вафоташ дар рӯзи ёдубуд ва намоиши асарҳояш дар сифати ӯ суханҳои шоистаю сазовор ва арзанда гуфтанд. Ҳар як асари пешниҳодшудааш ҷаҳон- ҷаҳон маънӣ дошт. Пас аз шиносоӣ бо асарҳояш мо Фаррухро барои худ аз нав кашф кардем ва беш аз пеш хубтар дарк намудем, ки рассом Фаррух Хоҷаев кист?

Қаҳрамони мо дар Душанбеи адабпарвару маърифатхез дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Азбаски дар хонаводааш муҳити адабӣ, шеъру шоирӣ ва мусиқӣ ҳамеша ҳукмфармо буд, Фаррух аз синни наврасӣ ба зебоӣ ва нафосат таваҷҷуҳ пайдо кард. Чун падару модар диданд, ки писарашон ба олами зебоӣ – рассомӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад, тамоми шароитҳоро барояш муҳайё карданд. Баъди хатми мактаби миёна Фаррух донишҷӯйи Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимови шаҳри Душанбе шуд. Таҳсил дар коллеҷ ноаён мегузашт. Рассоми оянда дар ин даргоҳи ҳунар аз бузургтарин рассомони Тоҷикистон нозукиҳо ва асрори санъати рассомиро омӯхт. Пас аз хатми коллеҷ Фаррух Хоҷаевро ба ҳайси рассом дар нашриёти « Ирфон» ба кор гирифтанд. Рассоми ҷавон бо як дилгармӣ ба кор шурӯъ кард. Бо омӯзиш аз таҷрибаи  устодони соҳа ҳунараш сол то сол сайқал меёфт. Якчанд китоб аз сеҳри қаламаш рангу тобиши тоза гирифтанд.

Роҳбарияти нашриёти «Ирфон» қобилият ва меҳнатдӯстии Фаррух Хоҷаевро ба назар гирифта, ӯро барои таҳсил ба Донишкадаи полиграфии ба номи И. Федорови  шаҳри Лвови Ҷумҳурии Украина фиристоданд. Фаъолияти эҷодии ӯ асосан пас аз хатми донишкада аз соли 1988 оғоз ёфтааст. Дар баробари эҷоди асарҳои пурмазмун ва баландғоя Ф. Хоҷаев ҳамчун рассом – омӯзгор дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, ки худ қабл аз таҳсил дар донишкада онро хатм намуда буд,  аз фанни графика ба донишҷӯён дарс мегуфт. Вақте ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таъсис ёфт, рассом Фаррух Хоҷаев барои идомаи кори омӯзгорӣ ба он  ҷо омад.

Ҳамин тавр, беҳтарин давраи ҳаёт ва эҷодиёти Фаррух Хоҷаев дар ин донишкадаи бонуфуз гузашт. Ӯ солҳои 2014 – 2016 мудири кафедраи графика ва соли  2019 декани факултети санъати тасвирӣ шуда кор кардааст.

Дар давоми шаш соли фаъолияти пурсамар дар донишкада Фаррух Хоҷаев шогирдони зиёдеро тарбия намуд, ки имрӯзҳо дар донишкада, коллеҷи рассомӣ ва нашриётҳои давлатӣ кор мекунанд. Шогирдон давомдиҳандаи умри устодашон мебошанд.

Асарҳои рассом Фаррух Хоҷаев ҷаҳон – ҷаҳон маънӣ ва рози нуҳуфта доранд, касро тасхир карда, ба олами зебои афсонавӣ мебаранд. Инсонро танҳо санъати воло тасхир карда метавонад.

Рассоми борикбину рангинхаёл Фаррух Хоҷаев дар ҳамаи жанрҳои санъати тасвирӣ (манзаранигорӣ, натюрморт, мифалогӣ, асотирӣ ва графика) асар эҷод намуда бошад ҳам, дар санъати графика бештар комёб шудааст. Дар ин ҷода аз устодаш рассоми шинохта Самандар Турдиев бисёр ёдоварӣ менамуд:

-Азбаски кори мо ҳунармандист,- нақл мекард Фаррух,- мо дар рафти суҳбат бо устод Самандар Турдиев дар мавзӯи композитсия фикрҳои ҷолибро дар ангораҳо, қоғазҳои тасвирӣ муҳокима мекардем. Тамоми фаоълияти ман бо устоди арҷманд Самандар Турдиев пайванд буд.

Маврид ба зикр аст, ки 13 январи 2019 дар меҳмонхонаи “Серена “- и пойтахт дар рӯзи мавлуди Самандар Турдиев  намоиши асарҳои графикии ӯ барпо гардид.  Ин аз эҳтироми пайвандони ҳунар нисбати устод ва маҳбубияти ӯ шаҳодат медод.

Мо дар бисёр намоишҳои эҷодии Фаррух Хоҷаев, аз ҷумла. «Малика Клеопатра»,  «Даная» (соли 2008), «Гулҳо», «Каждум» (2012),  «Симурғ», «Нардбон», «Шутури тиллоӣ» (1997), «Лӯхтак» (2001), «Оромӣ» (2004), «Наҳорӣ» (2008), «Баҳор» (2010), «Гули Наргис» (2011), «Парвоз» (2015), «Уднавоз» (2016), «Интизорӣ» (2018) иштирок мекардем ва аксари офаридаҳояш диққати моро ба худ ҷалб мекард.

Дар суҳбате пурсидем, ки чӣ тавр ба ӯ муяссар гашт, ки бо усули реалӣ ва мифологӣ асарҳои хубу диданӣ офарад. Бо табассум гуфт, ки  «Агар одам кӯшиш намояду заҳмат кашад, аз уҳдаи тамоми кор мебарояд”. Бештари асарҳояш дар жанри мифология ( устура, афсона), эҷод шудаанд. Ғайр аз ин рассом Хоҷаев Фаррух дар тасвири усули литография, офорт ва ороиши рӯи китоб нақши назаррас дорад. Зеро чандин сол дар нашриёти «Ирфон» кор кардааст.

Дар Анҷумани иттифоқи рассомони Тоҷикистон (24 августи соли 2012) Фаррух Хоҷаев раиси иттифоқ интихоб шуд. Ӯ айёме масъулияти ин вазифаро ба уҳда гирифт, ки иттифоқро хатари парокандашавӣ таҳдид мекард. Раиси нав тавонист, ки рассомонро дар муддати кӯтоҳ муттаҳид кунад. Дар давраи роҳбариаш чандин намоиши асарҳои рассомони тоҷик дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар  баргузор гардиданд. Рассомони тоҷик ба нигористонҳои собиқ понздаҳ ҷумуҳурии бародарӣ роҳ ёфтанд. Дар ҷумҳурӣ оид ба инкишофи санъати рассомии тоҷик ташкили семинару конференсияҳои ҷумуҳуриявӣ роҳандозӣ шуданд. Рассомони тоҷик бо мукофотҳои давлатӣ сазовор мегардиданд. Соли 2015 дар шаҳри Москва китобҳои “Санъати тасвирии Тоҷикистон“, “Ҳафтранг” ва дастури методии “Санъати графика” нашр шуданд, ки барои донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ ва коллеҷҳо хеле заруранд.

Азбаски устод Фаррух Хоҷаев таърихи санъати тасвириро ба дараҷаи баланд аз худ карда буд, дар ҳамаи намуди санъати тасвирӣ ва ороишӣ мусавварҳои баландмазмун эҷод менамуд. Бисёртар асарҳои рассом Фаррух дар жанри мифологӣ дар мавзӯи асотирӣ эҷод гардидаанд. ”Аноргул” соли 2015, ”Мурғи Ҳумо” 2010, “Интизорӣ” ва “Дует” соли 2018 бо хусусиятҳои шоирона, эҳсосоти баланд ва ҷустуҷӯи эҷодӣ аз дигарон фарқ мекунанд. Ӯ дар офаридани образҳои рамзӣ хеле моҳир буд.

Рассом Фаррух Хоҷаев дар асари “Аноргул” рамзи гули анорро дар тимсоли ҷавонзани зебо, нозанин, бо қаду қомати мавзуну либоси миллӣ дар омезиши замонавӣ тасвир намудааст. Дар марказ қаду қомати тасвиршавандагон мавзун, равшан, андоми онҳо дар заминаи марѓзори сурхи сиёҳтоб тасвир шуда, аёнтар намудоранд. Хоҷаев мунтазамии хатҳо ва суробҳоро баробарвазн нигоҳ дошта, онҳоро муттаҳид намудааст. Дар композитсияи асар ӯ хатҳои мураккаби навои мусиқидоштаро чун воситаи хурӯшони табъи инсон дар мадди аввал гузошта, занро бо симои ошиқона,  монанди гули анор инъикос намудааст.

Дар навои мусиқии дутори миллӣ маъшуқа ба маъшуқ изҳори муҳаббат мекунад, ки дар ин ҷо рассом аз сужаи асар ба хубӣ баромадааст. Интихоби ранг дар офариниши либоси занона, шакли матоъ чун пардаҳои ҳифзкунандаи донаҳои анор басо ҷилорангу зебо ва назаррабою дилчасп ба назар мерасад. Асари тасвирнамудаи рассом мазмунан ишқу муҳабат, назокату нозофарӣ ва маҳбубияти ҷинси  латифро ифода мекунад.

Дар мусаввараи ” Мурғи Ҳумо” рассом муносибати ҳиссиёти зебоӣ ва рӯҳбаландиро мавзӯи худ қарор додааст. Тибқи асотир,  мурғи Ҳумо як бор пайдо мешавад ва бисёр ҳам зебо буда, агар болои сар ё китфи одам нишинад, он кас подшоҳ мешавад.

Рассом Фаррух Хоҷаев дар ин асар усули ороишро пеша намуда, бофти мӯйҳои тиллоранги маликаро чун нақши болу пари мурғи Ҳумо ба тасвир кашидааст. Малика мисли мурғи Ҳумо дар ҳаракат аст. Дар ин ҷо рассом бо истифода аз дурнамо ( перспектива), қасри маликаро бо ранги нафиси пасти кабуд ва аз пеш табақу кӯзаи тиллоиро аккосӣ кардааст.Тасвир дар таносуби сатҳи беканори гумбазу равоқҳо иҷро шуда, муаллиф томияти онҳоро нигоҳ доштааст. Ҷилои мӯйҳои тиллоранги соҳибҷамол зеби асар буда, бо ранги сабзтобу нилобӣ ва қаҳаваранг мутаносиб афтодаанд. Рассоми ботаҷриба барои ифодаи мавзунии тасвир аз рангҳои нафис истифода карда, саъю кӯшиш ба харҷ додааст, ки тимсоли зебоӣ офарад. Зебоӣ ва кулли назарбозии рангҳо ифодагари боварии башарият бар пирӯзиҳост.

Аз ин бармеояд, ки Фаррух Хоҷаев дар ифодаи хушандомӣ, интихоби рангҳо ва тасвир дар мавзӯи лирикӣ миёни рассомони тоҷик ҷойгаҳи хоса дорад.

Ҳамчунин метавон гуфт, ки рассом озодии занро дар даврони атиқа ба риштаи тасвир кашидааст. Ӯ хоб мебинад ва худро дар боғи биҳишт  мисли мурғи Ҳумо озод дар парвоз ва ё дар қасри зебо дар тан либоси ҳарир дар айшу тараб тасаввур мекунад.

Ба ҳайси дотсент Ф. Хоҷаев ғайр аз корҳои эҷодӣ дар тарбияи донишҷӯён низ саҳми калон дошт. Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба шогирдон дарс мегуфт. Бисёри шогирдонаш дар соҳаи рангнигорӣ ва графика  кору фаъолият доранд. Корҳои дипломии шогирдонаш дар соҳаи графика дар донишкада хеле ҳам бо санъати баланд тасвир шуда, баҳои баланд гирифтаанл.

Дар рафти машғулиятҳо ва дарсҳо бисёр мекӯшид, ки шогирдонаш аз нозукиҳо ва талаботи композитсия моҳирона истифода намоянд ва аз байнашон дар оянда рассом-графики хуб бароянд.

Рассоми шинохта ва омӯзгори ботаҷриба Фаррух Хоҷаев гарчанде, ки имрӯз дар байни мо набошад ҳам, асарҳои офаридаи ӯ дар дилу дидаҳо ҷо шуда, абадӣ зинда хоҳанд монд.

Дар натиҷаи пажуҳиш ба чунин хулоса омадем, ки рассом Хоҷаев Фаррух дар санъати графика ва рангнигорӣ хеле комёб шудааст. Мусаввараҳои устод бештар дар мавзӯи асотирӣ эҷод гардидаанд. Ӯ бо воситаҳои жанрҳои мусаввирӣ, хиромидани андомҳо, пурталотумии ботинӣ, серҳаракатии хатҳо шакл ва мавзунии ҳаракати қаҳрамононро ифода кардааст. Инчунин ӯ бо истифода аз қонунҳои асоси композитсия, маҷмӯи рангҳо  ва баробарвазнии рангҳои гарму сард дурнамои нақш – сужаи асарро боз ҳам назаррас мекунад, ки аз маҳорати рассом гувоҳӣ медиҳад.

Мо, ҳампешагон давоми умри пурбаракати рассом, омӯзгор, устоди касб Фаррух Хоҷаевро дар асарҳояш, дар дастпарваронаш ва фарзандони сазовораш ба номи падар мебинем.

Афсӯс, ки мо зиндабузургон нашиносем,

Он гаҳ шиносем, ки гӯянд: “Куҷо шуд? ”.

Ҷамшед  Ғанизода, номзади илмҳои меъморӣ, 

               Бика Ёғибекова, фарҳангшинос

Ба қафо

Фестивали муд-2020

Ба пеш

ФЕСТИВАЛИ МУД-2020 «АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ»

Ба пеш
ФЕСТИВАЛИ МУД-2020 «АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ»

ФЕСТИВАЛИ МУД-2020 «АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ»

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ 04.04.2025
  • К-ИН САБЗА, КИ ИМРӮЗ ТАМОШОГАҲИ ТУСТ…. 24.03.2025
  • ТАБРИКОТИ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 20.03.2025
  • Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб 19.03.2025
  • ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ЭҶОДИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА 18.03.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37
 Моб: (+992 37) 93-335-19-85; 91-100-10-92
 Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон